Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: مؤمنون   آیت:
وَٱلَّذِينَ يُؤۡتُونَ مَآ ءَاتَواْ وَّقُلُوبُهُمۡ وَجِلَةٌ أَنَّهُمۡ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ رَٰجِعُونَ
60.ва онҳое, ки дар роҳи Аллоҳ он чиро бояд бидиҳанд, медиҳанд ва боз ҳам (ба ин ҳол) дилҳояшон тарсону ҳаросон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,
عربي تفسیرونه:
أُوْلَٰٓئِكَ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَهُمۡ لَهَا سَٰبِقُونَ
61.Оре, инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.
عربي تفسیرونه:
وَلَا نُكَلِّفُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ وَلَدَيۡنَا كِتَٰبٞ يَنطِقُ بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
62.Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунем. Ва назди Мо китобест[1725], ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ҳеҷ зулму ситаме намешавад.
[1725] Ва он китоб Лавҳи Маҳфуз аст, ки ҳама чиз дар он сабт шудааст.
عربي تفسیرونه:
بَلۡ قُلُوبُهُمۡ فِي غَمۡرَةٖ مِّنۡ هَٰذَا وَلَهُمۡ أَعۡمَٰلٞ مِّن دُونِ ذَٰلِكَ هُمۡ لَهَا عَٰمِلُونَ
63. Балки, дилҳояшон аз ин сухани ҳақ (Қуръон) дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳо ғайр аз ин амали ширкашон корҳои зишти дигаре доранд, ки онро дар оянда анҷом медиҳанд. Пас ба ин сабаб худро дучори ғазаб ва азоби Парвардигорашон мекунанд.[1726]
[1726] Тафсири Саъдӣ 1\554
عربي تفسیرونه:
حَتَّىٰٓ إِذَآ أَخَذۡنَا مُتۡرَفِيهِم بِٱلۡعَذَابِ إِذَا هُمۡ يَجۡـَٔرُونَ
64.То он гоҳ, ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон доду фарёд зананд.
عربي تفسیرونه:
لَا تَجۡـَٔرُواْ ٱلۡيَوۡمَۖ إِنَّكُم مِّنَّا لَا تُنصَرُونَ
65. Ба онҳо гӯем: Имрӯз доду фарёд сар надиҳед, ки шумо наметавонед, ки худро ёрӣ диҳед ва аз сӯи Мо ёрӣ ва кӯмак намешавед![1727]
[1727] Тафсири Табарӣ 19\51
عربي تفسیرونه:
قَدۡ كَانَتۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَكُنتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡ تَنكِصُونَ
66.Зеро оёти Ман бароятон хонда мешуд, то ин ки ба он имон оваред, вале шумо намепазируфтед ва ба ақиб бармегаштед.
عربي تفسیرونه:
مُسۡتَكۡبِرِينَ بِهِۦ سَٰمِرٗا تَهۡجُرُونَ
67. Дар ҳоле ки дар баробари Байтулҳаром (Каъба) такаббур мекардед ва мегуфтед, ки ҳеҷ кас наметавонад бар мо ғолиб шавад, зеро мо аҳли ҳарам ва ходимони он ҳастем ва ҳангоми шаб ба афсонагӯӣ машғул шуда, онро тарк мекардед.
عربي تفسیرونه:
أَفَلَمۡ يَدَّبَّرُواْ ٱلۡقَوۡلَ أَمۡ جَآءَهُم مَّا لَمۡ يَأۡتِ ءَابَآءَهُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
68.Оё дар ин сухан[1728] намеандешанд; ё ба онҳо он чи омадааст, ки ба падарони нахустинашон наомадааст?
[1728] Яъне, Қуръон
عربي تفسیرونه:
أَمۡ لَمۡ يَعۡرِفُواْ رَسُولَهُمۡ فَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ
69. Ё он ки паёмбарашон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд?
عربي تفسیرونه:
أَمۡ يَقُولُونَ بِهِۦ جِنَّةُۢۚ بَلۡ جَآءَهُم بِٱلۡحَقِّ وَأَكۡثَرُهُمۡ لِلۡحَقِّ كَٰرِهُونَ
70.Ё мегӯянд, ки девона аст? На, чунин нест, балки паёмбарашон Қуръон, тавҳид ва дини ҳақро барояшоновардааст, вале бештарашон аз рӯи ҳасад ба ҳақ бадбинӣ доранд.
عربي تفسیرونه:
وَلَوِ ٱتَّبَعَ ٱلۡحَقُّ أَهۡوَآءَهُمۡ لَفَسَدَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهِنَّۚ بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِذِكۡرِهِمۡ فَهُمۡ عَن ذِكۡرِهِم مُّعۡرِضُونَ
71.Агар ҳақ ва ҳақиқат аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо Қуръонро пандашон фиристодем, ки дар он иззат ва шарафи онҳост ва онҳо бошанд, аз пандашон рӯй гардониданд.[1729]
[1729] Тафсири Саъдӣ 1\554
عربي تفسیرونه:
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ خَرۡجٗا فَخَرَاجُ رَبِّكَ خَيۡرٞۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ
72.Ё ту эй Муҳаммад бар даъвати худ аз онҳо музде металабӣ? Пас музди Парвардигорат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
عربي تفسیرونه:
وَإِنَّكَ لَتَدۡعُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
73. Албатта, ту эй Расул қавми худ ва дигаронро ба роҳи росташон мехонӣ, ки вай дини Ислом аст.
عربي تفسیرونه:
وَإِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ عَنِ ٱلصِّرَٰطِ لَنَٰكِبُونَ
74.Ва касоне, ки ба рӯзи баъс ва ҳисоб имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд аз роҳи рост каҷраванд!
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: مؤمنون
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول