Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja * - Index van vertaling


Vertaling van de betekenissen Surah: Soerat Al-Fat'h (Overwinning)   Vers:

Сураи Фатҳ (Пирӯзӣ)

إِنَّا فَتَحۡنَا لَكَ فَتۡحٗا مُّبِينٗا
1. Ҳароина, Мо барои ту (эй Паёмбар) пирӯзӣ ва ғалабаи намоёнеро ҳукм кардем. (Яъне, нусрат медиҳад Аллоҳ туро бар душманат ва он сулҳи Ҳудайбия мебошад, ки мардум ба сабаби он дар амон монданд, пас доираи даъват ба Ислом васеъ шуд ва мардум дар ин муддат ба дини Ислом гӯруҳ гӯруҳ дохил шуданд. Пас ба ҳамин сабаб Аллоҳ таъоло ин пирӯзиро, пирӯзии намоён ва ошкор номид.)[2608]
[2608] Тафсири Саъдӣ 1/ 791
Arabische uitleg van de Qur'an:
لِّيَغۡفِرَ لَكَ ٱللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنۢبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ وَيُتِمَّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَيَهۡدِيَكَ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا
2. Оқибати фатҳ он аст, ки Аллоҳ таъоло гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад, (ба сабаби он чи ҳосил шуд дар ин фатҳ аз тоъатҳои бисёр ва ба дӯш гирифтанат машаққатҳои бисёреро) ва неъмати худро бар ту тамом кунад[2609] ва туро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
[2609] Яъне, динатро зоҳир намояд ва туро бар душманонат пирӯз гардонад.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيَنصُرَكَ ٱللَّهُ نَصۡرًا عَزِيزًا
3.Ва то туро нусрату ёрӣ диҳад, ёрӣ кардани пирӯзмандонае, ки Ислом заъиф нашавад.[2610]
[2610] Тафсири Табарӣ 22\203
Arabische uitleg van de Qur'an:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ لِيَزۡدَادُوٓاْ إِيمَٰنٗا مَّعَ إِيمَٰنِهِمۡۗ وَلِلَّهِ جُنُودُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا
4. Ӯст Аллоҳе, ки итминону оромишро рӯзи Ҳудайбия ба дилҳои мӯъминон фиристод, то имоне бар имонашон бияфзоянд. Ва аз они Аллоҳ таъолост лашкарҳои осмонҳову замин, ба воситаи онон бандагони мӯъминашро пирӯз мегардонад.Ва Аллоҳ донову ҳаким аст,[2611]
[2611] Тафсири Саъдӣ 1/ 791
Arabische uitleg van de Qur'an:
لِّيُدۡخِلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَيُكَفِّرَ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عِندَ ٱللَّهِ فَوۡزًا عَظِيمٗا
5. то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он аз зери дарахтон ва қасрҳорӯдҳоҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунад. Ва ин дар назди Аллоҳ комёбии бузургест!
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيُعَذِّبَ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ وَٱلۡمُشۡرِكَٰتِ ٱلظَّآنِّينَ بِٱللَّهِ ظَنَّ ٱلسَّوۡءِۚ عَلَيۡهِمۡ دَآئِرَةُ ٱلسَّوۡءِۖ وَغَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَلَعَنَهُمۡ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَهَنَّمَۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرٗا
6. Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки дар ҳаққи Аллоҳ гумони бад[2612] мебаранд, азоб кунад. Гардиши бади рӯзгор бар онон бод!Ва Аллоҳ бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам бад саранҷомест!
[2612] Яъне, Аллоҳ паёмбари худ ва мӯъминонро нусрат намедиҳад. Тафсири Саъдӣ 1/ 791
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلِلَّهِ جُنُودُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا
7. Ва аз они Аллоҳ таъолост лашкарҳои осмонҳову замин ба воситаи онон бандагони мӯъминашро пирӯз мегардонад. Ва Аллоҳ таъоло бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон бо ҳикмат аст!
Arabische uitleg van de Qur'an:
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ شَٰهِدٗا وَمُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا
8. Ҳароина, туро эй Паёмбар гувоҳидиҳанда бар умматонат, муждадиҳанда ба ҷаннат, касеро, ки туро итоъат кунад ва бимдиҳанда ба азоб, касеро, ки туро нофармонӣ кунад, фиристодаем
Arabische uitleg van de Qur'an:
لِّتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُعَزِّرُوهُ وَتُوَقِّرُوهُۚ وَتُسَبِّحُوهُ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلًا
9.То ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва ёрии Аллоҳ кунед, ба нусрат додани динаш ва бузургаш доред ва Аллоҳро дар аввали субҳ ва шом тасбеҳ гӯед.
Arabische uitleg van de Qur'an:
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ ٱللَّهَ يَدُ ٱللَّهِ فَوۡقَ أَيۡدِيهِمۡۚ فَمَن نَّكَثَ فَإِنَّمَا يَنكُثُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَوۡفَىٰ بِمَا عَٰهَدَ عَلَيۡهُ ٱللَّهَ فَسَيُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا
10.Ҳароина, онон, ки бо ту эй Паёмбар байъат (аҳд) мекунанд ба ҷанги душман, дар Ҳудайбия, ҷуз ин нест ки бо Аллоҳ байъат мекунанд. Дасти Аллоҳ болои дастҳояшон аст[2613]. Пас ҳар кӣ он паймонро бишканад, албатта, бар зиёни худ паймон мешиканад. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Аллоҳ бастааст, вафо кунад (яъне сабр кунад дар муқобили душман дар роҳи Аллоҳ ва нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), пас ӯро музди некӯ (ҷаннат) диҳад.[2614]
[2613] Яъне, Ӯтаъоло ҳамроҳи онон аст, суханҳояшонро мешунавад ва маконашонро мебинад. Тафсири Табарӣ 22/ 210
[2614] Дар ин оят исботи сифати дасти Аллоҳ омадааст, ки лоиқ ба бузургии Худаш мебошад, бе мисл ва монандӣ.
Arabische uitleg van de Qur'an:
سَيَقُولُ لَكَ ٱلۡمُخَلَّفُونَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ شَغَلَتۡنَآ أَمۡوَٰلُنَا وَأَهۡلُونَا فَٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَاۚ يَقُولُونَ بِأَلۡسِنَتِهِم مَّا لَيۡسَ فِي قُلُوبِهِمۡۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ لَكُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ بِكُمۡ ضَرًّا أَوۡ أَرَادَ بِكُمۡ نَفۡعَۢاۚ بَلۡ كَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرَۢا
11.Эй Паёмбар! Аз аъроби бодиянишин онон, ки аз рафтан ба сӯи Макка бо ҳамроҳи ту қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву молу мулкамон моро аз баромадан бо ҳамроҳи ту боздоштаанд, пас барои мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Пас агар Аллоҳ бароятон зиёне бихоҳад ё нафъе бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Аллоҳ онро дигаргун кунад?» На он тавр аст, ки мунофиқон мепидоранд, ин ки Аллоҳ таъоло он чизеро, ки дар дилҳояшон пинҳон мекунанд аз нифоқ намедонад. Балки Ӯ таъоло огоҳ буд ба он чӣ мекардед. Ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагон аз Ӯ пинҳон намемонад! [2615]
[2615] . Тафсири Табарӣ 22/ 211
Arabische uitleg van de Qur'an:
بَلۡ ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَنقَلِبَ ٱلرَّسُولُ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِلَىٰٓ أَهۡلِيهِمۡ أَبَدٗا وَزُيِّنَ ذَٰلِكَ فِي قُلُوبِكُمۡ وَظَنَنتُمۡ ظَنَّ ٱلسَّوۡءِ وَكُنتُمۡ قَوۡمَۢا بُورٗا
12. Балки мепиндоштед, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминон ҳаргиз аз ин сафарба хонаҳояшон боз нахоҳанд гашт ва шайтон ин гумони бадро дар дилҳоятон зиннат дод. Ва бисёр гумони бад кардед, ки Аллоҳ паёмбарашро нусрат намедиҳад. Ва ба ин сабаб гаштед гӯруҳи ҳалок гашта.[2616]
[2616] . Тафсири Табарӣ 22/ 213
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَمَن لَّمۡ يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ فَإِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَعِيرٗا
13.Ва ҳар кас ба Аллоҳу паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон наёвардааст, пас ҳамоно ӯ кофир ва сазовори азоб аст ва бидонад, ки ҳароина, барои кофирон оташи сӯзоне омода кардаем.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
14. Ва аз они Аллоҳ таъолост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш меомурзад ва ҳар киро бихоҳад ба адлаш, азоб мекунад ва Аллоҳ таъоло омӯрзандаи тавбакунандагон ва меҳрубони онҳост!
Arabische uitleg van de Qur'an:
سَيَقُولُ ٱلۡمُخَلَّفُونَ إِذَا ٱنطَلَقۡتُمۡ إِلَىٰ مَغَانِمَ لِتَأۡخُذُوهَا ذَرُونَا نَتَّبِعۡكُمۡۖ يُرِيدُونَ أَن يُبَدِّلُواْ كَلَٰمَ ٱللَّهِۚ قُل لَّن تَتَّبِعُونَا كَذَٰلِكُمۡ قَالَ ٱللَّهُ مِن قَبۡلُۖ فَسَيَقُولُونَ بَلۡ تَحۡسُدُونَنَاۚ بَلۡ كَانُواْ لَا يَفۡقَهُونَ إِلَّا قَلِيلٗا
15. Эй Паёмбар, чун ба қасди ғаниматҳои ғазваи Хайбар равона шудед, ба зудӣ барҷоймондагон[2617] хоҳанд гуфт: Бигзоред моро то бо шумо равем сӯӣ Хайбар. Мехоҳанд тағйир бидиҳанд ваъдаи Аллоҳро. Бигӯ ҳаргиз наравед бо мо сӯи Хайбар: зеро Аллоҳ ба мо пеш аз омаданамон ба сӯи Мадина, гуфта буд, ки ҳамоно ғаниматҳои Хайбар, аз они он шахест, ки дар Ҳудайбия иштирок кардааст.[2618] Пас мунофиқон хоҳанд гуфт: Не, Аллоҳ чунин амр накардааст шуморо, балки шумо ҳасаду бахили мекунед ба мо[2619]. Не! (воқеъан чунин нест), балки ҳақиқат ин аст, ки мунофиқон ба ҷуз андаке чизе дарёфтанӣ надоранд, чи чиз дар дин барояшон фоида меорад ва чи чиз зарар.
[2617] Аз ҷанг гурезони ақибнишин
[2618] Тафсири Табарӣ 22/215
[2619] То мо ҳам аз ғаниматҳо баҳраманд шавем. Тафсири Табарӣ 22/218
Arabische uitleg van de Qur'an:
قُل لِّلۡمُخَلَّفِينَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ سَتُدۡعَوۡنَ إِلَىٰ قَوۡمٍ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ تُقَٰتِلُونَهُمۡ أَوۡ يُسۡلِمُونَۖ فَإِن تُطِيعُواْ يُؤۡتِكُمُ ٱللَّهُ أَجۡرًا حَسَنٗاۖ وَإِن تَتَوَلَّوۡاْ كَمَا تَوَلَّيۡتُم مِّن قَبۡلُ يُعَذِّبۡكُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا
16.Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг ба сӯи мардуми сахт нерӯмандедаъват карда мешавед, ки бо онҳо меҷангед ё мусалмон мешаванд. Пас агар итоъат кунед, Аллоҳ подоши некӯ (ҷаннат) хоҳад дод ва агар рӯй баргардонед аз ҷанг ҳамчуноне ки пеш аз ин ақибнишинӣ кардед аз рафтан бо Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сӯи Макка, шуморо ба азоби дардовар азоб мекунад».[2620]
[2620] Яъне, бо ҳамроҳи Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Макка нарафтед. Тафсири ибни Касир 7/339
Arabische uitleg van de Qur'an:
لَّيۡسَ عَلَى ٱلۡأَعۡمَىٰ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡأَعۡرَجِ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرِيضِ حَرَجٞۗ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَمَن يَتَوَلَّ يُعَذِّبۡهُ عَذَابًا أَلِيمٗا
17.Эй мардум бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест дар нарафтани ба ҷиҳод ҳамроҳи мӯъминон, аз сабабе, ки қудрату тавоноӣ надоранд. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он аз зери қасрҳояшдарёҳо равон аст. Ва ҳар кӣ аз итоъати Аллоҳу паёмбараш сар бартобад ва аз муқобилият бо душман ақибнишинӣ кунад, ба азоби дардовар азобаш мекунад.
Arabische uitleg van de Qur'an:
۞ لَّقَدۡ رَضِيَ ٱللَّهُ عَنِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ يُبَايِعُونَكَ تَحۡتَ ٱلشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمۡ فَأَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَثَٰبَهُمۡ فَتۡحٗا قَرِيبٗا
18. Албатта, Аллоҳ розӣ шуд аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт[2621] бо ту байъат карданд, пас донист он чӣ (яъне имону садоқат) дар дилашон аст. Пас, итминону оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва фатҳиназдике (ғалабаи Хайбар)-ро подошашон дод.[2622]
[2621] Яъне, байъати Ризвон дар Ҳудайбия. [2622] Тафсири Саъдӣ 1/793
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَمَغَانِمَ كَثِيرَةٗ يَأۡخُذُونَهَاۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا
19. Ва аз ғаниматҳои бисёре (яъне, аз молҳои яҳудиён), ки онро ба даст хоҳанд овард. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст!
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَعَدَكُمُ ٱللَّهُ مَغَانِمَ كَثِيرَةٗ تَأۡخُذُونَهَا فَعَجَّلَ لَكُمۡ هَٰذِهِۦ وَكَفَّ أَيۡدِيَ ٱلنَّاسِ عَنكُمۡ وَلِتَكُونَ ءَايَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَيَهۡدِيَكُمۡ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا
20. Ваъда дод шуморо Аллоҳ ба гирифтани ғаниматҳои бисёр, пас ин (ғаниматҳои Хайбар)-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва боздошт Аллоҳ дасти душманонро (аз зиён расонидан) ба шумо, то бошад ин қазия[2623] ибрате барои мӯъминон, то ҳидоят кунад Аллоҳ шуморо ба роҳи рост. [2624]
[2623] Яъне, мағлуб шудани душман ва бо ҳамроҳии ғаниматҳо саломат бозгаштани шумо.
[2624] Тафсири Табарӣ 22/232
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَأُخۡرَىٰ لَمۡ تَقۡدِرُواْ عَلَيۡهَا قَدۡ أَحَاطَ ٱللَّهُ بِهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٗا
21. Ва ваъда дод Аллоҳ таъоло ба шумо гирифтани ғаниматҳои дигарро, ки ҳанӯз даст наёфтед бар гирифтани он ва Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَلَوۡ قَٰتَلَكُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوَلَّوُاْ ٱلۡأَدۡبَٰرَ ثُمَّ لَا يَجِدُونَ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا
22. Ва агар кофирони Қурайш бо шумо ба ҷанг бархезанд, бегумон пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсте ғайри Аллоҳ ва ёридиҳандае, ки онҳоро нусрат диҳад, намеёбанд.
Arabische uitleg van de Qur'an:
سُنَّةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلُۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ ٱللَّهِ تَبۡدِيلٗا
23. Ин суннати Аллоҳ аст,[2625] ки пеш аз ин ҳамчунин будааст ва ту эй Паёмбар дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз дигаргунӣ нахоҳӣ ёфт!
