Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஸபஉ   வசனம்:
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ يَقُولُ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ أَهَٰٓؤُلَآءِ إِيَّاكُمۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ
40. Ба ёд ор эй Расул, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаро аз мушрикон ва малоикапарастон гирд оварад. Аллоҳ, он гоҳ малоикаҳоро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ أَنتَ وَلِيُّنَا مِن دُونِهِمۖ بَلۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ٱلۡجِنَّۖ أَكۡثَرُهُم بِهِم مُّؤۡمِنُونَ
41. Малоикаҳо мегӯянд: «Ту покӣ. Ту сарпараст ва корсози мо ҳастӣ, балки ин мушрикон ҷинҳоро мепарастиданд ва аксарашон ба онҳо имон доштанд».
அரபு விரிவுரைகள்:
فَٱلۡيَوۡمَ لَا يَمۡلِكُ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٖ نَّفۡعٗا وَلَا ضَرّٗا وَنَقُولُ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
42. Имрӯз дар қиёмат ҳеҷ як аз шумо наметавонад барои дигаре фоидаву зиёне дошта бошад. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا رَجُلٞ يُرِيدُ أَن يَصُدَّكُمۡ عَمَّا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُكُمۡ وَقَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّآ إِفۡكٞ مُّفۡتَرٗىۚ وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
43. Чун оёти равшани Мо бар он кофирони Макка хонда шуд, гуфтанд: «ин Муҳаммад мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин Қуръон ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Аллоҳ кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»
அரபு விரிவுரைகள்:
وَمَآ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّن كُتُبٖ يَدۡرُسُونَهَاۖ وَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمۡ قَبۡلَكَ مِن نَّذِيرٖ
44. Пеш аз ин китобҳое, ки онро бихонанд, ба он мушрикони араб надодаем ва пеш аз ту эй Расул бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَكَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَمَا بَلَغُواْ مِعۡشَارَ مَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ فَكَذَّبُواْ رُسُلِيۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ
45. Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, (мисли Оду Самуд) паёмбаронро дурӯғгӯ хонданд ва ин аҳли Макка худ ба даҳяки он чӣ ба онҳо дода будем, аз мол, қувват ва умр нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғгӯй шумориданд. Пас, уқубати Ман чӣгуна буд![2119]
[2119] Тафсири Табарӣ 20\416
அரபு விரிவுரைகள்:
۞ قُلۡ إِنَّمَآ أَعِظُكُم بِوَٰحِدَةٍۖ أَن تَقُومُواْ لِلَّهِ مَثۡنَىٰ وَفُرَٰدَىٰ ثُمَّ تَتَفَكَّرُواْۚ مَا بِصَاحِبِكُم مِّن جِنَّةٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا نَذِيرٞ لَّكُم بَيۡنَ يَدَيۡ عَذَابٖ شَدِيدٖ
46. Бигӯ эй Расул барои саркашон: «Ба таҳқиқ, шуморо дар як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои ибодати Аллоҳ бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам)[2120] ҳеҷ гуна девонагӣ нест. Ӯст, ки шуморо пеш аз омадани азоби сахт, бимдиҳандааст!»[2121]
[2120] Тафсири Саъдӣ 1\683
[2121] Тафсири Табарӣ 20\418
அரபு விரிவுரைகள்:
قُلۡ مَا سَأَلۡتُكُم مِّنۡ أَجۡرٖ فَهُوَ لَكُمۡۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٞ
47. Бигӯ эй Расул барои кофирон : «Ҳар музде, ки аз шумо хостаам, пас он барои шумо бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Аллоҳ аст. Ӯст, ки бар ҳама чиз гувоҳ аст!»
அரபு விரிவுரைகள்:
قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَّٰمُ ٱلۡغُيُوبِ
48. Бигӯ эй Расул: «ҳароина, Парвардигори ман сухани ҳақро бар дили паёмбарони худ меафканад. Он Парвардигоре, ки донои ғайбҳост!»[2122]
[2122] Тафсири Бағавӣ 6\405
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஸபஉ
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக