Check out the new design

Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer * - Index van vertaling


Vertaling van de betekenissen Surah: Faatir   Vers:

Фотир

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ جَاعِلِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُوْلِيٓ أَجۡنِحَةٖ مَّثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۚ يَزِيدُ فِي ٱلۡخَلۡقِ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
1.Ҳама ситоишҳо[2127] аз они Аллоҳ аст, ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Фариштагонро ба сӯи бандагонаш паёмоваранда қарор додааст, дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, ки бо он болҳо барои расонидани амри Аллоҳ парвоз мекунанд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Бегумон Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.
[2127] Яъне, ситоиш барои Аллоҳе, ки тамоми сифатҳояш комил ва бенуқсон аст ва низ ситоиш ба неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявии Ӯ.
Arabische uitleg van de Qur'an:
مَّا يَفۡتَحِ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ مِن رَّحۡمَةٖ فَلَا مُمۡسِكَ لَهَاۖ وَمَا يُمۡسِكۡ فَلَا مُرۡسِلَ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
2. Ҳар раҳмате, ки Аллоҳ барои мардум бикушояд,[2128] касе наметавонад онро боз дорад. Ва он чиро боздорад касе ҷуз Ӯ наметавонад онро равон созад. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким, аз ин рӯ на дар коре оҷиз мемонад ва на кореро бидуни ҳикмат анҷом медиҳад![2129]
[2128] Аз тамоми намуди неъматҳояш: мисли борон, ризқ, саломатӣ, илм ва дигар неъматҳо. [2129] Тафсири Табарӣ 20\437
Arabische uitleg van de Qur'an:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡۚ هَلۡ مِنۡ خَٰلِقٍ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ
3. Эй мардум, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ додааст бо дилу забон ва узвҳои хеш Ӯро, ёд кунед. Оё ҷуз Аллоҳ офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмон борон ва аз замин об ва маъданҳо рӯзӣ диҳад? Аллоҳи барҳақ, ҷуз Ӯ маъбуди дигаре нест, пас чӣ гуна аз тавҳид ва ибодати Ӯ бероҳа мешавед?
Arabische uitleg van de Qur'an:
 
Vertaling van de betekenissen Surah: Faatir
Surah's Index Pagina nummer
 
Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer - Index van vertaling

Vertaald door Khodja Mirov Khodja Mir. Ontwikkeld onder supervisie van het Centrum van Pionier Vertalers, de originele vertaling is beschikbaar voor inzage, beoordeling en voortdurende verbetering.

Sluit