2.Ҳароина, Мо ин китобро бар ту эй Расул нозил кардем, ки он ба ҳақиқат ва адолат амр менамояд. Пас, Аллоҳро бипараст ва тамоми дини худро барои Ӯ холис гардон![2265]
3. Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоъат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чӣ аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод.Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
5. Осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз мепечад ва рӯзро бар шаб мепечад[2266]. Ва офтобу моҳро ба нафъи бандагон ром гардонид ва ҳар як дар мадори худ то замони муайяне дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманд бар халқаш ва омӯрзанда аст, барои тавбакунандагон!
[2266] Яъне, шаб меояд ва рӯз меравад ва рӯз меояд, шаб меравад.
6. Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занашро Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала[2267]дар даруни торикиҳои сегона[2268] офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто,ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?[2269]
8. Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуъо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад . Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуъоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»[2270]
18. Он касоне, ки ба сухани ҳақ аз китоби Аллоҳ ва аз суннати Расули Аллоҳ гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он чӣ фармон ёфтаанд пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ба роҳи рост тавфиқ ва ба некӯтарин ахлоқ ҳидояташон кардааст ва инҳо хирадмандонанд.[2277]
20. Аммо онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, ва Ӯро бо ихлос ибодат карданд барояшон иморатҳоест бар болои ҳам сохта, ки аз зери дарахтони он ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Аллоҳ аст барои бандагони парҳезгораш ва Аллоҳ ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!
23. Аллоҳ беҳтарин суханро нозил кардааст, ки Қуръон аст. Китобе, ки оёташ муташобеҳ[2278] (монанди якдигар) ва мукаррар[2279] аст, ки аз шунидани он пӯстҳои бадани касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ба ларза меафтад. Сипас пӯстҳояшон ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ нарм мешавад ва ором мегирад. Ин роҳи Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!
[2278] Яъне: баъзе аз оёти Қуръон бо баъзе дигари он дар зебоӣ, ҳукм, сиҳатии маъно, баён ва расидан то бартарин дараҷаҳои балоғат монандӣ дорад. [2279]Яъне: достонҳо, андарзҳо ва аҳком дар он ба такрорр меоянд.
28. Қуръонро ба забони арабӣ, лафзҳояш равшан ва маъноҳояш осон бе ҳеҷ каҷӣ ва костагӣ нозил кардем. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд, бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш.
29. Аллоҳ масале мезанад: «Мардеро, ки ғулом аст чанд молики носозгор дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва ҳар яке аз онҳо мехоҳад, ки гуфтаи ӯро кунад ва марди, дигаре, ки ғулом аст, танҳо аз они як молик мебошад. Оё ин ду ғулом бо ҳам баробаранд? Албатта баробар намешаванд. Инчунин мушрик дар ҳайронӣ ва шак аст ва мӯъмин дар роҳат ва оромӣ аст. Сипос Аллоҳро. Балки, аксари онҳо ҳақро намедонанд, то пайравии он кунанд.
33. Ва касе, ки аз паёмбарон, ҳақиқат ва ростиро дар сухану кирдораш бо худ овард ва пайравони Расул аз рӯи имон ва амал онро тасдиқ кард, онон парҳезгоронанд ва сарпешвои онҳо паёмбари охирзамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва саҳобагони ӯ ҳастанд, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад.[2283]
35. то Аллоҳ бадтарин амалҳоеро, ки дар дунё кардаанд, ба сабаби тавбаашон аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чӣ ки дар дунё кардаанд, подошашон диҳад ва он ҷаннат аст.[2284]
41. Ҳароина, Мо ин китоби Қуръонро ба ҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ба равшании он ҳидоят ёфт, ва ба он амал кард ба нафъи худи ӯст ва ҳар ки ба он амал накард ва аз роҳи ҳақ гумроҳ шуд, албатта, ба зарари худ ба гумроҳӣ афтодааст ва ту эй Расул вакили аъмоли онҳо нестӣ, то амалҳояшонро муҳофизат намоӣ ва бар он чи кӣ мехоҳӣ маҷбур созӣ, балки вазифаи ту танҳо расондани ҳақ аст.
46. Бигӯ: « Ё Илоҳо, Тӯӣ падидоварандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ мекунӣ». Ҳидоят фармо маро ба изни худ дар он чи ихтилоф шудааст аз ҳақ, Ту худ ҳидоят мекунӣ ба роҳи рост, касеро, ки мехоҳӣ.[2288]
[2288] Ин яке аз дуъоҳои Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд ва низ таълимотест барои бандагон, ки бо ин дуъо ба Аллоҳ илтиҷо ва тазарруъ кунанд
47. Ҳароина, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст аз мол ва захираҳо ва монанди он ҳамроҳаш аз они ситамкорон бошад, ки дар рӯзи қиёмат онро бидиҳанд, то аз азоби Аллоҳ раҳоӣ ёбанд аз онҳо пазируфта намешавад ва ҳеҷ чизе азоби Аллоҳро аз онҳо дур намесозад ва аз сӯи Аллоҳ барояшон чизҳое ошкор шавад, ки ҳаргиз дар дунё омадани онро гумон намекарданд.[2289]
50. Ҳароина, касоне ки пеш аз онҳо буданд монанди Қорун ва дигарон, низ ин суханро гуфтанд, ки мо ин неъматро бар асоси илме ки дорем, додашудаем пас он чӣ ба даст оварда буданд аз молу фарзандон ва баҳраи дунё барояшон фоидае набахшид ва азобро аз онон дур накард.[2291]
55. Ва аз беҳтарин чизе, ки Қуръон аст, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва фармудаҳояшро иҷро намоед ва аз манъкардашудаҳояш дур истед, пеш аз он ки ногаҳон азоб ба суроғи шумо ояд, дар ҳоле, ки шумо аз он бехабаред.
58. Ё чун азобро рӯзи ҳисоб бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегаштам, аз накӯкорон мешудам![2294]»
[2294] Яъне, кош, аз зумраи он касоне, мешудам, ки дар дунё ба некӯтарин ваҷҳ тоъати Парвардигорашонро итоъат кардаанд ва ба фармудаҳои паёмбарон некӯтар амал кардааанд.
61. Ва Аллоҳ парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар дунё пеш гирифта буданд, аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ аз азоби ҷаҳаннам нарасад ва на онҳо ғаму андӯҳгин бошанд бар он чи ки аз насибаҳояи дунё аз даст додаанд.[2296]
63. Калидҳои (хазинаҳои) осмонҳову замин назди Ӯст, касеро аз бандагонаш бихоҳад, медиҳад ва онҳо, ки ба оёти (Қуръони) Аллоҳ кофир шудаанд. Ва аз дунё беимон рафтаанд ва дар охират дар дӯзах ҷовидон мондаанд ва онҳо аз зиёндидагон ҳастанд.[2298]
65.Ва ба таҳқиқ ба ту эй Расул ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, ҳамаи амалҳоятон ночиз гардад ва дар дину охирати худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.[2300]
67. Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст[2301]. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.
[2301] Дар оят аз сифоти зоти Аллоҳ, дасти рост ва мушт ва печидани осмонҳо дар ҳам исбот шудааст. Ин сифатҳо, бе чӣ гунагӣ ва бе монандӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати Аллоҳ мекунанд, исбот карда мешавад.
69. Ва замин дар рӯзи қиёмат барои ҳукми бандагон ба нури Парвардигораш равшан шавад ва малоикаҳо номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд[2303] ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе на каму на беш ситаме намешавад.
[2303] Яъне, паёмбарон оварда мешаванд то дар хусуси расонидани паёми Илоҳӣ ба умматҳояшон пурсида шаванд ва бар зидди онҳо гувоҳӣ диҳанд. Тафсири Саъдӣ 1\729
పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ - అనువాదాల విషయసూచిక
ఖురాన్ యొక్క అర్థాలను తాజిక్ లోకి అనువదించడం. దాని అనువాదకులు ఖాజా మీరోఫ్ ఖాజా మీర్. సెంటర్ ఫర్ ట్రాన్స్ లేషన్ పయినీర్ల పర్యవేక్షణలో ఇది సరిచేయబడింది మరియు అభిప్రాయం, మదింపు మరియు నిరంతర అభివృద్ధి కొరకు ఒరిజినల్ ట్రాన్స్ లేషన్ యాక్సెస్ లభ్యం అవుతుంది.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
అన్వేషణ ఫలితాలు:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".