Check out the new design

Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir * - Índice de tradução


Tradução dos significados Surah: Al-Muminun   Versículo:
۞ وَلَوۡ رَحِمۡنَٰهُمۡ وَكَشَفۡنَا مَا بِهِم مِّن ضُرّٖ لَّلَجُّواْ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
75. Агар бар онҳо раҳм мекардем ва ранҷу заҳматеро, ки ба он гирифтор омаданд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَلَقَدۡ أَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ فَمَا ٱسۡتَكَانُواْ لِرَبِّهِمۡ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ
76. Ба таҳқиқ ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд барои Парвардигорашон ва на зорӣ.
Os Tafssir em língua árabe:
حَتَّىٰٓ إِذَا فَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَابٗا ذَا عَذَابٖ شَدِيدٍ إِذَا هُمۡ فِيهِ مُبۡلِسُونَ
77. То замоне, ки даре аз азоби сахт[1730] ба рӯяшон кушодем, он гоҳ онҳо дар он ба куллӣ ноумед гаштанд ва намедонанд, ки чи кор кунанд.
[1730] Мурод аз азоб, азоби охират аст ва ба қавле дигар куштани онон дар рӯзи Бадр аст. Тафсири Табарӣ 19\61 ва Тафсири ибни Касир 5\487
Os Tafssir em língua árabe:
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ
78.Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки бароятон шунавоӣ ва дидаҳо ва дилҳо биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред?
Os Tafssir em língua árabe:
وَهُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
79. Ӯст, он Аллоҳе, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама баъд аз маргатон наздиӮ гирд оварда мешавед ва мувофиқи амалҳоятон ҷазоятон хоҳад кард.
Os Tafssir em língua árabe:
وَهُوَ ٱلَّذِي يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ وَلَهُ ٱخۡتِلَٰفُ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
80. Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они Ӯст. Чаро дар қудрати Ӯ оқилона намеандешед?
Os Tafssir em língua árabe:
بَلۡ قَالُواْ مِثۡلَ مَا قَالَ ٱلۡأَوَّلُونَ
81. Балки, кофирон низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд.
Os Tafssir em língua árabe:
قَالُوٓاْ أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ
82.Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»
Os Tafssir em língua árabe:
لَقَدۡ وُعِدۡنَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا هَٰذَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
83. Эй Муҳаммад ҳамчуноне ки ту ба мо ваъда медиҳӣ ба падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!»
Os Tafssir em língua árabe:
قُل لِّمَنِ ٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
84. Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»
Os Tafssir em língua árabe:
سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
85.Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аз они Аллоҳ». Бигӯ: «Оё панд намегиред, ки Ӯ бори дигар бар зинда гардонидан қодир аст?»
Os Tafssir em língua árabe:
قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبۡعِ وَرَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ
86.Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?»
Os Tafssir em língua árabe:
سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ
87.Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед, ки ибодати ғайри Ӯро мекунед?»
Os Tafssir em língua árabe:
قُلۡ مَنۢ بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيۡهِ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
88.Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ медиҳад ва касе дар баробариӮ паноҳ дода намешавад?» (Яъне, ҳеҷ кас наметавонад азоби Аллоҳро аз касе боздорад ва наметавонад касеро дар баробари Аллоҳ ёрӣ кунад)
Os Tafssir em língua árabe:
سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ فَأَنَّىٰ تُسۡحَرُونَ
89.Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: « Пас чаро фиреб мехӯред ва аз тавҳид ва тоъати Парвардигор рӯй метобед?»
Os Tafssir em língua árabe:
 
Tradução dos significados Surah: Al-Muminun
Índice de capítulos Número de página
 
Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir - Índice de tradução

Traduzido por Khawja Mirov Khawja Mir. Desenvolvido sob a supervisão do Centro Rowad de Tradução, a tradução original está disponível para sugestões e avaliação contínua.

Fechar