Check out the new design

Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov * - Përmbajtja e përkthimeve


Përkthimi i kuptimeve Surja: Fussilet   Ajeti:
فَقَضَىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَاتٖ فِي يَوۡمَيۡنِ وَأَوۡحَىٰ فِي كُلِّ سَمَآءٍ أَمۡرَهَاۚ وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفۡظٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ
12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард[2376]. Ва осмони дунёро ба чароғҳое (ситорагоне) биёростем ва ҳифзаш кардем [2377]. Ин аст тадбири (Аллоҳи) ғолибу доно.
[2376] Яъне, ба ҳамин тариқ осмонҳову заминҳоро дар шаш рӯз халқ кард. Ва ҳикмати офариниши онҳоро худаш медонад, ҳол он, ки қодир буд дар як лаҳзае онҳоро биёфарад.
[2377] Яъне, аз шайтонҳо, ки хабари осмонро надузданд. Тафсири Бағавӣ 7/ 166
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَقُلۡ أَنذَرۡتُكُمۡ صَٰعِقَةٗ مِّثۡلَ صَٰعِقَةِ عَادٖ وَثَمُودَ
13. Пас, агар рӯй гардонанд он мушрикон, баъд аз он, ки сифатҳои Қуръони накӯ ва сифатҳои Аллоҳи бузург ба онҳо баён шуд. Пас бигӯ ба онҳо: Шуморо аз раъду барқе метарсонам, монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд (ҳангоми кофир шуданашон) фурӯд омад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِذۡ جَآءَتۡهُمُ ٱلرُّسُلُ مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ قَالُواْ لَوۡ شَآءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةٗ فَإِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ
14. Он гоҳ ки расулон аз пешу паси онҳо (пай дар пай) наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Аллоҳи барҳақро мапарастед, (ба паёмбаронашон) гуфтанд : «Агар Парвардигори мо мехост, ки Ӯро ягона ибодат кунем ҳароина, фариштагонеро ба сифати паёмбарон аз осмон нозил мекард. Пас мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, аз имон овардан ба Аллоҳи ягона бовар надорем[2378].
[2378] Тафсири Табарӣ 21/ 443
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَأَمَّا عَادٞ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَقَالُواْ مَنۡ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةًۖ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَهُمۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ
15. Пас аммо Од (қавми Ҳуд) ба ноҳаққӣ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва (мағрурона) гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд, ки албатта, Аллоҳе, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёту ҳуҷҷатҳои Моро инкор мекарданд?
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِيٓ أَيَّامٖ نَّحِسَاتٖ لِّنُذِيقَهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَخۡزَىٰۖ وَهُمۡ لَا يُنصَرُونَ
16. Пас Мо низ боди сахти хунуки овоздор дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта, азоби охират хоркунандатар аст ва ҳеҷ касе барои манъ кардани азоб ба ёриашон барнахезад![2379]
[2379] Тафсири Бағавӣ 7/ 169
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيۡنَٰهُمۡ فَٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡعَمَىٰ عَلَى ٱلۡهُدَىٰ فَأَخَذَتۡهُمۡ صَٰعِقَةُ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡهُونِ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
17. Ва аммо Самуд (қавми Солеҳ )-ро, пас ҳамоно роҳи ҳақ ва рушдро барояшон баён кардем. Пас онҳо кӯриро бар ҳидоят ихтиёр карданд, пас ба хотири гуноҳҳое,[2380] ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.
[2380] Ба Аллоҳ куфр меоварданд ва паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَنَجَّيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ
18. Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, аз азобе, ки Оду Самудро фаро гирифт, наҷот додем.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَيَوۡمَ يُحۡشَرُ أَعۡدَآءُ ٱللَّهِ إِلَى ٱلنَّارِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ
19. Ва рӯзе, ки барангехта шаванд душманони Аллоҳ, пас онҳоро ронанд фариштаҳои азобкунанда ба сӯи дӯзах.
Tefsiret në gjuhën arabe:
حَتَّىٰٓ إِذَا مَا جَآءُوهَا شَهِدَ عَلَيۡهِمۡ سَمۡعُهُمۡ وَأَبۡصَٰرُهُمۡ وَجُلُودُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
20. Чун ба канори оташ оянд, аз иқрори гуноҳҳои худ саркашӣ кунанд, ин ҳангом гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.[2381]
[2381] Тафсири Саъдӣ 1/ 747
Tefsiret në gjuhën arabe:
 
Përkthimi i kuptimeve Surja: Fussilet
Përmbajtja e sureve Numri i faqes
 
Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov - Përmbajtja e përkthimeve

Përkthimi u bë nga Hoxha Mirov. Zhvillimi i kësaj vepre u bë i mundur nën mbikëqyrjen e Qendrës Ruvad et-Terxheme. Ofrohet studimi i origjinalit të përkthimit me qëllim dhënien e opinionit, vlerësimin dhe përmirësimin e vazhdueshëm.

Mbyll