Check out the new design

قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير * - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى


مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: ساد   ئايەت:
وَقَالُواْ مَا لَنَا لَا نَرَىٰ رِجَالٗا كُنَّا نَعُدُّهُم مِّنَ ٱلۡأَشۡرَارِ
62. Ва гӯянд дӯзахиён ба ҳамдигар: «Чаро мардонеро, ки бо мо буданд дар дунё ва онҳоро аз зумраи бадкорон мешумурдем, акнун намебинем?
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
أَتَّخَذۡنَٰهُمۡ سِخۡرِيًّا أَمۡ زَاغَتۡ عَنۡهُمُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ
63. Оё онҳоро ба масхара мегирифтем, воқеъан мо иштибоҳ карда будаем ё ин, ки ҳамроҳи мо дар дузаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?»
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِنَّ ذَٰلِكَ لَحَقّٞ تَخَاصُمُ أَهۡلِ ٱلنَّارِ
64. Албатта, ин гуфтугӯ ва ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар, қатъан рост аст ва дар вуқуъи он ҳеҷ шакке нест.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مُنذِرٞۖ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ
65. Бигӯ эй Расул ба қавми худ: «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам, ки шуморо ба сабаби имон наоварданатон, аз омадани азоби Аллоҳ метарсонам ва ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳи яктои қаҳҳор нест, ки сазовори парастиш бошад, балки танҳо Ӯ таъоло сазовори парастиш аст.[2254]
[2254] Тафсири Табарӣ 21\235
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّٰرُ
66. Ӯ, танҳо Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост. Ӯ таъоло пирӯзманду ғолиб аст, дар интиқоми душманонаш ва омӯрзанда аст, барои ҳар касе, ки аз гуноҳонаш тавба кунад ва ба сӯӣ хушнудии Парвардигораш руҷӯъ намояд».[2255]
[2255] Тафсири Саъдӣ 1\716
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قُلۡ هُوَ نَبَؤٌاْ عَظِيمٌ
67. Бигӯ эй Расул ба қавми худ: «Ин Қуръон хабари бузурге аст,
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
أَنتُمۡ عَنۡهُ مُعۡرِضُونَ
68.ки шумо аз нафъи он бехабареду рӯй мегардонед ва ба он амал намекунед.[2256]
[2256] Тафсири Табарӣ 21\236
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
مَا كَانَ لِيَ مِنۡ عِلۡمِۭ بِٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰٓ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ
69. Ман аз сокинони олами боло (фариштагон) чун дар бораи офариниши Одам, ки бо якдигар ҷидол ва гуфтугӯ мекарданд, хабаре надорам[2257].
[2257] Ин қисса дар ояти 30 уми сураи Бақара зикр шудааст
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِن يُوحَىٰٓ إِلَيَّ إِلَّآ أَنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٌ
70. Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки ман бимдиҳандае ошкор ҳастам, ки шуморо аз азоби Ӯ метарсонам ва шариъаташро барои шумо баён медорам».
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن طِينٖ
71. Ёд кун эй Расул барояшон вақте ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «ҳароина, ман башареро аз гил хоҳам офарид.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ
72. Чун ҷасади ӯро бо пуррагӣ тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед»[2258].
[2258]Мурод аз ин саҷда саҷдаи ибодат ва таъзим нест, балки саҷдаи салом ва эҳтиром аст. Аллоҳ дар шариъати Ислом саҷда карданро барои ғайри Худ мутлақан ҳаром гардонд.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
فَسَجَدَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ
73. Пас ҳамаи фариштагон фармонро баҷо оварда саҷда карданд,
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِلَّآ إِبۡلِيسَ ٱسۡتَكۡبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
74. ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ يَٰٓإِبۡلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَن تَسۡجُدَ لِمَا خَلَقۡتُ بِيَدَيَّۖ أَسۡتَكۡبَرۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡعَالِينَ
75. Аллоҳ гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? Оё такаббур бар Одам намудӣ ё аз ҷумлаи баландмартабагон бар Парвардигорат будӣ?»[2259]
[2259] Дар оят сифати ду дасти Аллоҳ бар ваҷҳе ки лоиқ ба зоти Ӯст, исбот шудааст
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖ
76.Гуфт: « Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва оташ аз гил беҳтараст».
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ فَٱخۡرُجۡ مِنۡهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٞ
77. Гуфт Аллоҳ таъоло : «Пас аз ҷаннат берун шав, ки ба ростӣ ту рондашудаӣ.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
وَإِنَّ عَلَيۡكَ لَعۡنَتِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلدِّينِ
78.Ва ҳароина, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту хоҳад буд».
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ رَبِّ فَأَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
79. Иблис гуфт: « Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки мардум аз қабрҳояшон аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ ва ҳалок насоз!»
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ
80. Аллоҳ гуфт: « Пас, ҳароина, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡوَقۡتِ ٱلۡمَعۡلُومِ
81.то он рӯзи замони муайян[2260]».
[2260]Ва он рӯзест, ки ҳама мемиранд, касе ва чизе дар ин дунё боқӣ намемонад.
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ
82. Иблис гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ёд мекунам ки ҳароина, ҳамаи онҳоро гумроҳ кунам,
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
83. магар онҳое, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд ва дар паноҳи ту бошанд, гумроҳ карда натавонам».
ئەرەپچە تەپسىرلەر:
 
مەنالار تەرجىمىسى سۈرە: ساد
سۈرە مۇندەرىجىسى بەت نومۇرى
 
قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير - تەرجىمىلەر مۇندەرىجىسى

خوجە مىيرۇپ خوجە مىير تەرجىمە قىلغان. رۇۋۋاد تەرجىمە مەركىزىنىڭ رىياسەتچىلىكىدە تەرەققى قىلدۇرۇلغان، پىكىر ئەركىنلىكى باھالاش ۋە تەرەققى قىلدۇرۇش مەقسىتىدە ئەسلى تەرجىمىدىنمۇ پايدىلىنىشقا رۇخسەت قىلىنغان.

تاقاش