Check out the new design

Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir * - Índice de tradução


Tradução dos significados Surah: An-Nisaa   Versículo:
وَٱللَّهُ يُرِيدُ أَن يَتُوبَ عَلَيۡكُمۡ وَيُرِيدُ ٱلَّذِينَ يَتَّبِعُونَ ٱلشَّهَوَٰتِ أَن تَمِيلُواْ مَيۡلًا عَظِيمٗا
27. Ва Аллоҳ мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад ва касоне, ки пайравии шаҳватҳо ҳастанд, мехоҳанд шуморо аз роҳи рост ба роҳи гумроҳон ва роҳи касоне, ки Аллоҳ ба онҳо хашм гирифтааст, бероҳа кунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُخَفِّفَ عَنكُمۡۚ وَخُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ ضَعِيفٗا
28. Аллоҳ мехоҳад аҳкоми худро барои шумо осон кунад ва инсон нотавон офарида шудааст.
Os Tafssir em língua árabe:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ إِلَّآ أَن تَكُونَ تِجَٰرَةً عَن تَرَاضٖ مِّنكُمۡۚ وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا
29. Эй касоне ки имон овардед! Молҳоятонро дар миёни худ ба ноҳаққӣ нахўред, ( мисли дуздӣ, бо зурӣ кашида гирифтани моли касе ва ғайра), магар тиҷорате бошад, ки аз ризоияти шумо сарчашма гирад ва якдигарро ба сабаби хўрдани моли ноҳақ накушед. Ҳамоно Аллоҳ нисбат ба шумо меҳрубон аст.[333]
[333] Тафсири Саъдӣ 1 \175
Os Tafssir em língua árabe:
وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ عُدۡوَٰنٗا وَظُلۡمٗا فَسَوۡفَ نُصۡلِيهِ نَارٗاۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرًا
30. Ва касе ки чунин кореро қасдан аз рўи душманӣ ва ситам анҷом диҳад, ўро бо оташ хоҳем сўзонд ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.
Os Tafssir em língua árabe:
إِن تَجۡتَنِبُواْ كَبَآئِرَ مَا تُنۡهَوۡنَ عَنۡهُ نُكَفِّرۡ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَنُدۡخِلۡكُم مُّدۡخَلٗا كَرِيمٗا
31. Агар аз гуноҳони кабирае,[334] ки аз онҳо манъ карда мешавед, худдорӣ кунед, гуноҳонатонро мебахшем ва шуморо ба ҷойгоҳи бузургворонае дохил мекунем.
[334] Гуноҳи кабира, гуноҳест, ки имони одамро заъиф мекунад ва ё ба дунболи он лаънате қарор дода шудааст, ё Аллоҳ ба муртакиби он хашм мегирад Тафсири Саъдӣ 1\176
Os Tafssir em língua árabe:
وَلَا تَتَمَنَّوۡاْ مَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بِهِۦ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ لِّلرِّجَالِ نَصِيبٞ مِّمَّا ٱكۡتَسَبُواْۖ وَلِلنِّسَآءِ نَصِيبٞ مِّمَّا ٱكۡتَسَبۡنَۚ وَسۡـَٔلُواْ ٱللَّهَ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٗا
32. Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷўед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархўрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.)[335]
[335]Тафсири Саъдӣ 1\176
Os Tafssir em língua árabe:
وَلِكُلّٖ جَعَلۡنَا مَوَٰلِيَ مِمَّا تَرَكَ ٱلۡوَٰلِدَانِ وَٱلۡأَقۡرَبُونَۚ وَٱلَّذِينَ عَقَدَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ فَـَٔاتُوهُمۡ نَصِيبَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدًا
33. Ва барои ҳар касе ворисоне қарор додаем, ки бояд аз амволи падару модар ва хешовандонаш барои ў боқӣ гузошта ба вай дода шавад. Ва бо касоне, ки паймон бастаед, насибашонро бидиҳед, бегумон Аллоҳ ба ҳар чизе ҳозир ва огоҳ аст.
Os Tafssir em língua árabe:
 
Tradução dos significados Surah: An-Nisaa
Índice de capítulos Número de página
 
Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir - Índice de tradução

Traduzido por Khawja Mirov Khawja Mir. Desenvolvido sob a supervisão do Centro Rowad de Tradução, a tradução original está disponível para sugestões e avaliação contínua.

Fechar