Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: حجرات   آیت:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱجۡتَنِبُواْ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلظَّنِّ إِنَّ بَعۡضَ ٱلظَّنِّ إِثۡمٞۖ وَلَا تَجَسَّسُواْ وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٞ رَّحِيمٞ
12. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед , аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳароина, баъзе аз гумонҳо гуноҳ мебошанд. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва айби мусалмононро фош макунед ва бархе аз шумо бархе дигареро ғайбат накунад. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, худатон онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина, Аллоҳ ба бандагонаш тавбапазиру меҳрубон аст![2639]
[2639] Тафсири Саъдӣ 1\801
عربي تفسیرونه:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٞ
13. Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем, ки он ду Одам ва Ҳаво алайҳимассаломанд. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст!
عربي تفسیرونه:
۞ قَالَتِ ٱلۡأَعۡرَابُ ءَامَنَّاۖ قُل لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ وَلَٰكِن قُولُوٓاْ أَسۡلَمۡنَا وَلَمَّا يَدۡخُلِ ٱلۡإِيمَٰنُ فِي قُلُوبِكُمۡۖ وَإِن تُطِيعُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَا يَلِتۡكُم مِّنۡ أَعۡمَٰلِكُمۡ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
14. Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Ба Аллоҳу расулаш комилан имон овардем!» Бигӯ барояшон эй Расул: Комилан «имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо чизе кам карда намешавад. Ҳароина, Аллоҳ омӯрзанда аст барои касе, ки аз гуноҳони худ тавба кардааст ва ба ӯ меҳрубон аст».[2640]
[2640] Тафсири Бағавӣ 7\351
عربي تفسیرونه:
إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ
15. Ҳароина, мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари ӯ имон овардаанд ва ба шариъати ӯ амал намуданд ва дар имонашон дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Инҳо дар имонашон росткирдоранд.[2641]
[2641]Тафсири ибни Касир 7\390
عربي تفسیرونه:
قُلۡ أَتُعَلِّمُونَ ٱللَّهَ بِدِينِكُمۡ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ
16. Бигӯ эй Расул барои ин аъробиҳо: «Оё мехоҳед Аллоҳро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!» ва чизе, ки дар дилҳои шумо ҳаст; аз имон ё куфр ё некӯӣ ё бадӣ, бар Ӯ пӯшида нест.[2642]
[2642] Тафсири Саъдӣ 1\802
عربي تفسیرونه:
يَمُنُّونَ عَلَيۡكَ أَنۡ أَسۡلَمُواْۖ قُل لَّا تَمُنُّواْ عَلَيَّ إِسۡلَٰمَكُمۖ بَلِ ٱللَّهُ يَمُنُّ عَلَيۡكُمۡ أَنۡ هَدَىٰكُمۡ لِلۡإِيمَٰنِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
17. Аз ин ки ислом овардаанд, инҳо аъробиҳо бар ту эй Расул миннат мекунанд. Бигӯ барояшон: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, чаро ки нафъи имон ба худи он инсон бармегардад, балки Аллоҳ ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар дар иддиъои имонатон рост ва дуруст ҳастед!»
عربي تفسیرونه:
إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ غَيۡبَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
18. Ҳароина, Аллоҳ он чи пинҳон ва махфӣ аст дар осмонҳову заминро медонад ва ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност! Ва Ӯ ҷазодиҳандаи шумост, дар баробари некӯӣ подоши нек ва дар баробари бадӣ ҷазои бад медиҳад.[2643]
[2643] Тафсири Саъдӣ 1\802
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: حجرات
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول