Check out the new design

Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима * - Таржималар мундарижаси

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

Маънолар таржимаси Сура: Бақара   Оят:
۞ لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ وَءَاتَى ٱلۡمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ ذَوِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَٱلسَّآئِلِينَ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُوفُونَ بِعَهۡدِهِمۡ إِذَا عَٰهَدُواْۖ وَٱلصَّٰبِرِينَ فِي ٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَحِينَ ٱلۡبَأۡسِۗ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ
Некӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад ва моли [худ]-ро, бо вуҷуди дӯст доштанаш, ба хешовандону ятимон ва мустамандон ва дар роҳмондагону дархосткунандагон [гадоён] ва дар [роҳи озодии] бардагон бибахшад ва намоз бар пой дорад ва закот бипардозад ва [низ] онон, ки чун аҳд мебанданд, ба паймонашон вафо мекунанд ва [касоне, ки] дар фақру сахтӣ ва зиёну беморӣ ва ба ҳангоми [шиддат гирифтани] набард, [пойдорӣ ва] шикебоӣ мекунанд, онон [ки ба ин вижагиҳо оростаанд], касоне ҳастанд, ки рост гуфтанд ва онон парҳезгоронанд
Арабча тафсирлар:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡقِصَاصُ فِي ٱلۡقَتۡلَىۖ ٱلۡحُرُّ بِٱلۡحُرِّ وَٱلۡعَبۡدُ بِٱلۡعَبۡدِ وَٱلۡأُنثَىٰ بِٱلۡأُنثَىٰۚ فَمَنۡ عُفِيَ لَهُۥ مِنۡ أَخِيهِ شَيۡءٞ فَٱتِّبَاعُۢ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَأَدَآءٌ إِلَيۡهِ بِإِحۡسَٰنٖۗ ذَٰلِكَ تَخۡفِيفٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَرَحۡمَةٞۗ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, дар [мавриди] куштагон [ки барқасд ба қатл расонида шудаанд, ҳукми] қасос бар шумо муқаррар гаштааст: Озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас, агар касе [хешованди мақтул] дар ҳаққи бародар [-и дини]-аш [қотил] бахшиш намояд, бояд [аз азобу озораш бипарҳезад ва бо ӯ] хушрафторӣ намояд ва [қотил низ бояд мутақобилан дия-хунбаҳоро] ба некӣ ба ӯ бипардозад. Ин [ҳукм] тахфифу раҳмате аст аз сӯйи Парвардигоратон. Пас, агар касе баъд аз он [гузашту қабули дия] таҷовуз кунад, азоби дарднок [дар интизор] дорад
Арабча тафсирлар:
وَلَكُمۡ فِي ٱلۡقِصَاصِ حَيَوٰةٞ يَٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ
Эй хирадмандон, дар [ин] қасос барои шумо [давоми] зиндагӣ аст, бошад, ки тақво пеша кунед
Арабча тафсирлар:
كُتِبَ عَلَيۡكُمۡ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ إِن تَرَكَ خَيۡرًا ٱلۡوَصِيَّةُ لِلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَ بِٱلۡمَعۡرُوفِۖ حَقًّا عَلَى ٱلۡمُتَّقِينَ
Бар шумо муқаррар шудааст, ки ҳар гоҳ замони марги яке аз шумо фаро расад, агар моле аз худ ба ҷой гузоштааст, барои падару модар ва хешовандон ба шеваи шоиста васият кунад. Ин [кор] ҳаққе аст бар парҳезкорон [ки бояд анҷом диҳанд]
Арабча тафсирлар:
فَمَنۢ بَدَّلَهُۥ بَعۡدَ مَا سَمِعَهُۥ فَإِنَّمَآ إِثۡمُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Пас, ҳар ки он [васият]-ро пас аз шуниданаш тағйир диҳад, гуноҳаш танҳо бар [уҳдаи] касонест, ки онро тағйир медиҳанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Бақара
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима - Таржималар мундарижаси

Таржимаси Рувод таржима маркази жамоаси томонидан Рубва даъват жамияти ва Исломий мазмунни тилларда хизмат қилиш жамияти билан ҳамкорликда амалга оширилди.

Ёпиш