Check out the new design

قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير * - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى


مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: ئىبراھىم   ئايەت:
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَأۡتِ بِخَلۡقٖ جَدِيدٖ
19. Оё надидаӣ[1252], ки Аллоҳ осмонҳову заминро бар ҳақ офаридааст? (Ва офариниши ҳар ду бар камоли қудрати Аллоҳ далолат мекунанд, то Ӯро ба танҳоӣ парастиш кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд) Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва офариниши нав меоварад.[1253]
[1252] Мурод аз ин хитоб барои ҳамаи мардум аст
[1253] Тафсири Саъдӣ 1\424
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٖ
20. Ва ин ҳалок шуданатон ва дар ҷои шумо махлуқи нав овардан барои Аллоҳмушкил нест.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَبَرَزُواْ لِلَّهِ جَمِيعٗا فَقَالَ ٱلضُّعَفَٰٓؤُاْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا كُنَّا لَكُمۡ تَبَعٗا فَهَلۡ أَنتُم مُّغۡنُونَ عَنَّا مِنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۚ قَالُواْ لَوۡ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ لَهَدَيۡنَٰكُمۡۖ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَجَزِعۡنَآ أَمۡ صَبَرۡنَا مَا لَنَا مِن مَّحِيصٖ
21. Ва ҳама халоиқ аз зери қабрҳо берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳ ҳозир шаванд. Нотавонон (тобеъон) ба мутакаббирон (пешвоён) гӯянд: «Мо пайравони шумо будем. Оё акнун метавонед андаке аз азоби Аллоҳаз мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем».[1254]
[1254] Тафсири Саъдӣ 1\424
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَقَالَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لَمَّا قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ إِنَّ ٱللَّهَ وَعَدَكُمۡ وَعۡدَ ٱلۡحَقِّ وَوَعَدتُّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُكُمۡۖ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنٍ إِلَّآ أَن دَعَوۡتُكُمۡ فَٱسۡتَجَبۡتُمۡ لِيۖ فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوٓاْ أَنفُسَكُمۖ مَّآ أَنَا۠ بِمُصۡرِخِكُمۡ وَمَآ أَنتُم بِمُصۡرِخِيَّ إِنِّي كَفَرۡتُ بِمَآ أَشۡرَكۡتُمُونِ مِن قَبۡلُۗ إِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
22. Чун кор ба поён ояд[1255], шайтон гӯяд: «Аллоҳ ба шумо омадани рӯзи қиёматро ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъдаи нусрат додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки ба куфру гумроҳӣ даъвататон кардам, шумо низ даъвати маро иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед зеро гуноҳ, гуноҳи шумост. На ман фарёдраси шумоям аз азоби Аллоҳ,на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар![1256]
[1255] Вақте ки биҳиштиён ба биҳишту ва дӯзахиён ба дӯзах дароянд. [1256] Тафсири Табарӣ 16\561
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَأُدۡخِلَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا بِإِذۡنِ رَبِّهِمۡۖ تَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٌ
23. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дарёҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва дурудашон дар он ҷо салом гуфтан аст.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا كَلِمَةٗ طَيِّبَةٗ كَشَجَرَةٖ طَيِّبَةٍ أَصۡلُهَا ثَابِتٞ وَفَرۡعُهَا فِي ٱلسَّمَآءِ
24. Оё намедонӣ, эй Расул, ки Аллоҳ чӣ гуна мисол меорад? Сухани пок[1257] чун дарахти(хурмо) пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш боло ба сӯи осмон аст.[1258]
[1257]Ва он калимаи тавҳид аст: “Ло илоҳа иллаллоҳ!”
[1258] Тафсири Саъдӣ 1\425
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
 
مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: ئىبراھىم
سۈرە مۇندەرىجىسى بەت نومۇرى
 
قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى

خوجە مىيرۇپ خوجە مىير تەرجىمە قىلغان. رۇۋۋاد تەرجىمە مەركىزىنىڭ رىياسەتچىلىكىدە تەرەققى قىلدۇرۇلغان، پىكىر ئەركىنلىكى باھالاش ۋە تەرەققى قىلدۇرۇش مەقسىتىدە ئەسلى تەرجىمىدىنمۇ پايدىلىنىشقا رۇخسەت قىلىنغان.

تاقاش