Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஹூத்   வசனம்:
فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّمَّا يَعۡبُدُ هَٰٓؤُلَآءِۚ مَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُهُم مِّن قَبۡلُۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمۡ نَصِيبَهُمۡ غَيۡرَ مَنقُوصٖ
109. Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд бутҳояшонроҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро аз азоб бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард!
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ
110. Ва ҳамоноба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат,ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо ( яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, қуръон) сахт дар шубҳаанд.[1110]
[1110] Тафсири Саъдӣ 1/ 390
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِنَّ كُلّٗا لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمۡ رَبُّكَ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ إِنَّهُۥ بِمَا يَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
111. Ва қасам, ки албатта, Парвардигори туэй Паёмбарҷазои аъмоли ҳамаро ба пуррагӣ хоҳад дод ва ҳамоно Аллоҳ ба ҳар корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст![1111]
[1111] Тафсири Табарӣ 15/ 498
அரபு விரிவுரைகள்:
فَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطۡغَوۡاْۚ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
112. Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
113. Ва ба ситамкорон майл накунед, ки азоби оташи дӯзах шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!
அரபு விரிவுரைகள்:
وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّـَٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ
114. Ва намоз бигузор эй Паёмбар дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо (намозҳои панҷгона) бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон.[1112]
[1112]Дар ин оят ишорае аст ба намозҳои панҷвақта. Тафсири Саъдӣ 1/ 391
அரபு விரிவுரைகள்:
وَٱصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
115. Сабр кунэй Паёмбар ба барпой доштани намоз ва бар озору машаққатҳо, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ(барбод) намесозад![1113]
[1113] Тафсири Бағавӣ 4/ 205
அரபு விரிவுரைகள்:
فَلَوۡلَا كَانَ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِن قَبۡلِكُمۡ أُوْلُواْ بَقِيَّةٖ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡفَسَادِ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّنۡ أَنجَيۡنَا مِنۡهُمۡۗ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتۡرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجۡرِمِينَ
116. Пас чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.[1114]
[1114] Тафсири Бағавӣ 4/ 206
அரபு விரிவுரைகள்:
وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ بِظُلۡمٖ وَأَهۡلُهَا مُصۡلِحُونَ
117. Парвардигори туэй Паёмбар ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт.
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஹூத்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக