அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஸூரா அத்துகான்   வசனம்:

Сураи Духон (Дуд)

حمٓ
1. Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт).
அரபு விரிவுரைகள்:
وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин китоби равшангар (ҳам дар лафз ва ҳам дар маъно)!
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةٖ مُّبَٰرَكَةٍۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ
3. Ҳароина, Мо Қуръонро дар моҳи рамазон дар шаби муборак, ки шаби Қадр аст, нозил кардем. Ҳароина, Мо бимдиҳанда будаем мардумонро аз чизҳое ки онҳоро фоида ва зарар мерасонад.
அரபு விரிவுரைகள்:
فِيهَا يُفۡرَقُ كُلُّ أَمۡرٍ حَكِيمٍ
4. Дар шаби Қадр ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад ва ҳар чизе, ки дар як сол баъд рӯй медиҳад; аз зиндагӣ, марг, тавонгарӣ, фақр, хайр ва шар ва ғайра ҳамаро менависад,
அரபு விரிவுரைகள்:
أَمۡرٗا مِّنۡ عِندِنَآۚ إِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ
5. Ин фармоне аз ҷониби Мо буд. Ва ҳароина, Мо паёмбаронро фиристода будем, ки мардумро аз дастуроти Аллоҳ хабар диҳанд.
அரபு விரிவுரைகள்:
رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
6. Фиристодани паёмбарон раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту эй Расулшунаво ва доност, ки ҳама садоҳоро мешунавад ва ҳамаи умури зоҳирӣ ва ботиниро медонад.
அரபு விரிவுரைகள்:
رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ
7. Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар аҳли яқин ҳастед.
அரபு விரிவுரைகள்:
لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
8. Бидонед, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Зинда мекунаду мемиронад.. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. Пас маъбуди барҳақро ибодат кунед, ки Ӯ танҳо метавонад зарар ё фоида бирасонад, на маъбудони ботили шумо.[2501]
[2501]Тафсири Табарӣ 22\12
அரபு விரிவுரைகள்:
بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ يَلۡعَبُونَ
9. Балки, он мушрикҳо аз ҳақиқати Қуръон дар шакканд ва бозӣ мекунанд ва ба он бовар надоранд![2502]
[2502]Тафсири ибни Касир 7\246
அரபு விரிவுரைகள்:
فَٱرۡتَقِبۡ يَوۡمَ تَأۡتِي ٱلسَّمَآءُ بِدُخَانٖ مُّبِينٖ
10. Эй Расул чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад.
அரபு விரிவுரைகள்:
يَغۡشَى ٱلنَّاسَۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٞ
11. Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад. Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест.
அரபு விரிவுரைகள்:
رَّبَّنَا ٱكۡشِفۡ عَنَّا ٱلۡعَذَابَ إِنَّا مُؤۡمِنُونَ
12. Баъд аз он мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳароина, мо имон овардагонем».
அரபு விரிவுரைகள்:
أَنَّىٰ لَهُمُ ٱلذِّكۡرَىٰ وَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مُّبِينٞ
13. Аз куҷо панд мепазиранд баъд аз он ки азоб бар онҳо фуруд омад? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуда буд.
அரபு விரிவுரைகள்:
ثُمَّ تَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ وَقَالُواْ مُعَلَّمٞ مَّجۡنُونٌ
14. Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: Ӯ девонаест таълимёфта! (Яъне одамӣ ё коҳине ба ӯ таълим додааст, ӯ паёмбар нест!)[2503]
[2503] Тафсири Бағавӣ 7\230
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّا كَاشِفُواْ ٱلۡعَذَابِ قَلِيلًاۚ إِنَّكُمۡ عَآئِدُونَ
15.Ҳароина, Мо азобро андаке бармедорем ва ба зудӣ, ки шумо, албатта, боз ба куфру ширки худ бармегардед.
அரபு விரிவுரைகள்:
يَوۡمَ نَبۡطِشُ ٱلۡبَطۡشَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ إِنَّا مُنتَقِمُونَ
16. Рӯзе ҳамаи он кофирҳоро дар қиёмат ба гирифтории бузурге сахт фурӯ гирем[2504], ки ҳароина, Мо аз он кофирон интиқомгирандаем![2505]
[2504] Яъне, ба азоби сахте азоб кунем.
[2505] Тафсири Табарӣ 22\23
அரபு விரிவுரைகள்:
۞ وَلَقَدۡ فَتَنَّا قَبۡلَهُمۡ قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَ وَجَآءَهُمۡ رَسُولٞ كَرِيمٌ
17.Ваҳароина, пеш аз он мушрикҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо алайҳиссалом) наздашон омад, вале ӯро дурӯғ бароварданд ва ҳалок гаштанд. Пас инчунин интиқом мегирем аз душманони ту эй Расул, агар имон наоранд
அரபு விரிவுரைகள்:
أَنۡ أَدُّوٓاْ إِلَيَّ عِبَادَ ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
18. Мӯсо барояшон гуфт: ки бандагони Аллоҳро ба ман бисупоред, то Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд, ки ҳаройина, ман бар рисолати Парвардигорам паёмбари аминам[2506].
[2506] Тафсири ибни Касир 7\251
அரபு விரிவுரைகள்:
وَأَن لَّا تَعۡلُواْ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنِّيٓ ءَاتِيكُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ
19. Ва низ бар Аллоҳ бартарӣ маҷӯед[2507], ки ҳароина, ман бо ҳуҷҷати равшане назди шумо омадаам.
[2507] Такаббур ва гарданкашӣ накунед
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِنِّي عُذۡتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمۡ أَن تَرۡجُمُونِ
20. Ҳароина, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, аз ин ки маро сангборон кунед
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِن لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ لِي فَٱعۡتَزِلُونِ
21. ва агар ба паёмбарии ман имон намеоваред, аз ман канорагирӣ кунед ва маро озору азият надиҳед.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنَّ هَٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٞ مُّجۡرِمُونَ
22. Чун Фиръавн ва қавмаш ба ӯ имон наоварданд. Пас, Мӯсо Парвардигорашро ба дуъо хонд, ки ин мушрикҳо мардуми гунаҳкоранд.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَأَسۡرِ بِعِبَادِي لَيۡلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ
23. Аллоҳ ба Мӯсо амр намуд, ки бандагони Маро ҳангоми шаб равона кун, ҳароина, шумо аз тарафи Фиръавн ва лашкараш дунболагирӣ карда мешавед.[2508]
[2508] Тафсири Бағавӣ 7\231
அரபு விரிவுரைகள்:
وَٱتۡرُكِ ٱلۡبَحۡرَ رَهۡوًاۖ إِنَّهُمۡ جُندٞ مُّغۡرَقُونَ
24. Баҳрро, ки ором аст, пушти сар гузор, (яъне, баҳрро бар ҳамон шакле, ки баъд аз гузаштанат аз он қарор дорад, вогузор), то Фиръавн ва қавмаш бо итминон вориди он шаванд, ки ҳароина, онҳо лашкаре ғарқшаванда ҳастанд.[2509]
[2509] Тафсири ибни Касир 7\252
அரபு விரிவுரைகள்:
كَمۡ تَرَكُواْ مِن جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
25. Он Фиръавниёни ғарқшуда баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
அரபு விரிவுரைகள்:
وَزُرُوعٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ
26. ва киштзорҳову хонаҳои некӯро
அரபு விரிவுரைகள்:
وَنَعۡمَةٖ كَانُواْ فِيهَا فَٰكِهِينَ
27. ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
அரபு விரிவுரைகள்:
كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ
28. Инчунин буд кори азоб ва даргирифти Мо ва Мо он неъматҳоро баъд аз Фиръавн ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَمَا بَكَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَا كَانُواْ مُنظَرِينَ
29. На осмон бар онҳо Фиръавн ва лашкараш гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки азоб аз онҳо ба таъхир афтад[2510].
[2510]Тафсири ибни Касир 7\253
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَقَدۡ نَجَّيۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ مِنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ
30. Ва ҳароина, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда, ки Фиръавниён фарзандони писарашонро кушта ва занонашонро барои хидмат зинда нигоҳ медоштанд, наҷот додем.[2511]
[2511] Тафсири Саъдӣ 1\773
அரபு விரிவுரைகள்:
مِن فِرۡعَوۡنَۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَالِيٗا مِّنَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
31. Онҳоро аз чанги Фиръавн наҷот додем, ҳароина, ӯ аз мутакаббирони ситамкор буд.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَقَدِ ٱخۡتَرۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ عِلۡمٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ
32. Ва ҳароина, бани Исроилро дониста бар оламиён баргузидем ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем[2512]
[2512] Тафсири Табарӣ 27\37
அரபு விரிவுரைகள்:
وَءَاتَيۡنَٰهُم مِّنَ ٱلۡأٓيَٰتِ مَا فِيهِ بَلَٰٓؤٞاْ مُّبِينٌ
33. Ва оёте аз муъҷизоти Мӯсо ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳони ошкоре буд.
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَيَقُولُونَ
34. Албатта, инҳо мушрикони қавми ту мегӯянд:
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنۡ هِيَ إِلَّا مَوۡتَتُنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُنشَرِينَ
35. Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин чизи дигаре нест ва мо дигар бор баъд аз маргамон барои ҳисоб ва савоб ва азоб зинда намешавем.[2513]
[2513] Тафсири Бағавӣ 7\233
அரபு விரிவுரைகள்:
فَأۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
36. Эй Муҳаммад, мушрикон ба ту ва қавмат мегӯянд: агар рост мегӯед, ки мо ду бора зинда мешавем, пас падарони моро ба ҷаҳон бозоваред.[2514]
[2514] Яъне, онҳоро зинда кунед. Тафсири Бағавӣ 7\233
அரபு விரிவுரைகள்:
أَهُمۡ خَيۡرٌ أَمۡ قَوۡمُ تُبَّعٖ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ
37. Оё ин мушрикҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ[2515] ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чун Од ва Самуд ва монанди онҳо? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳароина, онҳо гунаҳгорон буданд. Пас ҳалок сохтани мушрикон, ки дар қудрату тавоноӣ аз онҳо поёнтаранд, ҳеҷ шакке нест, ки бар Аллоҳ осон аст.[2516]
[2515] Қуртубӣ раҳматуллоҳи алайҳ мегӯяд: мурод аз Туббаъ шоҳони Ямананд, зеро лақаби шоҳонашон “Туббаъ” буд. “Туббаъ” лақабшуморӣ аз шоҳони Ҳимяри Арабистони ҷанубӣ дар асрҳои чорум ва панҷуми милодӣ буд.
[2516] Тафсири Табарӣ 22\40
அரபு விரிவுரைகள்:
وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ
38. Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозӣ беҳуда ва беҳадаф наёфаридаем.
அரபு விரிவுரைகள்:
مَا خَلَقۡنَٰهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
39. Магар ин ки он ду чизро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон, ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд[2517].
[2517] Тафсири Табарӣ 22\41
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ مِيقَٰتُهُمۡ أَجۡمَعِينَ
40. Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст.
அரபு விரிவுரைகள்:
يَوۡمَ لَا يُغۡنِي مَوۡلًى عَن مَّوۡلٗى شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ
41. Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
அரபு விரிவுரைகள்:
إِلَّا مَن رَّحِمَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
42. магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.[2518]
[2518] Тафсири Бағавӣ 7\235
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ
43. Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд,
அரபு விரிவுரைகள்:
طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ
44. таъоми гунаҳкорон аст.Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст.
அரபு விரிவுரைகள்:
كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ
45. Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад.
அரபு விரிவுரைகள்:
كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ
46. Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон.
அரபு விரிவுரைகள்:
خُذُوهُ فَٱعۡتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ
47. Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед[2519]
[2519] Тафсири Бағавӣ 7\236
அரபு விரிவுரைகள்:
ثُمَّ صُبُّواْ فَوۡقَ رَأۡسِهِۦ مِنۡ عَذَابِ ٱلۡحَمِيمِ
48. ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.[2520]
[2520] Тафсири Табарӣ 22\48
அரபு விரிவுரைகள்:
ذُقۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡكَرِيمُ
49.Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ![2521]
[2521] Тафсири Саъдӣ 1\774
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِۦ تَمۡتَرُونَ
50. Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед[2522].
[2522] Тафсири Табарӣ 22\50
அரபு விரிவுரைகள்:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٖ
51. Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,[2523]
[2523]Тафсири ибни Касир 7\261
அரபு விரிவுரைகள்:
فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
52.дар боғҳо ва чашмасорҳои равон,
அரபு விரிவுரைகள்:
يَلۡبَسُونَ مِن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَقَٰبِلِينَ
53. либосҳои аз сундусу истабрақ[2524] мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.[2525]
[2524]Сундус: абрешими нозук ва “истабрақ”: абрешими дурушт
[2525] Тафсири Саъдӣ 1\774
அரபு விரிவுரைகள்:
كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ
54. Чунонки парҳезгоронро дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.[2526]
[2526] Тафсири Табарӣ 22\52
அரபு விரிவுரைகள்:
يَدۡعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَٰكِهَةٍ ءَامِنِينَ
55. Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд.
அரபு விரிவுரைகள்:
لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ وَوَقَىٰهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ
56. Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
57. Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург!
அரபு விரிவுரைகள்:
فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ
58. Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд![2527]
[2527] Тафсири Табарӣ 22\53
அரபு விரிவுரைகள்:
فَٱرۡتَقِبۡ إِنَّهُم مُّرۡتَقِبُونَ
59. Эй Расул, ту мунтазир бош, пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.[2528]
[2528] Тафсири ибни Касир 7\263
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: ஸூரா அத்துகான்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

புனித அல் குர்ஆனுக்கான தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு- கோஜா மேரோவ் கோஜா மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டு அர்ருவ்வாத் மொழிபெயர்ப்பு நிலையத்தின் மேற்பார்வையில் திருத்தப்பட்டது.மேலதிக ஆலோசனைகள், தொடர்ச்சியான மதிப்பீடு மற்றும் மேம்படுத்தல் என்பவற்றுக்காக மொழிபெயர்ப்பின் மூலப்பிரதி பார்வைக்காக விடப்பட்டுள்ளது.

மூடுக