Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir * - Índice de tradução


Tradução dos significados Surah: Suratu At-Tur   Versículo:

Сураи Тур (Кӯҳи Тур)

وَٱلطُّورِ
1. Ва Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Савганд ба кӯҳи Тур.[2702]
[2702] Яъне, он кӯҳест, ки бо Мӯсо дар он сухан гуфтааст.Тафсирӣ Саъдӣ 1/813
Os Tafssir em língua árabe:
وَكِتَٰبٖ مَّسۡطُورٖ
2. Ва савганд ба китоби навишташуда[2703],
[2703]Эҳтимол аст, ки он Лавҳи Маҳфуз бошад.
Os Tafssir em língua árabe:
فِي رَقّٖ مَّنشُورٖ
3. дар саҳифаҳои кушодашуда навишта шудааст, ки бар ҳеҷ оқил ва бинандае пӯшида нест.
Os Tafssir em língua árabe:
وَٱلۡبَيۡتِ ٱلۡمَعۡمُورِ
4. Ва савганд ба Байтулмаъмур, ки дар осмон аст ва малоикаҳои киром доим дар гирди он тавоф мекунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَٱلسَّقۡفِ ٱلۡمَرۡفُوعِ
5. Ва савганд ба сақфи барафрошта ва он осмони дунё аст.
Os Tafssir em língua árabe:
وَٱلۡبَحۡرِ ٱلۡمَسۡجُورِ
6. Ва савганд ба дарёи пуркардашуда,
Os Tafssir em língua árabe:
إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ لَوَٰقِعٞ
7. Бегумон (эй Паёмбар), азоби Парвардигорат, бар кофирон ҳатман воқеъ шуданист.
Os Tafssir em língua árabe:
مَّا لَهُۥ مِن دَافِعٖ
8. Ва онро ҳангоми воқеъ шуданаш дафъкунандае нест.
Os Tafssir em língua árabe:
يَوۡمَ تَمُورُ ٱلسَّمَآءُ مَوۡرٗا
9. Рӯзе ки осмон сахт такон хӯрад ба такон хӯрдани сахт, пас низоми он вайрон ва аҷзояш пора пора шавад ва дар он вақт ҳаёти дунё ба охир расад.
Os Tafssir em língua árabe:
وَتَسِيرُ ٱلۡجِبَالُ سَيۡرٗا
10. Ва дар он рӯз кӯҳҳо аз ҷои худ канда зуд равон шаванд, мисли абрҳое, ки равон мешаванд.[2704]
[2704] Тафсири Табарӣ 22\462
Os Tafssir em língua árabe:
فَوَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
11. Пас вой, (ҳалокӣ бод) дар он рӯз бар дурӯғбарорандагон,
Os Tafssir em língua árabe:
ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي خَوۡضٖ يَلۡعَبُونَ
12. касоне, ки дар беҳудагӯӣ машғуланд ва динашонро ба бозию беҳудагӣ иваз мекунанд![2705]
[2705] Тафсири ибни Касир 7\431
Os Tafssir em língua árabe:
يَوۡمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
13. Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ва сахтӣ ба ҷониби ҷаҳаннам равона кунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
هَٰذِهِ ٱلنَّارُ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
14. Ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта шавад: Ин аст он оташе, ки дар дунё дурӯғаш мешумурдед.
Os Tafssir em língua árabe:
أَفَسِحۡرٌ هَٰذَآ أَمۡ أَنتُمۡ لَا تُبۡصِرُونَ
15. Оё ин чизе, ки ҳам акнун мебинед ва мушоҳида мекунед (аз азоб), ҷоду аст ё шумо намебинед?
Os Tafssir em língua árabe:
ٱصۡلَوۡهَا فَٱصۡبِرُوٓاْ أَوۡ لَا تَصۡبِرُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡۖ إِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
16. Ба оташ дароед. Хоҳ бар азоби он сабр кунед ё сабр накунед, баробар аст бар шумо, пас ҳаргиз аз шумо азобро сабук карда намешавад ва ҳаргиз аз он берун намеоед. Ҳароина, шумо дар баробари корҳое, ки дар дунё мекардаед, ҷазо дода мешавед.[2706]
[2706] Тафсири Саъдӣ 1/ 814
Os Tafssir em língua árabe:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَنَعِيمٖ
17. Ҳароина, парҳезгорон дар биҳиштҳо ва нозу неъмат хоҳанд буд.
Os Tafssir em língua árabe:
فَٰكِهِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ وَوَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ
18. Хушҳолшуда ба сабаби он ки онҳоро Парвардигорашон неъмат дод ва онҳоро аз азоби дӯзах нигоҳ дошт.
Os Tafssir em língua árabe:
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
19. Бихӯреду бинӯшед аз таъому шаробҳо хушу гуворо ба сабаби аъмоли неке, ки дар дунё анҷом медодед.
Os Tafssir em língua árabe:
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ سُرُرٖ مَّصۡفُوفَةٖۖ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ
20. Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд ва хонадор кунем онҳоро бо ҳурони зебою шаҳлочашм[2707].
[2707] Тафсири Табарӣ 22\467
Os Tafssir em língua árabe:
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٖۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۭ بِمَا كَسَبَ رَهِينٞ
21. Касоне, ки худ имон оварда ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд, фарзандонашонро бо онҳо дар ҷаннат бирасонем[2708] ва аз он подоши амалашон ҳеҷ кам накунем, ҳар кас дар гарави кору кирдори хештан аст ва гуноҳи касеро бар дӯши худ намегирад.
[2708] Гарчанде, ки мисли падарҳояшон амал накарда бошанд ҳам, то, ки чашмони падарон ба будани фарзандон дар наздашон шодмон гардад, пас онон дар беҳтарин ҳолат ҷамъ карда мешаванд.Тафсири Бағавӣ 7/388
Os Tafssir em língua árabe:
وَأَمۡدَدۡنَٰهُم بِفَٰكِهَةٖ وَلَحۡمٖ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ
22. Ва пайи ҳам ато кунем (зиёда кунем) ба аҳли ҷаннат, аз мева ва гӯшт ҳар навъе, ки мехоҳанд.
Os Tafssir em língua árabe:
يَتَنَٰزَعُونَ فِيهَا كَأۡسٗا لَّا لَغۡوٞ فِيهَا وَلَا تَأۡثِيمٞ
23. Дар ҷаннат аз дасти якдигар пиёлаву ҷомҳои шаробро мегиранд, ки баъди нӯшидани он шароб на беҳудагӯие бошад ва на гуноҳе.[2709]
[2709] Албатта шароби ҷаннат аз шароби ин дунё фарқ мекунад, яъне, ақлро намебарад ва баъди нӯшиданаш беҳудагӯи ва гуноҳ намешавад. Тафсири Бағавӣ 7/ 390
Os Tafssir em língua árabe:
۞ وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ غِلۡمَانٞ لَّهُمۡ كَأَنَّهُمۡ لُؤۡلُؤٞ مَّكۡنُونٞ
24. Ва барояшон навҷавононе ҳастанд, ки хушсурату покиза ва сафедрӯй гуё мисли гавҳаранд дар дохили садаф, бар гирдогирди онҳо биҳиштиён мегарданд ва ба хидмати онҳо омодаанд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ
25. Ва аҳли ҷаннат рӯ ба якдигар рӯй оварда ва аз ҳоли гузаштаи якдигар мепурсанд; ки чӣ ранҷҳое дидаанд.
Os Tafssir em língua árabe:
قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا قَبۡلُ فِيٓ أَهۡلِنَا مُشۡفِقِينَ
26. Гӯянд: «Албатта мо пеш аз ин дар дунё, дар миёни хонадони худ (аз азоби илоҳӣ) тарсон будем.
Os Tafssir em língua árabe:
فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَوَقَىٰنَا عَذَابَ ٱلسَّمُومِ
27. Пас, Аллоҳ бар мо миннат ниҳод, (яъне, ҳидоят ва тавфиқ дод) ва моро аз азоби самум[2710] нигаҳ дошт.
[2710] Самум боди гарму сӯзонест дар дӯзах.
Os Tafssir em língua árabe:
إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلُ نَدۡعُوهُۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡبَرُّ ٱلرَّحِيمُ
28. Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро ба ягонагӣ мехондем[2711] ва Ӯро парастиш мекардем ва аз Ӯ мепурсидем, моро аз азоби самум нигаҳ дорад ва ба сарои неъмат бирасонад, пас дуоямонро қабул ва ҳоҷатҳоямонро баробар кард, ки албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» (Ва аз ҷумлаи некӣ ва меҳрубониаш ба мо ин аст, ки аз мо хушнуд гардид ва моро вориди биҳишт гардонд ва аз нохушнудии хеш ва азоби ҷаҳаннам наҷот дод).[2712]
[2711] Яъне, Ӯро ибодат мекардем ва ба Ӯ шарик намеовардем ва аз Ӯ мепурсидем, ки моро аз азоби самум наҷот диҳад ва ба неъматҳояш бирасонад.Тафсири Саъдӣ 1/ 815
[2712] Тафсири Саъдӣ 1/ 815
Os Tafssir em língua árabe:
فَذَكِّرۡ فَمَآ أَنتَ بِنِعۡمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٖ وَلَا مَجۡنُونٍ
29. Пас, эй Расул, панд деҳ инсонҳоро ба оятҳои Қуръон, зеро ту ба фазлу марҳамати Аллоҳ коҳин (ғайбгӯву) девона нестӣ! Чунонки кофирон ин гуна нисбатҳои дурӯғро бар ту мезананд.[2713]
[2713] Тафсири Бағавӣ 7\391
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ يَقُولُونَ شَاعِرٞ نَّتَرَبَّصُ بِهِۦ رَيۡبَ ٱلۡمَنُونِ
30. Ё мушрикон мегӯянд туро эй Расул: «Ӯ шоир аст, мунтазири марги ӯ ҳастем».
Os Tafssir em língua árabe:
قُلۡ تَرَبَّصُواْ فَإِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُتَرَبِّصِينَ
31. Бигӯ барояшон: Шумо мунтазири марги ман бимонед, ки ҳароина, ман низ азоби шуморо интизорӣ мекашам. Ва зуд аст, ки мебинед оқибати кор аз они кист.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ تَأۡمُرُهُمۡ أَحۡلَٰمُهُم بِهَٰذَآۚ أَمۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ
32. Оё мушриконро ақлҳояшон ба ин суханҳои мутаноқиз[2714] амр мекунад. Ё ки онҳо худ қавми таҷовузкор ҳастанд.[2715]
[2714] Яъне, Қуръон сеҳр, ё каҳонат, ё шеър аст, дастур медиҳад? Ҳеҷ мумкин нест, ки ин сифатҳо дар як замон бо ҳам ҷамъ шаванд.
[2715] Яъне, ҳақиқат ҳамин аст, ки саркашиашон аз роҳи ҳақ онҳоро ба гуфтани чунин суханҳо водор сохтааст.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُۥۚ بَل لَّا يُؤۡمِنُونَ
33. Ё, ки мушрикон мегӯянд: Қуръонро Муҳаммад аз пеши худ бофтааст! Балки, онҳо имон намеоваранд! Пас агар имон меоварданд, чунин суханҳоро намегуфтанд.[2716]
[2716] Тафсири Саъдӣ 1/816
Os Tafssir em língua árabe:
فَلۡيَأۡتُواْ بِحَدِيثٖ مِّثۡلِهِۦٓ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ
34. Пас, сухане монанди Қуръон биёваранд, агар ростгӯй бошанд дар даъвоҳояшон, ки Муҳаммад онро аз назди худ бофтааст. [2717]
[2717] Тафсири Бағавӣ 7/392
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ
35. Оё ин мушрикон бе ҳеҷ офаридагоре халқ карда шудаанд ё ки худашон офаридагоранд? Ҳарду эҳтимолот ботил ва номумкин мебошанд. Пас муъайян шуд, ки Аллоҳ таъоло худ онҳоро халқ кардааст ва Ӯ ягона сазовори ибодат аст.[2718]
[2718] Тафсири Саъдӣ 1/816
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ
36. Оё осмонҳову заминро халқ кардаанд? На! Балки, онҳо боварӣ ба азоби Аллоҳ надоранд, пас онҳо мушриканд.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمۡ هُمُ ٱلۡمُصَۜيۡطِرُونَ
37. Оё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост ҳар гуна, ки хоҳанд дар он тасарруф мекунанд, ё ки онҳо ғолибу пурқувват ҳастанд бар махлуқҳои Аллоҳ? На! ҳаргиз чунин нест, балки онҳо оҷизу нотавон ҳастанд.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٞ يَسۡتَمِعُونَ فِيهِۖ فَلۡيَأۡتِ مُسۡتَمِعُهُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ
38. Оё нардбоне доранд, ки ба воситаи он ба сӯи осмон баромада асрори ваҳйро мешунаванд? Пас бояд шунавандаи онҳо бар ин даъво далелу ҳуҷҷати равшанеро биёрад, ки гӯё дар ҳақиқат хабардор аст аз амри Аллоҳ.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ لَهُ ٱلۡبَنَٰتُ وَلَكُمُ ٱلۡبَنُونَ
39. Оё Аллоҳро духтарон асту шуморо писарон чунонки даъвои дурӯғ мекунед?
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرٗا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٖ مُّثۡقَلُونَ
40. Оё ту эй Паёмбар аз мушрикон музде металабӣ барои таблиғи рисолат, пас онҳо аз додани он музд машаққат мекашанд?[2719]
[2719] Тафсири Саъдӣ 1/816
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ
41.Ё илми ғайб пеши онҳост, пас онҳо ҳар чи бихоҳанд менависанд онро барои одамон ва хабардорашон мекунанд? Не, инчунин нест, пас ба дурустӣ намедонад ҳеҷ кас илми ғайбро дар замину осмонҳо, магар Аллоҳ.[2720]
[2720] Тафсири Табарӣ 22/ 484
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ يُرِيدُونَ كَيۡدٗاۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هُمُ ٱلۡمَكِيدُونَ
42. Ё мехоҳанд ба Расулаллоҳ ва мӯъминон ҳиллае кунанд? Пас онҳое, ки кофиранд, бармегардад ҳиллаашон ба худашон.
Os Tafssir em língua árabe:
أَمۡ لَهُمۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
43.Ё онҳоро маъбудест, ки сазовори ибодат аст ғайр аз Аллоҳи барҳақ? Пок аст Аллоҳ аз ҳар чӣ шарикаш месозанд, пас нест Ӯро шарик дар подшоҳии Ӯ ва на дар ягонагии Ӯ ва на дар ибодати Ӯ.[2721]
[2721] Тафсири Саъдӣ 1/ 816
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِن يَرَوۡاْ كِسۡفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ سَاقِطٗا يَقُولُواْ سَحَابٞ مَّرۡكُومٞ
44. Ва агар мушрикон, порае аз абрро аз осмон, барои азобашон афтода бубинанд, боз ҳам аз куфри худ боз намеистанд, балки мегӯянд: Ин абрест бар рӯи ҳам нишастааст ва аз нишонаҳое, ки мебинанд, ибрат намегиранд.[2722]
[2722] Тафсирӣ Бағавӣ 7/ 394
Os Tafssir em língua árabe:
فَذَرۡهُمۡ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي فِيهِ يُصۡعَقُونَ
45. Пас, эй Паёмбар мушриконро ба ҳоли худ вогузор, то ба он рӯзе бирасанд, ки дар он рӯз аз сахтии он беҳуш мешаванд ва он рӯз қиёмат аст.
Os Tafssir em língua árabe:
يَوۡمَ لَا يُغۡنِي عَنۡهُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ
46. Рӯзе, ки найрангашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онон дур намекунад ва ба онҳо мададу ёрӣ дода намешавад.
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ عَذَابٗا دُونَ ذَٰلِكَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
47. Ва ҳароина, барои касоне, ки ситам мекунанд, азобест дар дунё пеш аз омадани азоби қиёмат,[2723] вале бештаринашон намедонанд.
[2723] Яъне, кушта мешаванд ва асир мешаванд ва ба азоби барзах дучор мешаванд.Тафсири Саъдӣ 1/ 818
Os Tafssir em língua árabe:
وَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعۡيُنِنَاۖ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
48. Ва эй Паёмбар дар баробари озору азияти кофирон ба фармони Парвардигорат сабр кун. Ҳароина, ту зери назари Мо ҳастӣ. Яъне, ҳамеша дар ҳифзи Мо мебошӣ. Ва чун аз хоб бармехезӣ, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй! [2724]
[2724] Дар ин оят исботи сифати ду чашм аст, ки лоиқ ба зоти бузургии Худаш мебошад бемисл ва бемонанд, чунонки дар суннат омадааст ва уламо ҳама бар ин ақидаанд. Лафз ба шакли ҷамъ омадааст, ки мақсад аз он таъзим мебошад.
Os Tafssir em língua árabe:
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَإِدۡبَٰرَ ٱلنُّجُومِ
49. Ва дар қисме аз шаб Ӯро ба покӣ ёд кун ва низ баъди ғоиб шудани ситорагон дар вақти саҳар ба покӣ ёд кун!.
Os Tafssir em língua árabe:
 
Tradução dos significados Surah: Suratu At-Tur
Índice de capítulos Número de página
 
Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir - Índice de tradução

Tradução dos significados do Alcorão em Tajik por Khawja Mirov Khawja. Corrigido pela supervisão do Rowwad Translation Center. A tradução original está disponível para sugestões, avaliação contínua e desenvolvimento.

Fechar