Check out the new design

Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Сура: Иброҳим   Оят:
وَءَاتَىٰكُم مِّن كُلِّ مَا سَأَلۡتُمُوهُۚ وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَظَلُومٞ كَفَّارٞ
34. Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед ҳисоби онро ва на адо намудани шукрашро, ки ҳароина одамӣ бисёр ситамкор ва ношукри неъмат аст![1267]
[1267] Тафсири Бағавӣ 4\354
Арабча тафсирлар:
وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا ٱلۡبَلَدَ ءَامِنٗا وَٱجۡنُبۡنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعۡبُدَ ٱلۡأَصۡنَامَ
35. Ва ба ёд ор, эй Расул вақте ки Иброҳим ба Парвардигораш дуъо хонда гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.
Арабча тафсирлар:
رَبِّ إِنَّهُنَّ أَضۡلَلۡنَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِۖ فَمَن تَبِعَنِي فَإِنَّهُۥ مِنِّيۖ وَمَنۡ عَصَانِي فَإِنَّكَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
36. Эй Парвардигори ман, инҳо бутҳо бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз дин ва суннати ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ![1268]
[1268] Тафсири Бағавӣ 4\355
Арабча тафсирлар:
رَّبَّنَآ إِنِّيٓ أَسۡكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيۡرِ ذِي زَرۡعٍ عِندَ بَيۡتِكَ ٱلۡمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجۡعَلۡ أَفۡـِٔدَةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهۡوِيٓ إِلَيۡهِمۡ وَٱرۡزُقۡهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡكُرُونَ
37. Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бекишт, наздики хонаи гиромии Ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, ин ҳама ба фармони Ту кардаам, то намозро барпо доранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар меваҳо рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд!
Арабча тафсирлар:
رَبَّنَآ إِنَّكَ تَعۡلَمُ مَا نُخۡفِي وَمَا نُعۡلِنُۗ وَمَا يَخۡفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ
38. Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва назди Аллоҳ ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!
Арабча тафсирлар:
ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي وَهَبَ لِي عَلَى ٱلۡكِبَرِ إِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبِّي لَسَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ
39. Сипос Аллоҳеро, ки дар синни пирӣ Исмоъилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад ва маро ноумед нагардонд!
Арабча тафсирлар:
رَبِّ ٱجۡعَلۡنِي مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِيۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلۡ دُعَآءِ
40. Эй парвардигори ман, маро ва фарзандони маро (ба пуррагӣ) барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир.
Арабча тафсирлар:
رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ يَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡحِسَابُ
41. Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мегардад[1269] биёмурз![1270]
[1269] Рӯзи қиёмат
[1270] Ва ин дуъо пеш аз душмании падараш бо Аллоҳ буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст аз ӯ безорӣ ҷуст ва барояш тарки омӯрзиши гуноҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1\427
Арабча тафсирлар:
وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱللَّهَ غَٰفِلًا عَمَّا يَعۡمَلُ ٱلظَّٰلِمُونَۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمۡ لِيَوۡمٖ تَشۡخَصُ فِيهِ ٱلۡأَبۡصَٰرُ
42. Ва мапиндор, эй Расул, ки Аллоҳ аз кирдори ситамкороне, ки туро ва дигар паёмбаронро дурӯғ мебароранд ва мӯъминонро азият медиҳанд, ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба таъхир мегузорад!
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Иброҳим
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима - Таржималар мундарижаси

Хўжа Миров Хўжа Мир томонидан таржима қилинган. Рувводут таржама маркази назорати остида ривожлантирилган, аслий таржима билан танишиш, фикр билдириш, баҳолаш ва доимий ривожлантириш мақсадида мавжуд.

Ёпиш