Check out the new design

Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Сура: Исроъ   Оят:
وَبِٱلۡحَقِّ أَنزَلۡنَٰهُ وَبِٱلۡحَقِّ نَزَلَۗ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا
105. Ин Қуръонро ба ҳақ нозил кардаем бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба ҳақ ва сидқ, адл ва аз тағиру табдил нигоҳ дошташуда нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки мужда диҳӣ ба ҷаннат он касеро, ки фармонбардорӣ мекунад ва бим диҳӣ ба дӯзах он касеро ки нофармонбардорӣ ва куфр меварзад.[1501]
[1501] Тафсири Саъдӣ 1\468
Арабча тафсирлар:
وَقُرۡءَانٗا فَرَقۡنَٰهُ لِتَقۡرَأَهُۥ عَلَى ٱلنَّاسِ عَلَىٰ مُكۡثٖ وَنَزَّلۡنَٰهُ تَنزِيلٗا
106. Ва Қуръонро кам-кам дар муддати бисту се сол ба гунаи оятҳо ва бахшҳои ҷудогона нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ ва ба ин васила ҷазби дилҳо ва андешаҳо шавад ва дар амал ҷорӣ гардад. Ва Қуръонро ба ҳақ фурӯ фиристодем ва ба ҳақ фуруд омадааст.[1502]
[1502] Тафсири Саъдӣ 1\468
Арабча тафсирлар:
قُلۡ ءَامِنُواْ بِهِۦٓ أَوۡ لَا تُؤۡمِنُوٓاْۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مِن قَبۡلِهِۦٓ إِذَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ يَخِرُّونَۤ لِلۡأَذۡقَانِۤ سُجَّدٗاۤ
107. Бигӯ эй кофирон: «Хоҳ ба Қуръон имон биёваред ё имон наёваред ихтиёри хушбахтӣ ва бадбахтии худатонро доред, вале бидонед, ки эъҷоз ва ҳақиқатиқуръон равшан аст. Онон, ки аз ин пеш дониш омӯхтаанд ва бо Таврот ва Инҷили ростин сару кор доштаанд, чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй меафтанд ва сари таслим дар баробари Аллоҳ фурӯд меоваранд ваӯро сипос мегӯянд[1503],
[1503] Тафсири ибни Касир 5\128
Арабча тафсирлар:
وَيَقُولُونَ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِن كَانَ وَعۡدُ رَبِّنَا لَمَفۡعُولٗا
108. ва мегӯянд: Пок аст Парвардигори мо аз он чи ки Ӯро нисбат медиҳанд мушрикон. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом ёфтанист, ки дар он хилоф ва шакке нест.[1504]
[1504] Тафсири Саъдӣ 1\461
Арабча тафсирлар:
وَيَخِرُّونَ لِلۡأَذۡقَانِ يَبۡكُونَ وَيَزِيدُهُمۡ خُشُوعٗا۩
109. Ва ба рӯй меафтанд ва мегирянд ва Қуръон фурӯтании онҳоро меафзояд.
Арабча тафсирлар:
قُلِ ٱدۡعُواْ ٱللَّهَ أَوِ ٱدۡعُواْ ٱلرَّحۡمَٰنَۖ أَيّٗا مَّا تَدۡعُواْ فَلَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَلَا تَجۡهَرۡ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتۡ بِهَا وَٱبۡتَغِ بَيۡنَ ذَٰلِكَ سَبِيلٗا
110. Бигӯ эй Муҳаммад барои мушрикони қавмат ононе ки бар ту ин гуна дуъо карданро инкор намуданд: Чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед фарқе намекунад, ҳар кадомро ки аз асмои ҳусно, ки бихонед монеъ надорад, номҳои некӯ аз они Ӯст. Эй Паёмбар, ҳангоме ки ба намоз истодӣ дар намоз садоятро баланд макун ва низ паст ҳам махон ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.[1505]
[1505] Тафсири Саъдӣ 1\468
Арабча тафсирлар:
وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ وَلِيّٞ مِّنَ ٱلذُّلِّۖ وَكَبِّرۡهُ تَكۡبِيرَۢا
111. Бигӯ эй Муҳаммад: «Сипоси комил Аллоҳро, ки фарзанде ихтиёр накардааст ва Ӯро шарике дар мулк нест, балки тамоми мулк аз они Ӯст ва ба нотавонӣ наяфтад, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас Ӯро ба таъзим кардани бисёр ёд кун![1506]
[1506] Тафсири Саъдӣ 1\468
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Исроъ
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима - Таржималар мундарижаси

Хўжа Миров Хўжа Мир томонидан таржима қилинган. Рувводут таржама маркази назорати остида ривожлантирилган, аслий таржима билан танишиш, фикр билдириш, баҳолаш ва доимий ривожлантириш мақсадида мавжуд.

Ёпиш