Check out the new design

قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجک ترجمہ : خوجہ میروف خوجہ میر * - ترجمے کی لسٹ


معانی کا ترجمہ سورت: نحل   آیت:
وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٞۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيّٞ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيّٞ مُّبِينٌ
103. Ва ба ростӣ медонем, ки мушрикон мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзонад». Забони касе[1411], ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ғайри арабист, ҳол он ки ин Қуръон бо забони арабии равшанест , ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед.[1412]
[1411] Яъне ишора ба марди аҷамие мекунанд, ки насронӣ буд, ҳол он ки вай арабиро хуб намедонист, магар чизе андаке ба қадри ҷавоб додан. Гӯё Паёмбар аз ӯ хабар гирифта ба онҳо мегӯяд. Тафсири ибни Касир 4\604
[1412] Тафсири ибни Касир 4\603
عربی تفاسیر:
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَا يَهۡدِيهِمُ ٱللَّهُ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
104. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дардоваре муҳайёст.
عربی تفاسیر:
إِنَّمَا يَفۡتَرِي ٱلۡكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ
105. Ҳақиқатан касоне, ки дурӯғ мебофанд, ба оёти Аллоҳ имон надоранд ва инҳо худ дурӯғгӯянд. Аммо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба оёти Аллоҳ имон дорад ва фармонбардори Парвардигораш аст, маҳол аст, ки ӯ дурӯғ бофад.[1413]
[1413] Тафсири Саъдӣ 1\450
عربی تفاسیر:
مَن كَفَرَ بِٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِهِۦٓ إِلَّا مَنۡ أُكۡرِهَ وَقَلۡبُهُۥ مُطۡمَئِنُّۢ بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِٱلۡكُفۡرِ صَدۡرٗا فَعَلَيۡهِمۡ غَضَبٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ
106. Ҳамоно дурӯғ мебофад ба Аллоҳ касе, ки ба ихтиёри худ , пас аз имон оварданаш ба Аллоҳ кофир мешавад, магар он ки ӯро ба зӯрӣ маҷбур карда шавад, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст. Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, (яъне розӣ ҳастанд) мавриди хашми Аллоҳанд ва барояшон азоби бузург аст.
عربی تفاسیر:
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا عَلَى ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
107. Ва ин хашми Аллоҳ ва азоби бузург ба он сабаб аст, ки ин мушрикон зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад.[1414]
[1414] Тафсири Табарӣ 17\305
عربی تفاسیر:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَسَمۡعِهِمۡ وَأَبۡصَٰرِهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ
108. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо аз азоби Аллоҳ бехабаранд , пас имон намеоранд ва ҳидоят намеёбанд.
عربی تفاسیر:
لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
109. Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.[1415]
[1415]Яъне ҳалокшавандаанд. Тафсири Табарӣ 17\306
عربی تفاسیر:
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا فُتِنُواْ ثُمَّ جَٰهَدُواْ وَصَبَرُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
110. Сипас Парвардигори ту эй Муҳаммад, барои касоне, ки пас аз ранҷ кашидан ҳиҷрат карданд ва баъд аз он ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ рафтанд ва дар баробари сахтиҳо сабр ва шикебоӣ варзиданд, албатта Парвардигорат баъд аз ин ҳама машаққатҳо омӯрзандаву меҳрубон аст.[1416]
[1416] Тафсири Бағавӣ 5\47
عربی تفاسیر:
 
معانی کا ترجمہ سورت: نحل
سورتوں کی لسٹ صفحہ نمبر
 
قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجک ترجمہ : خوجہ میروف خوجہ میر - ترجمے کی لسٹ

خواجہ میروف خواجہ میر نے ترجمہ کیا ہے۔ مرکز رواد الترجمہ کے زیر اشراف اسے اپڈیٹ کیا گیا ہے اور اصلی ترجمہ مطالعہ کے لیے فراہم کیا جا رہا ہے تاکہ قارئین کی رائے لی جائے اور مسلسل اپڈیٹ اور اصلاح کا کام جاری رہے۔

بند کریں