Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: زخرف   آیت:
وَكَذَٰلِكَ مَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتۡرَفُوهَآ إِنَّا وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٖ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّقۡتَدُونَ
23. Ва ҳамин гуна нафиристодем пеш аз ту эй Паёмбар дар шаҳру деҳе паёмбаронеро, магар ки баъди фиристодан ашрофу сардорони он шаҳру деҳ гуфтанд: бегумон мо падарони худро бар дине ёфтем. Албатта, мо роҳу равиши падарони худро пайравӣ мекунем.
عربي تفسیرونه:
۞ قَٰلَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكُم بِأَهۡدَىٰ مِمَّا وَجَدتُّمۡ عَلَيۡهِ ءَابَآءَكُمۡۖ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ
24. Паёмбарашон ба онҳо гуфтанд: «Оё ман динеро барои шумо оварда бошам, ки ҳидоятбахштар аз оне бошад, ки падаронатонро дар он ёфтед, боз аз он дин пайравӣ мекунед, гуфтанд: Мо ба он паёмбар ва рисолате, ки шумо ёфтед, бовар надорем.[2464]
[2464] Тафсири Табарӣ 21/587
عربي تفسیرونه:
فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
25.Пас аз онҳо интиқом гирифта, азобашон кардем. Пас, эй Паёмбар бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст?[2465]
[2465]Пас ҳушдор деҳ қавматро, агар монанди онҳо рафтор кунанд, мисли онон азоб карда шаванд.Тафсири Саъдӣ 1/ 764
عربي تفسیرونه:
وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦٓ إِنَّنِي بَرَآءٞ مِّمَّا تَعۡبُدُونَ
26. Ва ёд кун эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Албатта, ман аз он чи шумо мепарастед, (яъне, аз бутҳо), безорам,
عربي تفسیرونه:
إِلَّا ٱلَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُۥ سَيَهۡدِينِ
27. ба ҷуз он маъбуде, ки маро офаридааст, пас албатта, Ӯ маро раҳнамоӣ хоҳад кард».
عربي تفسیرونه:
وَجَعَلَهَا كَلِمَةَۢ بَاقِيَةٗ فِي عَقِبِهِۦ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
28.Ва Иброҳим ин суханро (яъне, калимаи Ло илоҳа илаллоҳро) дар миёни фарзандонаш поянда ва боқӣ гузошт, бошанд, ки ба сӯи ибодати Аллоҳ бозгарданд.[2466]
[2466] Тафсири Бағавӣ 7/ 210
عربي تفسیرونه:
بَلۡ مَتَّعۡتُ هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ وَرَسُولٞ مُّبِينٞ
29. Балки баҳраманд сохтем[2467] мушрикони қавматро ва падарону бобоёнашонро, то вақте ки омад ба онҳо дини ҳақ (Қуръон) ва паёмбаре, ки баён мекунад ба онҳо умури динашонро.
[2467] Яъне, ҳаёти осоиштаашон додем ва барои куфр оварданашон ба зудӣ азобашон накардем. Тафсири Бағавӣ 7/ 211
عربي تفسیرونه:
وَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ وَإِنَّا بِهِۦ كَٰفِرُونَ
30. Ва чун ҳақ (Қуръон) бар онҳо омад, гуфтанд: «Ҷодуст ва ҳароина, мо ба он имон намеоварем».
عربي تفسیرونه:
وَقَالُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ عَلَىٰ رَجُلٖ مِّنَ ٱلۡقَرۡيَتَيۡنِ عَظِيمٍ
31.Ва гуфтанд мушрикон: «Агар ин Қуръон аз назди Аллоҳ мебуд , пас чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа (Макка ё Тоиф) нозил нашудааст?»[2468]
[2468] ТафсириТабарӣ 21/ 592
عربي تفسیرونه:
أَهُمۡ يَقۡسِمُونَ رَحۡمَتَ رَبِّكَۚ نَحۡنُ قَسَمۡنَا بَيۡنَهُم مَّعِيشَتَهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَرَفَعۡنَا بَعۡضَهُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٖ دَرَجَٰتٖ لِّيَتَّخِذَ بَعۡضُهُم بَعۡضٗا سُخۡرِيّٗاۗ وَرَحۡمَتُ رَبِّكَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ
32.Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд?, (Яъне, паёмбариро), ҳол он ки мо маишати рӯзгузаронии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додем,[2469] то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат (яъне, даромаданашон ба ҷаннат) аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд аз моли дунё, беҳтар аст.[2470]
[2469] Яъне, бою камбағал сохтем.
[2470] Тафсири Табарӣ 21/ 596
عربي تفسیرونه:
وَلَوۡلَآ أَن يَكُونَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ لَّجَعَلۡنَا لِمَن يَكۡفُرُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ لِبُيُوتِهِمۡ سُقُفٗا مِّن فِضَّةٖ وَمَعَارِجَ عَلَيۡهَا يَظۡهَرُونَ
33. Ва агар ин эҳтимол намебуд, ки мардум дар гумроҳӣ ҳама як гурӯҳ мешаванд,[2471] Мо барои касоне, ки ба Аллоҳи меҳрубон куфр меварзанд, хонҳое бо сақфҳои аз нуқра фароҳам меовардем ва барои онон нордбонҳое аз нуқра қарор медодем, ки бо онҳо боло раванд.
[2471] Яъне, дини куфрро ихтиёр мекунанд. Тафсири Табарӣ 21/598
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: زخرف
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول