Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: بقره   آیت:
قُلۡ إِن كَانَتۡ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةٗ مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُاْ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
94. Эй Паёмбар, ба яҳудиён, ки даъво мекунанд, ҷаннат хос барои онҳост ва гумон мекунанд, ки онҳо фарзандон ва дўстони Аллоҳ ҳастанд, бигў: «Агар рост мегўед, ки сарои охират (ҷаннат) назди Аллоҳ хос барои шумост, на бароимардуми дигар, пас орзуи марг кунед».
عربي تفسیرونه:
وَلَن يَتَمَنَّوۡهُ أَبَدَۢا بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّٰلِمِينَ
95. Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. (Зеро онҳо аз сидқи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бохабаранд. Ва ба сабаби он чи ки муртакиб шуданд аз куфру исён, худро аз ҷаннат маҳрум ва ба даромадани дўзах лозим гардонданд.)[50] Аллоҳ ситамкоронро мешиносад ва мувофиқи кирдорашон ҷазо хоҳад дод!
[50] Тафсири ибни Касир 1\331
عربي تفسیرونه:
وَلَتَجِدَنَّهُمۡ أَحۡرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٖ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمۡ لَوۡ يُعَمَّرُ أَلۡفَ سَنَةٖ وَمَا هُوَ بِمُزَحۡزِحِهِۦ مِنَ ٱلۡعَذَابِ أَن يُعَمَّرَۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ
96. Албатта, медонӣ, эй Расул, яҳудиён сахт ҳаристаранд, ки умри бисёр бинанд, новобаста ҳаёт ҳарчанд бо хорию пастӣ бошад. Балки рағбаташон дар бисёр ҳаёт дидан, аз рағбати мушрикон ҳам зиёдтар аст. Яҳудиён таманно доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зиндагӣ кунанд, вале ин умри дароз онҳоро аз азоби Аллоҳ дур нахоҳад сохт. Бар Аллоҳ ҳеҷ чизе аз аъмолашон пинҳон нест ва зуд аст, ки онҳоро бар амалҳое, ки сазовори азоби Парвардигорашон аст, ҷазо хоҳад дод.[51]
[51]Тафсири Саъдӣ 1\59
عربي تفسیرونه:
قُلۡ مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّـجِبۡرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلۡبِكَ بِإِذۡنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
97. Эй Расул, ба яҳудиён, ҳангоме ки гуфтанд: “Ҷабраил душмани мо аст” бигў: Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, пас ба дурустӣ, ки Ҷабраил Қуръонро бар дили ту ба ҳукми Аллоҳи мутаъол фуруд овардааст, ки тасдиқкунандаи китобҳои пешина[52] ва роҳнамо ба сўи ҳақ ва муждадиҳанда барои мўъминон аст.
[52] Яъне,Таврот, Инҷил... Тафсири Табарӣ 2\392
عربي تفسیرونه:
مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّلَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبۡرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوّٞ لِّلۡكَٰفِرِينَ
98. Ҳар кӣ душмани Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва хусусан душмани Ҷабраилу Микоил бошад, пас ҳамоно Аллоҳ кофиронро душман аст, зеро яҳудиён гумон доштанд, ки Ҷабраил душман ва Микоил дўсти онон аст, пас Аллоҳ ба онҳо огоҳ кард, ки касе ба яке аз он малоик душманӣ кунад, ба дигаре низ душманӣ кардаст.[53]
[53]Тафсири ибни Касир 1\335
عربي تفسیرونه:
وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ وَمَا يَكۡفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلۡفَٰسِقُونَ
99. Ва ба дурустӣ, ки ба сўи ту, эй Расул, оятҳои равшан (яъне, ахбор ва сирру асрори яҳудиёни бани Исроил)[54]-ро фуруд овардем, ки онҳо сидқан ва ҳақиқатан далолат бар паёмбарии ту мекунанд. Ба ҷуз фосиқон касе мункири ин оятҳо нахоҳад шуд.
[54] Тафсири Табарӣ 2\397
عربي تفسیرونه:
أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُواْ عَهۡدٗا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
100. Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил! Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне[55] бастанд, гурўҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрўз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, бовар намекунанд!
[55] Яъне, имон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Табарӣ 2\400
عربي تفسیرونه:
وَلَمَّا جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ نَبَذَ فَرِيقٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ كَأَنَّهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
101. Ва замоне, ки Паёмбаре аз ҷониби Аллоҳ назди онҳо омад, ки тасдиқкунандаи чизе буд, ки бо худ доштанд,[56] гурўҳе аз аҳли китоб, китоби Аллоҳро пушти сарашон андохтанд, гуё ки аз он ҳеҷ намедонанд.
[56]Яъне, Таврот
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: بقره
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول