Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அர்ரஹ்மான்   வசனம்:
مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ
19. Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд.
அரபு விரிவுரைகள்:
بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٞ لَّا يَبۡغِيَانِ
20. Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан).
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
21.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ
22.Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
23.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ
24.Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
25.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ
26.Ҳар чӣки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ
27.Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.[2781]
[2781] Дар ин оят исботи сифати рӯйи омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
28.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنٖ
29. Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.[2782]
[2782] Тафсири Саъдӣ 1/830
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
30.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ
31. Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб медиҳем.[2783]
[2783] Тафсири Саъдӣ 1/830
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
32. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ
33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.[2784]
[2784] Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
34.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ
35.Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад , пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).[2785]
[2785] Тафсири Табарӣ 23/48
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةٗ كَٱلدِّهَانِ
37. Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
38.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسٞ وَلَا جَآنّٞ
39. Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
40.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
அரபு விரிவுரைகள்:
يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ
41. Фариштагон гунаҳкоронроаз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.[2786]
[2786] Тафсири Саъдӣ 1/831
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அர்ரஹ்மான்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக