Check out the new design

Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Сура: Ҳижр   Оят:
إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗا قَالَ إِنَّا مِنكُمۡ وَجِلُونَ
52. Он гоҳ, ки фариштагон бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим низ ҷавоби салом гуфт ва барояшон таъом пешкаш намуд, вале онҳо нахӯрданд ва Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»[1303]
[1303] Тафсири ибни Касир 4\540
Арабча тафсирлар:
قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ
53. Фариштагон гуфтанд: «Матарс, эй Иброҳим мо туро ба писари доное[1304] мужда медиҳем».
[1304] Вай Исҳоқ аст
Арабча тафсирлар:
قَالَ أَبَشَّرۡتُمُونِي عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِيَ ٱلۡكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ
54. Иброҳим ба тааҷҷуб гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам ва ҳамсарам низ пир аст.Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»[1305]
[1305] Тафсири Саъдӣ 1\432
Арабча тафсирлар:
قَالُواْ بَشَّرۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡقَٰنِطِينَ
55. Гуфтанд: «Мо туро ба ростӣ мужда додаем, пас аз ноумедон мабош!»[1306]
[1306]Ҳеҷ шакке нест дар он, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст. Тафсири Саъдӣ 1\432
Арабча тафсирлар:
قَالَ وَمَن يَقۡنَطُ مِن رَّحۡمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ
56. Иброҳим гуфт: «Ба ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигораш ноумед шавад?»
Арабча тафсирлар:
قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ
57. Гуфт: «Эй фиристодагон, чӣ кори муҳиме доред?»
Арабча тафсирлар:
قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ
58. Фариштагон гуфтанд: «Мо ба сӯи қавми гунаҳкорон фиристода шудаем ва ҳамаро нобуд мекунем,
Арабча тафсирлар:
إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمۡ أَجۡمَعِينَ
59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,
Арабча тафсирлар:
إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ
60. магар ҳамсарашро, ки муқаррар намудаем, ки аз боқимондагон дар азоб бошад».
Арабча тафсирлар:
فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلُونَ
61. Чун фариштагон назди хонадони Лут омаданд,
Арабча тафсирлар:
قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ
62. Лут барояшон гуфт: «Шумо гурӯҳи ношиносед».
Арабча тафсирлар:
قَالُواْ بَلۡ جِئۡنَٰكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمۡتَرُونَ
63. Фариштагон гуфтанд матарс: «Балки, барои ту он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.
Арабча тафсирлар:
وَأَتَيۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ
64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем, ки Аллоҳ қавми туро ҳалоккунандааст.
Арабча тафсирлар:
فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَٱتَّبِعۡ أَدۡبَٰرَهُمۡ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٞ وَٱمۡضُواْ حَيۡثُ تُؤۡمَرُونَ
65. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони худро ва мӯъминонро берун бибар ва худ аз паи онҳо рав ва онҳо пеш-пеши ту ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад[1307]. Ва ҳар ҷо, ки Аллоҳ фармонатон дод, зуд биравед, то дар амон бимонед.[1308]
[1307] Яъне, ақибнишинӣ накунад, то ба азоб дучор нагардад.
[1308] Тафсири Табарӣ 17\116
Арабча тафсирлар:
وَقَضَيۡنَآ إِلَيۡهِ ذَٰلِكَ ٱلۡأَمۡرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقۡطُوعٞ مُّصۡبِحِينَ
66. Ва барои Лут ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, ҳамаи онҳо нобуд ва решакан хоҳанд шуд.
Арабча тафсирлар:
وَجَآءَ أَهۡلُ ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡتَبۡشِرُونَ
67. Ва Аҳли шаҳр аз дидани меҳмонон (фариштагон) шодикунон омаданд.
Арабча тафсирлар:
قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيۡفِي فَلَا تَفۡضَحُونِ
68. Лут барояшон гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед.
Арабча тафсирлар:
وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ
69. Аз Аллоҳ битарсед ва маро шармсор масозед».
Арабча тафсирлар:
قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ نَنۡهَكَ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ
70. Қавми Лут гуфтанд: «Магар туро аз меҳмондорӣ ва паноҳ додани мардум манъ накарда будем?»
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Ҳижр
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима - Таржималар мундарижаси

Хўжа Миров Хўжа Мир томонидан таржима қилинган. Рувводут таржама маркази назорати остида ривожлантирилган, аслий таржима билан танишиш, фикр билдириш, баҳолаш ва доимий ривожлантириш мақсадида мавжуд.

Ёпиш