Check out the new design

పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ * - అనువాదాల విషయసూచిక


భావార్ధాల అనువాదం సూరహ్: అల్-అరాఫ్   వచనం:
قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ إِنِّي ٱصۡطَفَيۡتُكَ عَلَى ٱلنَّاسِ بِرِسَٰلَٰتِي وَبِكَلَٰمِي فَخُذۡ مَآ ءَاتَيۡتُكَ وَكُن مِّنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
144. Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, Ман бо паёмҳоям ва сухан гуфтанам туро бевосита аз миёни мардум бартарӣ додам ва баргузидам, пас бигир он чиро ба ту додаам, аз амру наҳй ва аз сипосгузорон бош ва талаб макун он чиро, ки ту бар он тоқат надорӣ!»[727]
[727] Тафсири ибни Касир 3\473
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
وَكَتَبۡنَا لَهُۥ فِي ٱلۡأَلۡوَاحِ مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡعِظَةٗ وَتَفۡصِيلٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ فَخُذۡهَا بِقُوَّةٖ وَأۡمُرۡ قَوۡمَكَ يَأۡخُذُواْ بِأَحۡسَنِهَاۚ سَأُوْرِيكُمۡ دَارَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
145. Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панде, ки бандагон ба он ниёз (эҳтиёҷ) доранд ва тафсили ҳар чизеро аз аҳкоми шаръӣ, ақидаҳо ва ахлоқу одоб навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ (ҷиддӣ ва саъю кӯшиш) бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, пас касе аз онҳо ё ғайри онҳо ба Ман шарик орад, ба зудӣ ба шумо бошишгоҳи фосиқон ва гунаҳкоронро нишон диҳам ва оташест, ки Аллоҳ онро барои душманонаш омода кардааст».[728]
[728] Тафсири Табарӣ 13\110
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
سَأَصۡرِفُ عَنۡ ءَايَٰتِيَ ٱلَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَإِن يَرَوۡاْ كُلَّ ءَايَةٖ لَّا يُؤۡمِنُواْ بِهَا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلرُّشۡدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلۡغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗاۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ عَنۡهَا غَٰفِلِينَ
146. Он касонеро, ки ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз фаҳми оёти хеш ва далелҳое, ки бар бузургии Ман ва шариъат ва аҳкоми Ман далолат мекунанд, дилҳояшонро боздорам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, (ки ибодат ба ҷуз Аллоҳ ба касе сазовор нест), ба сабаби кибрашон имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд ва онро барои худ дин гиранд. Зеро инҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд ва тафаккур дар оёти Аллоҳ намекунанд ва ибрат намегиранд.[729]
[729] Тафсири Табарӣ 13 \115
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآءِ ٱلۡأٓخِرَةِ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡۚ هَلۡ يُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
147. Ва аъмоли касоне, ки оятҳои Мо ва мулоқоти охиратро дурӯғ доштанд, нобуд шавад[730] онҳо ҷуз ба он чи мекарданд, ҷазо дода нашаванд. (Яъне, мувофиқи кирдорашон ҷазояшон хоҳем дод, агар нек бошад, нек аст, бад бошад, бад аст)[731]
[730]Чунки амалҳои онҳо асосе надорад, зеро шарти асосии он вуҷуд надорад ва он; имон доштан ба оёти Аллоҳ ва тасдиқ кардан ба подош ва ҷазои Ӯст. Тафсири Саъдӣ 1\ 302
[731] Тафсири ибни Касир 3\475
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
وَٱتَّخَذَ قَوۡمُ مُوسَىٰ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِنۡ حُلِيِّهِمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٌۚ أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّهُۥ لَا يُكَلِّمُهُمۡ وَلَا يَهۡدِيهِمۡ سَبِيلًاۘ ٱتَّخَذُوهُ وَكَانُواْ ظَٰلِمِينَ
148. Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд.[732] Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро барои худмаъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
[732]Ҷасадеро сохтанд аз тилло ва ҷон надошт ва аз он овозе мебаромад. Тафсири Бағавӣ 3\283
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
وَلَمَّا سُقِطَ فِيٓ أَيۡدِيهِمۡ وَرَأَوۡاْ أَنَّهُمۡ قَدۡ ضَلُّواْ قَالُواْ لَئِن لَّمۡ يَرۡحَمۡنَا رَبُّنَا وَيَغۡفِرۡ لَنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
149. Ва чун баъд аз омадани Мӯсо аз муноҷоти Парвардигораш аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтаанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмӯрзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».
అరబీ భాషలోని ఖుర్ఆన్ వ్యాఖ్యానాలు:
 
భావార్ధాల అనువాదం సూరహ్: అల్-అరాఫ్
సూరాల విషయసూచిక పేజీ నెంబరు
 
పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ - అనువాదాల విషయసూచిక

దాని అనువాదకులు ఖాజా మీరోఫ్ ఖాజా మీర్. ఇది రువాద్ అనువాద కేంద్రం యొక్క పర్యవేక్షణలో అభివృద్ధి చేయబడింది మరియు అభిప్రాయం, మూల్యాంకనం మరియు నిరంతర అభివృద్ధి కోసం అసలు అనువాదం సమీక్ష కోసం అందుబాటులో ఉంది.

మూసివేయటం