[2625] Яъне, зафари мӯъминону шикасти кофирон. Тафсири Бағавӣ 7/312
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَهُوَ ٱلَّذِي كَفَّ أَيۡدِيَهُمۡ عَنكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ عَنۡهُم بِبَطۡنِ مَكَّةَ مِنۢ بَعۡدِ أَنۡ أَظۡفَرَكُمۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرًا
24. Ва Ӯ Аллоҳ Зотест, кибоздошт дасти мушриконро аз зарар расонидан ба шумо дар Ҳудайбия ва дасти шуморо аз мушрикон дар даруни Макка (боздошт). Баъд аз он, ки ғолибу пирӯз сохт шуморо бар болои мушрикон[2626]. Ва Аллоҳ бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
[2626] Яъне, ҳаштод нафар аз мушрикони Макка бо силоҳҳои худ дар Ҳудайбия бар Расулуллоҳ ва ёронаш фурӯд омаданд ва мехостанд, ки ногаҳон ҳамла оранд, вале асҳоби Расулуллоҳ дастгирашон карданд ва сипас озодашон карданд. Тафсири Табарӣ 22\236
Arabische uitleg van de Qur'an:
هُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّوكُمۡ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ وَٱلۡهَدۡيَ مَعۡكُوفًا أَن يَبۡلُغَ مَحِلَّهُۥۚ وَلَوۡلَا رِجَالٞ مُّؤۡمِنُونَ وَنِسَآءٞ مُّؤۡمِنَٰتٞ لَّمۡ تَعۡلَمُوهُمۡ أَن تَطَـُٔوهُمۡ فَتُصِيبَكُم مِّنۡهُم مَّعَرَّةُۢ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ لِّيُدۡخِلَ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦ مَن يَشَآءُۚ لَوۡ تَزَيَّلُواْ لَعَذَّبۡنَا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابًا أَلِيمًا
25. Онҳо (куффори Макка) касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо дар рӯзи Ҳудайбия аз даромадани Масҷидулҳаром боздоштанд ва аз расидани қурбонӣ ба қурбонгоҳаш боздоштанд ва агар мардон ва занони мӯъмин дар Макка набуданд, ки шумо онҳоро намешиносед ва бими он набуд, ки онҳоро поймол ва ҳалок кунед, пас надониста аз куштани онҳо муртакиби гуноҳ шавед, то Аллоҳ ҳар касро бихоҳад дар раҳмати худ қарор диҳад. Агар мӯъминон ва кофирон дар Макка аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азоби дардовар азоб мекардем.
Arabische uitleg van de Qur'an:
إِذۡ جَعَلَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَعَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَأَلۡزَمَهُمۡ كَلِمَةَ ٱلتَّقۡوَىٰ وَكَانُوٓاْ أَحَقَّ بِهَا وَأَهۡلَهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٗا
26. Чун кофирон тасмим гирифтанд, ки дар дилҳои худ таъассуб, ҳамон таъассуби ҷоҳилиро ҷой диҳанд[2627], пас Аллоҳ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва собит кард бар онҳо калимаи тақворо, ки он “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст ва Паёмбар ва ёронаш ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност!
[2627] Яъне, Аз рӯи тааъссуби ҷоҳилӣ рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро иқрор накарданд, аз ҳамин сабаб дар сулҳи Ҳудайбия навиштани “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим”-ро қабул накарданд ва низ ин ибораро нанавиштанд: “Ин аст, он чӣ доварӣ кард Муҳаммад Расулуллоҳ”. Тафсири Табарӣ 22/ 251
Arabische uitleg van de Qur'an:
لَّقَدۡ صَدَقَ ٱللَّهُ رَسُولَهُ ٱلرُّءۡيَا بِٱلۡحَقِّۖ لَتَدۡخُلُنَّ ٱلۡمَسۡجِدَ ٱلۡحَرَامَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ مُحَلِّقِينَ رُءُوسَكُمۡ وَمُقَصِّرِينَ لَا تَخَافُونَۖ فَعَلِمَ مَا لَمۡ تَعۡلَمُواْ فَجَعَلَ مِن دُونِ ذَٰلِكَ فَتۡحٗا قَرِيبًا
27. Бегумон, Аллоҳ хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: “Агар Аллоҳ бихоҳад, Ӯ ва асҳобаш эмин, гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме аз аҳли ширк ба масҷидулҳаром дохил мешаванд”. Пас Аллоҳ чизҳое медонист,[2628] ки шумо намедонистед. Пас осон кард ба шумо пеш аз даромадани Макка як фатҳи наздикро (яъне, сулҳи Ҳудайбия ё фатҳи Хайбарро)[2629].
[2628]Яъне, дохил нашуданатон ба Макка дар ин сол, балки соли оянда. Тафсири Бағавӣ 7/323.
[2629] Тафсири Бағавӣ 7/323.
Arabische uitleg van de Qur'an:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدٗا
28.Аллоҳ таъолост, ки паёмбараш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) бо далелҳои равшан ва бо дини Ислом фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва басанда аст туро (эй Паёмбар) Аллоҳ таъоло барои шоҳидии ин, ки Ӯ таъоло пирӯзӣ диҳад туро ва динатро бар соири динҳо ва боло гардонад!
Arabische uitleg van de Qur'an:
مُّحَمَّدٞ رَّسُولُ ٱللَّهِۚ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ أَشِدَّآءُ عَلَى ٱلۡكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيۡنَهُمۡۖ تَرَىٰهُمۡ رُكَّعٗا سُجَّدٗا يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٗاۖ سِيمَاهُمۡ فِي وُجُوهِهِم مِّنۡ أَثَرِ ٱلسُّجُودِۚ ذَٰلِكَ مَثَلُهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِۚ وَمَثَلُهُمۡ فِي ٱلۡإِنجِيلِ كَزَرۡعٍ أَخۡرَجَ شَطۡـَٔهُۥ فَـَٔازَرَهُۥ فَٱسۡتَغۡلَظَ فَٱسۡتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِۦ يُعۡجِبُ ٱلزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ ٱلۡكُفَّارَۗ وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ مِنۡهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمَۢا
29.Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯбар дини ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва дар миёни якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар намозашон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд мебинӣ ва умедвори фазлу хушнудии Аллоҳ ҳастанд, пас онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад ва аз онҳо розӣ мебошад. Нишонаи дурусткории онҳо дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда намоён аст. Ин аст васфи онҳо дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона (хӯша) маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат андозад, то он ҷо, ки бисёрии онҳо ва зебоии манзарашон кофиронро ба хашм оварад.[2630] Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд ва аз манъ кардаҳояш парҳез карданд, ба омӯрзиши гуноҳҳояшон ва мукофоти бузург (ҷаннат) ваъда додааст![2631]
[2630] Ин оят далел аст бар ин ки касе, ки саҳобагонро бад бинад, кофир мешавад, зеро бад дидани саҳобагон хашму ғазаби Аллоҳро ба вуқӯъ меорад.
[2631] Ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва ҳар касе, ки пайравии саҳобагон кунад, пас ӯ низ дар ҳукми онҳост ва сазовори мағфират ва аҷри бузург мегардад. Дар фазлу бузургӣ ва камолот ҳеҷ кас аз ин уммат ба онҳо баробар шуда наметавонад. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳоро хушнуд гардондааст.
Arabische uitleg van de Qur'an:
 
Vertaling van de betekenissen Surah: Soerat Al-Fat'h (Overwinning)
Surah's Index Pagina nummer
 
Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja - Index van vertaling

De betekenis van de Heilige Koran is vertaald naar het Tadzjieks, gedaan door Khoja Mirov Khoja Mir. De vertaling is onder supervisie van het Pioneers Vertaalcentrum gecorrigeerd, en de originele vertaling is beschikbaar om meningen te geven, te evalueren en continu te ontwikkelen.

Sluit