Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அல்அஃராப்   வசனம்:
حَقِيقٌ عَلَىٰٓ أَن لَّآ أَقُولَ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّۚ قَدۡ جِئۡتُكُم بِبَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَرۡسِلۡ مَعِيَ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
105. Шоиста аст, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман барои тасдиқ кардани паёмбарии худ ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Бани Исроилро озод кун ва бо ман бифирист, то ба замини муқаддас бозгарданд ва Аллоҳро парастиш кунанд»[703].
[703] Тафсири Бағавӣ 2\262
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالَ إِن كُنتَ جِئۡتَ بِـَٔايَةٖ فَأۡتِ بِهَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
106. Фиръавн гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар, ки ту фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастӣ».
அரபு விரிவுரைகள்:
فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ
107. Пас Мӯсо асояшро ба замин андохт, ногаҳон он аждаҳои воқеӣ шуд.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ
108. Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд.
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ
109. Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин шахс ҷодугари доно аст,
அரபு விரிவுரைகள்:
يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُمۡۖ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ
110. мехоҳад ҳамаи шуморо аз сарзаминатон (аз Миср) берун кунад. Фиръавн гуфт: Эй қавм чӣ мефармоед?»
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَأَرۡسِلۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ
111. Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва ба онон мӯҳлат бидеҳ ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист то ҳамаро ҷамъ кунанд[704],
[704] Тафсири Саъдӣ 1\299
அரபு விரிவுரைகள்:
يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٖ
112. то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд».
அரபு விரிவுரைகள்:
وَجَآءَ ٱلسَّحَرَةُ فِرۡعَوۡنَ قَالُوٓاْ إِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
113. Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар пирӯз шавем, моро мукофоте ҳаст?»
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ لَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ
114. Гуфт: «Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд».
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلۡقِيَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ نَحۡنُ ٱلۡمُلۡقِينَ
115. Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту он чиро ҳамроҳи худ дорӣ бияндоз ё мо бияндозем?»
அரபு விரிவுரைகள்:
قَالَ أَلۡقُواْۖ فَلَمَّآ أَلۡقَوۡاْ سَحَرُوٓاْ أَعۡيُنَ ٱلنَّاسِ وَٱسۡتَرۡهَبُوهُمۡ وَجَآءُو بِسِحۡرٍ عَظِيمٖ
116. Мусо (алайҳиссалом) гуфт: «Шумо бияндозед». Чун ресмон ва асоҳояшонро андохтанд ногоҳ бар асариҷодуяшон ресмонҳо ба морҳо табдил шуданд, ки роҳ мерафтанд[705], чашмони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд.
[705] Тафсири Бағавӣ 3\265
அரபு விரிவுரைகள்:
۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَلۡقِ عَصَاكَۖ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ
117. Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногаҳ диданд, фурӯ мебарад он морҳоеро, ки ба дурӯғ сохта буданд ва ба он мардумро фиреб медоданд.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَوَقَعَ ٱلۡحَقُّ وَبَطَلَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
118. Пас ҳақ ба субут расид ва зоҳир шуд, корҳои ҷодугарон ботил гардид.
அரபு விரிவுரைகள்:
فَغُلِبُواْ هُنَالِكَ وَٱنقَلَبُواْ صَٰغِرِينَ
119. Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору зор бозгаштанд. (Пас онон донистанд ин нишона ва мӯъҷизаи бузург аз нишонаҳои Аллоҳ аст, ки онро ҷуз ба паёмбарон ба ҳеҷ кас намедиҳад)[706]
[706] Тафсири Саъдӣ 1\299
அரபு விரிவுரைகள்:
وَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ
120. Ҷодугарон ба саҷда афтоданд.
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அல்அஃராப்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக