Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: اعراف   آیت:
وَلَقَدۡ ذَرَأۡنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ لَهُمۡ قُلُوبٞ لَّا يَفۡقَهُونَ بِهَا وَلَهُمۡ أَعۡيُنٞ لَّا يُبۡصِرُونَ بِهَا وَلَهُمۡ ءَاذَانٞ لَّا يَسۡمَعُونَ بِهَآۚ أُوْلَٰٓئِكَ كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ
179. Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. онҳоро дилҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд.[764]
[764] Тафсири Табарӣ 13\ 280
عربي تفسیرونه:
وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ وَذَرُواْ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ أَسۡمَٰٓئِهِۦۚ سَيُجۡزَوۡنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
180. Аз они Аллоҳ аст, некӯтарин номҳо, ки далолат бар камоли азаматии Ӯ ҳаст. Ба он номҳояш нидо кунед, он чиро ки ирода мекунед. Ва тарк кунед онҳоеро, ки ба номҳои Аллоҳ каҷравӣ[765] мекунанд. Ба зудӣ ҷазои он чиро ки мекунанд, хоҳанд дид.
[765] Яъне, номҳои Аллоҳро тағйир медиҳанд ё онҳоро ба дигар маъно баён мекунанд.
عربي تفسیرونه:
وَمِمَّنۡ خَلَقۡنَآ أُمَّةٞ يَهۡدُونَ بِٱلۡحَقِّ وَبِهِۦ يَعۡدِلُونَ
181. Аз офаридагони мо гурӯҳе[766] ҳастанд, ки ба дини ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд ва онон пешвоёни роҳи ҳақанд, ки Аллоҳ бар онҳо имон ва амали солеҳ рӯзӣ кардааст.
[766]Уммати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 13\280
عربي تفسیرونه:
وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَيۡثُ لَا يَعۡلَمُونَ
182. Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд ва инкор карданд ва панд нагирифтанд ба зудӣ барояшон рӯзии фаровон ато мекунем ва онон гумон мекунанд, ки бар ҳақиқатанд, пас азобашон кунем аз роҳе, ки худ намедонанд. Зина ба зина ононро то мавзеъи ҳалокат бикашем.[767]
[767] Тафсири Саъдӣ 1\310
عربي تفسیرونه:
وَأُمۡلِي لَهُمۡۚ إِنَّ كَيۡدِي مَتِينٌ
183. Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири (макри) Ман устувор ва маҳкам аст.
عربي تفسیرونه:
أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْۗ مَا بِصَاحِبِهِم مِّن جِنَّةٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا نَذِيرٞ مُّبِينٌ
184. Оё фикр накардаанд, ки дар ҳамнишинашон[768] нишоне аз девонагӣ нест ва ӯ ошкоро бимдиҳанда аст? (Яъне, мардумро ба сӯи он чи ки онҳоро аз азоб наҷот медиҳад ва подошро барои онҳо ҳақ медорад, даъват мекунад)[769]
[768] Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
[769] Тафсири Саъдӣ 1\310
عربي تفسیرونه:
أَوَلَمۡ يَنظُرُواْ فِي مَلَكُوتِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٖ وَأَنۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَدِ ٱقۡتَرَبَ أَجَلُهُمۡۖ فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
185. Касоне ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд, оё дар подшоҳӣ ва тасарруфи осмонҳову замин ва чизҳое, ки Аллоҳ офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад ва ногаҳон бар куфрашон ҳалок гарданд. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?
عربي تفسیرونه:
مَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَلَا هَادِيَ لَهُۥۚ وَيَذَرُهُمۡ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
186. Ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.
عربي تفسیرونه:
يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّيۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقۡتِهَآ إِلَّا هُوَۚ ثَقُلَتۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا تَأۡتِيكُمۡ إِلَّا بَغۡتَةٗۗ يَسۡـَٔلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنۡهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
187. Кофирони Макка дар бораи қиёмат аз ту эй Расул мепурсанд гӯё ту аз он бисёр пурсидаӣ ва омадани онро медонӣ, ки чӣ вақт фаро мерасад? Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар аҳли осмонҳову замин пӯшида аст, магар ин ки бар шумо ногаҳон меояд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯё ту аз он огоҳӣ? Бигӯ: «Илми он назди Аллоҳ аст, вале бештари мардум намедонанд».
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: اعراف
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول