Check out the new design

పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ * - అనువాదాల విషయసూచిక


భావార్ధాల అనువాదం సూరహ్: యూనుస్   వచనం:
۞ وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ نُوحٍ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكُم مَّقَامِي وَتَذۡكِيرِي بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَعَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡتُ فَأَجۡمِعُوٓاْ أَمۡرَكُمۡ وَشُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُنۡ أَمۡرُكُمۡ عَلَيۡكُمۡ غُمَّةٗ ثُمَّ ٱقۡضُوٓاْ إِلَيَّ وَلَا تُنظِرُونِ
71. Барои куффори Макка қиссаи Нӯҳро бихон, он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам. Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯҳлат надиҳед!
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَمَا سَأَلۡتُكُم مِّنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
72. Ва агар аз даъвати ман рӯй гардонед ба ман зиёне намерасонед ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам ва музди ман ғайр аз Аллоҳ аз каси дигаре нест ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ خَلَٰٓئِفَ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ
73. Пас қавмаш Нӯҳро дурӯғ шумориданд. Мо ӯ ва ҳамроҳонашро дар киштӣ наҷот додем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас эй Расул бингар, ки оқибати бимдодашудагон (яъне касоне, ки туро дурӯғ шумориданд ва бар куфрашон давомат карданд) чӣ гуна буд![1007]
[1007] Тафсири Табарӣ 15 \153
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ نَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡمُعۡتَدِينَ
74. Сипас баъди Нӯҳ паёмбароне ( чун Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут ва Шуайб ва дигаронро) бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳои равшане оварданд бар ҳақ будани паёмбариашон, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, насиҳатҳои паёмбаронро қабул накарданд ва имон наоварда буданд. Ҳамчунин бар дилҳои таҷовузкорон мӯҳр мениҳем![1008]
[1008] Тафсири Табарӣ 15\154
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ وَهَٰرُونَ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ
75. Ва пас аз паёмбароне, ки баъди Нӯҳ ба сӯи қавмашон фиристода будем, Мӯсову Ҳорунро низ ҳамроҳи оётамон бар Фиръавну бузургони қавмаш фиристодем. Ва онон саркашӣ карданд ва мардуми табаҳкоре буданд.[1009]
[1009] Тафсири Табарӣ 15\155
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰذَا لَسِحۡرٞ مُّبِينٞ
76. Ва чун ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд, ки ин ҷодуе ошкор аст.
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
قَالَ مُوسَىٰٓ أَتَقُولُونَ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَكُمۡۖ أَسِحۡرٌ هَٰذَا وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّٰحِرُونَ
77. Мӯсо (бо тааҷҷуб) гуфт: «Оё сухани ҳақро, ки инак, бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон дар дунёву охират наҷот намеёбанд!»[1010]
[1010] Тафсири Саъдӣ 1\370
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِتَلۡفِتَنَا عَمَّا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَا وَتَكُونَ لَكُمَا ٱلۡكِبۡرِيَآءُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا نَحۡنُ لَكُمَا بِمُؤۡمِنِينَ
78. Гуфт Фиръавн ва қавмаш барои Мӯсо: «Оё пеши мо омадаӣ, то моро аз он дин, ки бар он падарони худро ёфтаем, дур созӣ, мехоҳед шумо (Мӯсо ва бародараш ҳорун) дар замин бузургӣ ва роҳбарӣ барои ду нафари шумо бошад. Вале мо ба шумо боварӣ надорем!»
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
 
భావార్ధాల అనువాదం సూరహ్: యూనుస్
సూరాల విషయసూచిక పేజీ నెంబరు
 
పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ - అనువాదాల విషయసూచిక

దాని అనువాదకులు ఖాజా మీరోఫ్ ఖాజా మీర్. ఇది రువాద్ అనువాద కేంద్రం యొక్క పర్యవేక్షణలో అభివృద్ధి చేయబడింది మరియు అభిప్రాయం, మూల్యాంకనం మరియు నిరంతర అభివృద్ధి కోసం అసలు అనువాదం సమీక్ష కోసం అందుబాటులో ఉంది.

మూసివేయటం