Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja * - Index van vertaling


Vertaling van de betekenissen Surah: Soeart Noeh (Noach)   Vers:

Сураи Нӯҳ

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
1. Мо, ҳароина, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ба ӯ гуфтем, ки қавми худро пеш аз он ки азоби дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.
Arabische uitleg van de Qur'an:
قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ
2. Нӯҳ гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳароина, бимдиҳандаи ошкоро ҳастам шуморо аз азоби Аллоҳ, агар Ӯро нофармонӣ кунед.
Arabische uitleg van de Qur'an:
أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ
3. Ва ҳамоно ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯӣ шумо , пас Ӯро ягона бипарастед ва аз азоби Ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед, дар он чизе, ки шуморо амр ё манъ мекунам.
Arabische uitleg van de Qur'an:
يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
4. Аллоҳ гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо дар умратон, то муддати муъайяне, ки дар илми Аллоҳ аст мӯҳлат диҳад, ҳароина, он аҷали Илоҳӣ чун ба сар ояд, дигар таъхир нашавад, агар шумо инро медонистед, ҳамоно ба сӯи имон ва тоъат ҳаракат мекардед».[3003]
[3003] Тафсири Саъдӣ 1/ 888
Arabische uitleg van de Qur'an:
قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلٗا وَنَهَارٗا
5. Гуфт Нӯҳ: «Эй Парвардигори ман, ман ҳароина, қавми худро шабу рӯз ба сӯи Ту даъват кардам.
Arabische uitleg van de Qur'an:
فَلَمۡ يَزِدۡهُمۡ دُعَآءِيٓ إِلَّا فِرَارٗا
6. Пас даъвати ман онҳоро ба сӯи имон зиёда накард дар онҳо, ҷуз гурехтану нафрат аз имонро.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارٗا
7. Ва албатта, ман, ҳар бор, ки онҳоро ба сӯи Ту даъват кардам, то Ту онҳоро биёмӯрзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд, то даъвати ҳақро нашунаванд ва ҷома дар сар кашиданд, то, ки маро набинанд ва давомат карданд бар куфри худ ва такаббур карданд аз қабули имон, такаббур кардани сахт.
Arabische uitleg van de Qur'an:
ثُمَّ إِنِّي دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارٗا
8. Пас, барояшон ошкоро даъват кардам.
Arabische uitleg van de Qur'an:
ثُمَّ إِنِّيٓ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارٗا
9. Боз, ҳароина, дар ҳама ҳол ҳам ба овози баланд ва ҳам бо овози паст барояшон даъват кардам.
Arabische uitleg van de Qur'an:
فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارٗا
10. Сипас гуфтам ба қавмам: «Аз Парвардигоратон омӯрзиши гуноҳоятонро кунед ва ба сӯи Ӯ аз куфри худ тавба кунед. Албатта, Ӯ таъоло омӯрзандаи тавбаи бандагонаш аст.
Arabische uitleg van de Qur'an:
يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا
11. Агар тавба карда аз Ӯ омӯрзиш талаб кунед, мефиристад Аллоҳ таъоло бароятон боронҳои резандаро пай дар пай.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَيُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّٰتٖ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَٰرٗا
12. Ва молу фарзандонатонро зиёд мекунад ва бароятон бӯстонҳо биёфаринад, то, ки аз меваҳояш фоида баред ва дарёҳо то, ки аз обаш зироъат ва молҳоятонро об бидиҳед.[3004]
[3004] Тафсирӣ Табарӣ 23/ 633
Arabische uitleg van de Qur'an:
مَّا لَكُمۡ لَا تَرۡجُونَ لِلَّهِ وَقَارٗا
13. Шуморо эй қавм чӣ шудааст, ки аз бузургӣ ва азамати Аллоҳ наметарсед.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَقَدۡ خَلَقَكُمۡ أَطۡوَارًا
14. Ва ҳамоно шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид.[3005]
[3005] Яъне, Нутфа баъд аз он хуни лард баста, баъд аз он пораи гӯшт, баъд аз он гӯшт ва устухон. Тафсирӣ Табарӣ 23 / 635
Arabische uitleg van de Qur'an:
أَلَمۡ تَرَوۡاْ كَيۡفَ خَلَقَ ٱللَّهُ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗا
15. Оё намебинед, ки чӣ гуна Аллоҳ ҳафт осмонро табақа – табақа болои ҳам биёфарид?
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَجَعَلَ ٱلۡقَمَرَ فِيهِنَّ نُورٗا وَجَعَلَ ٱلشَّمۡسَ سِرَاجٗا
16. Ва моҳро дар ин осмонҳо равшанӣ ва хуршедро барои аҳли замин чароғашон гардонид.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ نَبَاتٗا
17.ВаАллоҳ асли шуморо аз замин бирӯёнид[3006].
[3006] Яъне: Одам алайҳиссаломро аз хок офарид. Тафсирӣ Бағавӣ 8/ 231
Arabische uitleg van de Qur'an:
ثُمَّ يُعِيدُكُمۡ فِيهَا وَيُخۡرِجُكُمۡ إِخۡرَاجٗا
18.Боз шуморо баъд аз маргатон ба он бозмегардонад ва боз рӯзи баъс аз он берун меоварад.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ بِسَاطٗا
19.Ва Аллоҳзаминро чун фарше бароятонсохт,
Arabische uitleg van de Qur'an:
لِّتَسۡلُكُواْ مِنۡهَا سُبُلٗا فِجَاجٗا
20.то бар роҳҳои паҳновари он биравед».
Arabische uitleg van de Qur'an:
قَالَ نُوحٞ رَّبِّ إِنَّهُمۡ عَصَوۡنِي وَٱتَّبَعُواْ مَن لَّمۡ يَزِدۡهُ مَالُهُۥ وَوَلَدُهُۥٓ إِلَّا خَسَارٗا
21. Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно қавми ман нофармонии ман карданд ва бечорагони онҳо пайравӣ карданд пешвоёни гумроҳашонро, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнашон наяфзуд.[3007]
[3007] Яъне, дар дунё гумроҳашон карданд ва дар охират азобашон карданд. Тафсири Табарӣ 23/ 638
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَمَكَرُواْ مَكۡرٗا كُبَّارٗا
22. Ва макру ҳила карданд сардорони куффор пайравони худро – макри бузурге.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَقَالُواْ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدّٗا وَلَا سُوَاعٗا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسۡرٗا
23. Ва гуфтанд: «Парастиши маъбудони худро, ба ҷои Аллоҳи ягонае, ки Нӯҳ ба сӯи он даъват мекунад, тарк накунед. Ва парастиши Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед![3008]»
[3008] Ин номи бутҳояшон буд, ки ба ҷои Аллоҳи ягона онҳоро парастиш мекарданд. Дар ҳақиқат номҳои мардони солеҳашон буд, пас ҳар вақте ки ин мардон фавтиданд, шайтон ба қавмҳои онҳо ваҳй кард, ки сурат ва ҳайкалҳои онҳоро бикашанд. Ва ҳар вақте ки ба суратҳо менигаранд, дар тоъат тезӣ мекунанд. Пас чун он қавм фавтиданд ва муддате гузашт ва қавми дигаре ба ҷои онҳо омад, шайтон ба онҳо васваса карда гуфт, ки гузаштагонатон сурат ва ҳайкалҳоро ибодат мекарданд ва бо воситаи онҳо таввасул меҷӯстанд ба даргоҳи Аллоҳ , Тафсири Саъдӣ 1/ 889 . Ин аст ҳикмат аз ҳаром будани ҳайкалҳо ва ҳаром аст биное афрохтан бар болои қабрҳо, зеро бо гузашти замон метавонад ибодатгоҳе шавад барои нодонон.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَقَدۡ أَضَلُّواْ كَثِيرٗاۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا ضَلَٰلٗا
24. Ва ҳамоно он пайравон бисёре аз мардумро бо зиннат додани роҳҳои гуноҳ гумроҳ карданд. Баъд аз он Нӯҳ алайҳиссалом гуфт: Эй Парвардигори мо маяфзой ба он ситамкорони саркаш магар дуриро аз ҳақ!».
Arabische uitleg van de Qur'an:
مِّمَّا خَطِيٓـَٰٔتِهِمۡ أُغۡرِقُواْ فَأُدۡخِلُواْ نَارٗا فَلَمۡ يَجِدُواْ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَنصَارٗا
25. Ба ҷазои гуноҳонашон ба тӯфон ғарқа карда шуданд, пас ба оташи даргирандаву сӯзонанда дохил карда шуданд, пас ба ҷуз Аллоҳ барои худ ёваре наёфтанд, ки аз онҳо азобро дур кунад.
Arabische uitleg van de Qur'an:
وَقَالَ نُوحٞ رَّبِّ لَا تَذَرۡ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ دَيَّارًا
26. Ва Нӯҳ алайҳиссалом баъди ноумед шуданаш аз қавмаш гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор, ки ҳаракат кунад.
Arabische uitleg van de Qur'an:
إِنَّكَ إِن تَذَرۡهُمۡ يُضِلُّواْ عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوٓاْ إِلَّا فَاجِرٗا كَفَّارٗا
27. Ҳамоно, агар ту онҳоро бигузорию ва ҳалокашон накунӣ, бандагонеро, ки ба Ту аз роҳи ҳақ имон овардаанд, гумроҳ мекунанд ва фарзандоне таваллуд намекунанд , магар фоҷиру кофир.
Arabische uitleg van de Qur'an:
رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيۡتِيَ مُؤۡمِنٗا وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا تَبَارَۢا
28. Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмӯрз ва ситамкоронро дар дунёву охират ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»
Arabische uitleg van de Qur'an:
 
Vertaling van de betekenissen Surah: Soeart Noeh (Noach)
Surah's Index Pagina nummer
 
Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Khawja Mirov Khawja - Index van vertaling

De betekenis van de Heilige Koran is vertaald naar het Tadzjieks, gedaan door Khoja Mirov Khoja Mir. De vertaling is onder supervisie van het Pioneers Vertaalcentrum gecorrigeerd, en de originele vertaling is beschikbaar om meningen te geven, te evalueren en continu te ontwikkelen.

Sluit