4. ва онон, ки ба он чи бар ту нозил шуд, Қуръон ва ҳикмат (суннат)ва бар паёмбарони пеш аз ту монанди Таврот, Инҷил ва ғайраҳо нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират бовар доранд. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан ва он чӣ дар он аз ҳисобу ҷазо аст. Дар оят зикри охират баён шудааст, зеро имон овардан ба он аз бузургтарин чизест, ки мўъмини парҳезгорро бар иҷрои тоъат водор мекунад ва аз муҳаррамот дур месозад ва ба муҳосабаи нафс бедор мекунад.
5. Касоне, ки дорои ин гуна сифотанд, бо нури Парвардигорашон ва тавфиқ аз ҷониби холиқашон, дар ҳаёти дунё умр ба сар мебаранд ва худ наҷот ёфтагонанд. Он чиро ки талаб карданд, дарёфтанд ва аз бадии он чӣ, ки гурехтанд, наҷот ёфтанд.
7. Аллоҳ бар дилҳояшон ва бар шунавоиашон муҳр ва барбиноиашон парда ниҳодааст ва ба сабаби куфру саркашиашон, дар ҷаҳаннам барояшон азоби бузурге омода кардааст.
8. Ва баъзе аз мардум, ки байни мўъминон ва кофирон ҳайрону сарсон мегарданд, мегўянд бо забонашон: « Ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки сидқан имон наовардаанд.
10. Дар дилҳояшон беморие ҳаст (шак, нифоқ, палидӣ ва фасод)[5] ва Аллоҳ низ бар касалиашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурўғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.
17. Ҳоли як гурўҳ аз мунофиқон, ки - ба забон на ба дил– ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд ва баъд аз он кофир шуданд, мисолашон мисли он касест, ки оташе афрўхт, чун атрофашро равшан сохт, Аллоҳ рўшноӣ аз онон бозгирифт ва нобино дар торикӣ раҳояшон кард ва на роҳе ёфтанд ва на аз он ҷо берун омаданд
18. Кар ҳастанд ва хубиҳоро намешунаванд, гунганд ва наметавонанд сухани нек бар забон оваранд ва дар муқобили ҳақ кўр ҳастанд. Ва аз ин сабаб наметавонанд, ки ба сўи имонеро, ки тарк карда буданд, бозгарданд!
21. Аллоҳ барои тамоми мардум нидо карда мегўяд: Эй мардум, Парвардигоратонро бо тавҳид ибодат кунед, ки шуморо бо неъматҳои худ тарбия намуд. Ва аз Ў битарсед ва дини Ўро мухолифат макунед; ҳароина шуморо аз нестӣ ва касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба вуҷуд овард, то ин ки шумо аз парҳезгороне бошед, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Аллоҳ розӣ ҳастанд.
22. Он Аллоҳе, ки заминро чун гилеме бияндохт ва осмонро чун биное барафрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рўзии шумо аз замин ҳар гуна самарае бирўёнид ва худ медонед, ки Аллоҳ дар офариниши махлуқоти худ касеро шарик нагирифтааст, инчунин набояд барои Аллоҳ дар ибодаташ чизҳоеро шарикони Ў қарор диҳед!
23. Ва –эй кофирони саркаш - агар дар он чӣ бар бандаи[9] хеш нозил кардаем, дар шак ҳастед ва гумон мекунед, ки он аз назди Аллоҳ нест, пас сурае низ монанди он биёваред ва ғайри Аллоҳ ҳамаи мададгоронатонро фаро хонед, агар дар даъвоятон ростгў бошед.
25. Ва ба он касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, мужда деҳ, ки дар охират барояшон бустонҳо ва қасрҳои олимартаба ва дарахтони сояафканест, ки зери онҳо ҷўйҳо ҷорӣ мешаванд.. Ва ҳар гоҳ аз он ҷо аз меваҳои гуногун рўзӣ дода шаванд, гўянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое дода будем ва ҳар вақте ки аз он меваҳо чашиданд, таъм ва лаззати наверо ёфтанд, гарчанде ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза[10] доранд ва дар ҷаннат намемиранд ва аз он ҷо берун намешаванд ва он ҷо ҷовидона бошанд.
[10] Тоза аз ифлосиҳои ҳиссӣ; ба монанди бавл ва ҳайз ва пок аз ифлосиҳои маънавӣ; ба монанди дурӯғгӯӣ ва бадахлоқӣ. (Тафсири Саъдӣ. 1\46)
28. Эй мушрикон чӣ гуна Аллоҳро инкор мекунед ва ба Ў шарик меоред, дар ҳоле ки мурда будед ва Ӯ шуморо зинда[13] сохт, боз шуморо мемиронад ва дар қабр қарор медиҳад ва рўзи қиёмат шуморо зинда мекунад ва он гоҳ барои ҳисобу ҷазо ба назди Ў бозмегардед.
29. Ўст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рўи замин аст, бароятон биёфарид, то ки шумо аз он манфиат баред ва он гоҳ ба офаридани осмон пардохт ва ҳар ҳафт осмонро биёфарид ва Ў аз ҳар чизе огоҳ аст!
30. Ва Эй Паёмбар, ба ёд ор, чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае[14] меофарам», гуфтанд: Парвардигоро, моро огоҳ ва баён кун, ҳикмат дар халқ шудани онон чист, ки онҳо дар рўи замин фасод кунанд ва ситамгарона ва душманона хуни ноҳақ резанд ва ҳол он ки мо Туро ситоиш мекунем ва тасбеҳ мегўем ва ба бузургӣ ёд мекунем?». Гуфт:«Ман он донам, ки шумо намедонед».
[14] Мурод аз он Одам алайҳи-с-салом аст, ки ӯро Аллоҳ дар рӯи замин ҷонишин қарор кард, барои барпо кардани фармудаҳо ва ба ҷо овардани васиятҳои Ӯ. (Тафсири Бағавӣ 1\79)
34. Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед![16]», ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рўй гардонд ва худсарона худро аз инсон боло донист. Ва ў аз зумраи инкоркунандагон ва нофармонравоёни Аллоҳ гардид ва кофир шуд.
[16]Бар ду қавл аст: Саҳеҳтарин он; саҷдаи ҳақиқӣ барои Одам алайҳи-с-салом ва дигаре дарбар мегирад маънои итоъат ва ба ҷо овардани амрҳои Ӯ таъолоро. Ва ин саҷда, саҷдаи таъзим, таҳийя (салом) аст, на саҷдаи ибодат. (Тафсири Бағавӣ 1\81)
35. Ва гуфтем: «Эй Одам, худ ва ҳамсарат (Ҳаво) дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он ба хушӣ бихўред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба гурўҳи ситамкорон дароед».
36. Пас шайтон ҳар дуро ба хатогӣ андохт – яъне, аз васвасаи шайтон фирефта шуда, аз он дарахти манъшуда бихўрданд - ва он ду нафар (Одам ва Ҳавво (алайҳима-с-салом)-ро аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Фуруд оед, баъзе аз шумо душмани баъзеи дигар хоҳед буд (яъне Одам, Ҳаво ва шайтон)[17]. Ва қароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рўзи қиёмат дар замин бошад ва барои шумо дар замин то муддате оромгоҳ ва баҳрамандӣ аст».
37. Ва Одам аз Парвардигораш чанд калимае[18] таълим гирифт. Пас Аллоҳ тавбаи ўро пазируфт, зеро ба таҳқиқ тавбапазир ва меҳрубон аст!
[18] Ва он калимаҳо инҳоанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд». (Тафсири Табарӣ 1\542)
40. Эй бани Исроил[19], неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред ва шукри Маро ба ҷо оваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед,то ба аҳдатон вафо кунам[20]. Ва аз Ман битарсед!
[19] Яъне, зурриёти Яъқуб алайҳи-с-салом. (Тафсири Табарӣ 1\553) [20]Яъне, аҳде, ки ба шумо кардам дар Таврот, баён кунед барои мардум, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Аллоҳ аст ва ба ў ва ба он чи ки аз назди Аллоҳ овардааст, имон оред ва агар дар дунё чунин кардед, ба аҳдатон вафо кунам ва шуморо дохили биҳишт гардонам. (Тафсири Табарӣ 1\557)
41. Эй бани Исроил, ба он чи ки нозил кардаам[21] китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне, ки инкораш мекунанд, мабошед. Ва оёти Маро ба баҳои андак нафурўшед ва аз Ман битарсед! Ва танҳо ба тоъати Ман амал намоед ва аз нофармонии Ман дур истед.
[21]Яъне, ба Қуръоне, ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фуруд овардам. (Тафсири Табарӣ 1\560)
43. Ва дар дини ислом дохил шавед ва намозро ба тариқе, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузоштааст, барпой доред ва закоти фарзиро бидиҳед ва бо рукўъкунандагон, ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд, рукўъ кунед![23]
48. Ва аз рўзе битарсед, ки касе аз касе чизеро кифоят накунад; ва аз касе шафоат пазируфта нашавад; ва аз ҳеҷ кас иваз гирифта нашавад[28] ва онҳо ёрӣ дода нашаванд!
[28] Яъне, фидя қабул нашавад. Тафсири ибни Касир 1\ 256
53. Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки ба Мўсо китоб ва фурқон додем, (ки ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботил ва он Таврот аст)[30] то бувад, ки роҳ ёбед ва ба гумроҳӣ дучор нагардед.
57. Ва ба ёд оред, он неъматеро, ки бар шумо арзонӣ намудем, вақте ки дар замин саргардон будед ва аз гармии офтоб абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну[32] салво[33] фиристодем ва бароятон гуфтем: «Бихўред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рўзӣ додаем. Ва дар мухолифати дин маравед! Вале онҳо баҷо наоварданд. Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд, зеро оқибати зулм бар худашон бозгардандааст».
[32] Таъоми асалмонанд [33]Бедона (навъе аз парранда)
58. Ва ба ёд оред он неъматеро, ки ба шумо арзонӣ намудем ва гуфтем, ки: «Ба ин шаҳр (Байтулмуқаддас)[34] дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихўред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигўед: «Парвардигоро! Гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмӯрзем ва ба подоши некўкорон бияфзоем.
59. Пас ситамгорон аз бани Исроил он суханро ба сухани дигаре ғайр аз он чӣ ба онон гуфта шуда буд табдил карданд. Ва бар онон ба сабаби саркашиашон ва берун омаданашон аз тоъати Парвардигор, азобе осмонӣ фуруд овардем.
60. Ва ба ёд оред он гоҳ, ки ташналабону саргардон будед, пас Мўсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар санг бизан ». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурўҳе маҳалли обнўшии худро бидонист, то байнашон кашмакаш нашавад. Ва барояшон гуфтем: Аз рўзии Аллоҳ бихўреду биёшомед ва дар рўи замин бо фасод саркашӣ макунед!
62. Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ў ва касоне, ки пеш аз биъсати[36] Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён[37], ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рўзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.
[36] Яъне, паёмбар шудан [37] Гурӯҳе аз аҳли қибла, ки худро бар оини Иброҳим( алайҳи-с-салом) медонанд ва дар ҷануби Ироқ зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд ки дар Тафсири Саъдӣ онҳоро гурўхе аз насоро зикр кардасст 1\54
63. Ва ба ёд оред, эй бани Исроил, он замонро, ки бо шумо паймони сахт бастем, ки имон ба Аллоҳ оред ва ягона Ўро ибодат кунед ва кўҳи Турро[38] бар болои саратон бидоштем. Ва барои шумо гуфтем: Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред, вагарна кўҳи Турро бар болоятон сарнагун созем ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! То бувад, ки парҳезгор бошед.
64. Бори дигар, баъд аз гирифтани паймон ва нигоҳ доштани кўҳ бар болоятон, рў гардонидед. Ва агар фазлу раҳмати Аллоҳ намебуд, ҳамоно шумо дар дунёву охират аз зиёнкорон мешудед.
70. Бани Исроил гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигўяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар гови хостаи мо монанд шудааст ва ҳароина агар Аллоҳ хоста бошад, роҳёфтагонем».
73. Сипас гуфтем: «Порае аз он гови кушташуда бар он одами кушташуда бизанед. Аллоҳ ўро зинда мегардонад ва аз кушандаи худ шуморо хабар медиҳад. Пас бо порае аз он гов мурдаро заданд ва Аллоҳ ўро зинда гардонд ва ў кушандаи худро хабар дод. Аллоҳ мурдагонро инчунин рўзи қиёмат зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо, эй бани Исроил, намоён мекунад, то ки ба ақли худ дарк кунед ва аз нофармонии Ў бозистед! ».
74. Лекин шуморо ин манфиат набахшид, балки баъд аз дидани чунин мўъҷизаҳо дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг гардид, зеро ки аз баъзе сангҳо гоҳо ҷуйҳо равон мешаванд ва чун баъзеи дигар шикофта шавад, об аз он берун ояд ва гоҳ санг аз тарси Аллоҳ аз боло ба нишеб фурў афтад ва Аллоҳ аз он чизе, ки мекунед, ғофил нест!
78. Баъзе аз яҳудиён бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд Тавротро ва он чӣ дар он аз сифоти Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) – ро, ҷуз орзуҳои дурўғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумонҳои худ ҳастанд.
79. Пас ҳалок ва ваъиди сахт бод бар олимони яҳудиён[42], ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва мегўянд ин аз назди Аллоҳ аст ва ҳол он ки мухолифи он чӣ ки Аллоҳ бар паёмбараш Мўсо нозил карда мебошад, то фоидае андак баранд. Пас ҳалокӣ бод бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва ҳалокӣ бод бар онҳо аз фоидае, ки мебаранд!
82. Ва ҳукми Аллоҳ дар муқобили чунин касон ҳам ҷорӣ аст. Яъне онон, ки имон овардаанд ва тибқи шариъате, ки Аллоҳ бар расулаш фиристодааст, корҳои шоиста кардаанд ва онҳо аз аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.[43]
87. Ба таҳқиқ ба Мўсо китоби Таврот додем ва аз паи ў паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо писари Марям мўъҷизаҳои равшан иноят кардем ва ўро бо Рўҳулқудс (яъне, Ҷабраил)[45] қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурўҳеро дурўғгў хондед ва гурўҳеро куштед.
88. Бани Исроил барои Паёмбари Аллоҳ ва расулаш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст ва сухани ту ба қалби мо намегузарад ». На, амр ин тавр нест, чунон ки иддао карданд, балки дилашон лаънат карда шудааст ва бар он муҳре ниҳода шудааст ва аз раҳмати Аллоҳ, ба сабаби куфре, ки меварзанд, берун шуданд. Пас каме аз онҳо имон меоваранд ва ҳол он ки имонашон ба онҳо нафъ намерасонад.
89. Ва чун онҳоро аз ҷониби Аллоҳ китоби Қуръон омад, ки тасдиқкунандаи китоби онон (Таврот) буд, онро инкор карданд ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро низ инкор карданд. Ва ҳол он ки онҳо пеш аз ин бар мушрикони араб пирўзӣ металабиданд ва мегуфтанд: Биъсати паёмбари охири замон наздик омад ва мо пайрави ў шуда, ҳамроҳи ў бо шумо меҷангем. Вақте ки паёмбар омад, ўро шинохтанд, сифот ва сидқи ўро донистанд, ўро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)[46] куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад!
95. Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. (Зеро онҳо аз сидқи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бохабаранд. Ва ба сабаби он чи ки муртакиб шуданд аз куфру исён, худро аз ҷаннат маҳрум ва ба даромадани дўзах лозим гардонданд.)[50] Аллоҳ ситамкоронро мешиносад ва мувофиқи кирдорашон ҷазо хоҳад дод!
100. Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил! Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне[55] бастанд, гурўҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрўз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, бовар намекунанд!
[55] Яъне, имон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Табарӣ 2\400
103. Агар яҳудиён имон меоварданд ва метарсиданд, ҳароина медонистанд подоши Аллоҳ барояшон беҳтар аст аз ҷоду ва он чиро ки ба он касб намуданд. Агар медонистанд дар имону тақво чӣ савоб ҳосил мешуд, албатта имон меоварданд.
104. Эй касоне, ки имон овардаед, магўед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)- «роъино»,[58] зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам “роъино” мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигўед эй мўъминон: ба ивази “Роъино”, “Унзурно”, яъне. “ба мо нигоҳ кун!”. Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.
[58] Дар асл “Роъино” ба маънои “ту моро гӯш кун ва шафқат кун бар мо” ва ба маънои дигараш “соҳиби руъунат”, яъне, аблаҳ аст. Ва мақсадашон дашном ва таҳқир буд. Тафсири Саъдӣ 1\61
109. Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рўӣ ҳасад дўст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ў бар ҳар коре тавоност!
113. Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд[63]. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рўзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.
[63]Дар ҳар ду китоб зикр шуда буд, ки имон овардан ба ҳамаи паёмбарон воҷиб аст. Ва инчунин мушрикони араб ва ғайри онон, ки намедонанд . Тафсири ибни Касир 1\387
115. Машриқу Мағриб ва мобайни он аз они Аллоҳ аст.Ў подшоҳи ҳамаи замин аст. Пас бар ҳар ҷое, ки рў оред (дар намоз)[65] ҳамон ҷо рў ба Аллоҳ аст. Шумо аз мулк ва тоъати Ў берун нестед. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ фарохнеъмату доност!
116. Яҳудиён, насрониён ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳ барои худ фарзанде гирифт. Пок аст Ў! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст ва ҳама фармонбардори Ўянд!
119. Мо туро ба дини ҳақ, ки асоси он бар Қуръону Суннат аст, ба паёмбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба мардум хайри дунёву охиратро ва битарсонӣ саркашонро аз азоби Аллоҳ. Ту масъул нестӣ ба онон, ки ба ту куфр овардаанд. Пас албатта онон рўзи қиёмат дохили дўзах шаванд ва аз он берун наоянд.[67]
120. Яҳудон ва насрониён аз ту, эй Расул, ҳаргиз хушнуд намешаванд, то ки ба динашон пайравӣ накунӣ! Ба онҳо бигў: Дини ислом ин дини саҳеҳ аст. Ва агар ту орзуҳои ботили онҳоро пайравӣ кунӣ, баъди он чи аз ваҳй туро омад, пас туро барои халос аз азоби Аллоҳ ҳеҷ дўсте ва ёридиҳандае набошад. Гарчанде ин оят хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад, вале ба ҳамаи уммат далолат мекунад[68].
121. Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ў фуруд оварда шудааст[69], имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд. Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ў фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.
122. Эй бани Исроил[70], ёд кунед, аз он неъмате, ки бар шумо фаровон ато кардам ва шуморо дар он замон ба бисёр будани паёмбарон аз шумо ва ба он чи фуруд оварда шуд ба онҳо аз китобҳо, бар ҷаҳониён, бартарӣ ва бузургӣ додам!
123. Ва битарсед аз рўзи қиёмат, ки касе аз касе чизеро манъ насозад ва фидя пазируфта нашавад, ки вайро аз азоб наҷот диҳад ва касеро шафоъат суд надиҳад ва онҳо ёрӣ дода нашаванд.
128. Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!
129. Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил)[75] паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмўзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!
130. Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рўй барметобад, худро хор кард. Ва ба таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ўро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст.
131. Ва сабаби ин ихтиёр бетараддуд қабул кардани ў дини ислом аст. Вақте ки Парвардигораш ба ў гуфт: «Ба тоъати Парвардигорат таслим шав». Иброҳим гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бо ихлосу тавҳид ва муҳаббату тавба таслимам».[76]
132. Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ ба ин калима васият карданд, «Эй фарзандони ман, Аллоҳ барои шумо ин динро ихтиёр кардааст, ва ин дини ислом аст, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин дин омад[77] ва дар айёми зиндагиатон аз он ҷудо машавед, пас аз ин ҷаҳон намиред, магар ин ки шумо фармонбардор бошед». Яъне, дар дини ислом бошед.
134. Онҳо умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо кардаанд, намепурсанд. Ва ҳар касе ба он чи кард, ҷазо хоҳад дид ва касе ба гуноҳи касе азоб карда намешавад.
135. Яҳудиён ба уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Ба дини яҳудӣ дохил шавед, то роҳи рост ёбед ва насрониён низ чунин гуфтанд. Эй Расул барояшон бигў: Балки ҳидоят пайравӣ намудани миллати Иброҳим аст, ки ў аз мушрикон набуд».
136. Эй мўъминон ба яҳудиён ва насрониён бигўед: «Мо ба Аллоҳ ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагонаш нозил шуда ва низ он чӣ ба Мўсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Аллоҳ бо тоъату ибодат таслим ҳастем».
137. Агар ба он чӣ шумо имон овардед, яҳудиён ва насрониён ва дигарон низ ба мисли шумо имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рўй тофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Аллоҳ туро, эй Расул, аз шарри онҳо кифоят мекунад ва Ў шунаво ва доност!
138. Дини Аллоҳро лозим гиред, ки шуморо бар он дин пайдо кардааст. Беҳтар аз дини Аллоҳ, ки мардумро бар он пайдо кард, дин нест. Пас онро лозим гиред ва бигўед. Мо фармонбардор ва парастандагони Ў ва пайрави миллати[78] Иброҳим ҳастем.
139. Эй Паёмбар,, ба аҳли китоб бигў: «Оё дар бораи тавҳиди Аллоҳ бо мо баҳсу муҷодала мекунед? Ў Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумост ва мо ба ихлос парастандагони Ў ҳастем ва ба Ў чизеро шарик намеорем.».
140. Оё мегўед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ў[79] бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд? (Ин дурўғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарӣ мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд). Эй Паёмбар, барояшон бигў: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипўшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост.
[79]Онҳо 12 кас аз фарзандони Яъқуб аз қабилаҳои банӣ Исроил. Тафсири Ибни Касир 2\70
141. Онон умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо мекунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд. (Оят далолат ба он мекунад, инсон такя бар махлуқҳо макунад ва ба насабҳо фирефта нашавад.)[80]. Ва касе ба як паёмбар куфр оварад, ба тамоми паёмбарон куфр овардааст.
145. Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сўи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд. Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)[84]
147. Эй Паёмбар, он чӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст,пас дар он шубҳа макун! Оят агар чанде хитоб барои Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад ҳам, вале ин хитоб ҳамаи умматро дарбар мегирад.
149. Эй Паёмбар ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ барои сафар ва ҳар вақте ки иродаи намоз кардӣ, рўи худ ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест!
151. Ҳамчунон, ки неъматҳоямонро ба шумо арзонӣ намудем, (яъне, рўй ба ҷониби Каъба кардан) низ дар миёни шумо паёмбаре аз қавми шумо фиристодем, то оятҳои Моро бароятон бихонад ва шуморо аз ширк ва бадахлоқӣ покиза гардонад ва китобу ҳикмат ва аҳкоми шаръиат биёмўзад ва аз ахбор ва қиссаҳои паёмбарони гузашта он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.[85]
153. Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳама коратон аз Аллоҳ ба сабр кардан бар душворию мусибатҳо ва тарки маъсият ва гуноҳҳо ва сабр кардан бар тоъатҳо ва наздик шудан ба Аллоҳ ва бар намоз, ки бо он нафс оромиш меёбад ва аз кори беҳаёӣ ва феъли бад инсонро боз медорад, мадад ҷўед, ки Аллоҳ бо сабркунандагон аст.[87]
156. Сифати ин гуна сабркунандагон чунин аст, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо бандагони Аллоҳ ҳастем ва зери амру тадбири Ў ҳастем, он чӣ хост бо мо мекунад ва мо ба сўи Ў бозхоҳем гардид. Ва баъд аз он барои ҳисобу ҷазо аз нав зинда хоҳем шуд».[90]
163. Эй мардум, маъбуди шумо Аллоҳи ягона аст дар зот, ном, сифот, афъол ва парастиш ва ба ҷуз Ў ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. Маъбуде ғайри Ў нест, бахшоянда аст барои ҷамиъи халқ ва меҳрубон аст бо мўъминон![93]
166. Он гоҳ, касоне, ки пайрав шудаанд аз касоне, ки пайравӣ карда буданд, безорӣҷўянд ва азобро мушоҳида кунанд ва пайвандгариҳое, ки аз хешовандӣ ва дўстӣ дар дунё доштанд, бурида шаванд. [95]
167. Ва он пайравон гўянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунон ки аз мо безорӣ ҷустаанд, аз онҳо безорӣ меҷустем. Аллоҳ кирдорҳояшонро инчунин сабаби ҳасраташон созад ва онҳо аз оташ раҳоӣ наёбанд! Ва ҳеҷ гоҳ онҳо аз дўзах хориҷшаванда нестанд».
173.Албатта Аллоҳ бар шумо ҳаром гардонидааст, он чизеро ки бар шумо зарар меорад, ба монанди худмурда, хун ва гўшти хук ва он чиро, ки дар вақти забҳ номи ғайри Аллоҳ бар он бихонанд. Ва аз фазлу раҳмати Аллоҳ аст бар шумо, ки мубоҳ гардонид хўрдани чизҳои ҳаромшударо, ҳангоме ки маҷбур шавад, ба қадри зарурат ва аз ҳад нагузаронад, пас бар вай гуноҳе нест. Ба дурустӣ, Аллоҳ омурзанда ва бахшоянда аст!
174. Онон, ки пинҳон медоранд аз сифатҳои Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳақиқатҳои дигареро, ки Аллоҳ дар китоб нозил кардааст ва онро бо баҳои андаке аз моли дунё мефурўшанд. Ба ивази ин корашон дар рузи қиёмат шикамҳои худро аз оташ пур месозанд. Аллоҳ ба онҳо сухан намегўяд ва онҳоро пок намесозад ва барои онҳо азоби аламнок аст.[99]
177. Назди Аллоҳ некӣ он нест, ки дар намоз рўи худ ба ҷониби машриқу мағриб кунед, балки некўкор касест, ки ба Аллоҳи ягона, ки шарику монанд надорад ва рўзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Аллоҳ ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дўсташ дорад, ба рағбати худ ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну ғуломон бубахшад. Ва намоз бигузорад ва закоти фарзшударо бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар тангдастиву беморӣ ва ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгўён ва парҳезгоронанд.
180. Аллоҳ фарз гардонид, ҳар вақте ки бар яке аз шумо нишонаҳои марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рўи инсоф васият кунад. Пас тарк накунад дар васияташ фақирро ва бидиҳад сарватмандро[102]. Ва ин шоистаи парҳезгорон аст.[103]
[102]Ҷоиз нест васият зиёда аз сеяки мол. Ин ҳукм пеш аз нузули оятҳои мерос буд, ки Аллоҳ насиби ҳар як меросхўрро муъайян кард. [103] Тафсири Бағавӣ 1\193
183. Эй касоне, имон овардаед, рўза доштан бар шумо фарз шуд, ҳамчунон ки бар касони пеш аз шумо буда, фарз шуда буд. Бояд ки аз Парвардигоратон битарсед, ва байни худатон ва гуноҳоятон қалъае аз тоъату ибодати Ў қарор диҳед.
185. Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Пас ҳар кас, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд ки дар рўзҳои он моҳ рўза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, барои ў рухсат аст рўза надорад, баъд аз он барои вай ба шумораи он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар рўза доштанаш лозим аст. Аллоҳ дар шариъати худ барои шумо осониро мехоҳад ва ба шумо душворӣ ва машаққатро намехоҳад ва мехоҳад, ки иддаро[109] комил созед. Ва дар иди Рамазон пас аз адои рўза Аллоҳро бо такбир ёд кунед ва бар ҳидоятёфтанатон Ўро бузург доред ва бар тавфиқе, ки ба шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед.
189. Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ[113] мепурсанд, бигў: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рўза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накўкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накўкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд.[114]. Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некўкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некўкорӣ он аст, ки аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.
[113] Камшавӣ ва зиёдшавии моҳро меноманд. Тафсири Бағавӣ 1\211 [114]Ин одати ҷоҳилият буд, ислом омад ва онро барҳам дод. Яъне арабҳо, вақте ки дар ҳаҷ ё умра эҳром мебастанд, аз дарвозаи хонаҳо ворид намешуданд, ва инро як амри ибодатӣ гумон мекарданд Тафсири Бағавӣ 1\212
191. Ҳар ҷо, ки онҳо мушриконро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо берун карданд, (яъне, аз Макка) берун кунед, ки фитна; куфр, ширк ва пеши роҳи исломро бастан аз қатл сахттар аст. Ва дар Масҷидулҳаром шумо бо онҳо ҷанг сар накунед, то он гоҳ, ки бо шумо ҷанг сар накунанд. Ва агар бо шумо дар Масҷидулҳаром ҷангиданд, пас онҳоро бикушед, ки ин аст ҷазои кофирон![116]
193. Эй мўъминон, бо мушрикони ситамгар бардавом биҷангед, то дигар фитнае[117] барои мусалмонон боқӣ намонад ва дин танҳо дини Аллоҳ шавад.. Пас, чунон ки ин мақсад ҳосил шуд, на куштор ҳаст на ҷанг. Пас агар онҳо аз ҷангидан бо шумо дар Масҷидулҳаром бозистанд, шумо бо онҳо таҷовуз накунед ва ҳар касе, ки ситам карда бошад, ба андозаи ситаме, ки кард, ҷазо дода мешавад!
194. Ҷангидани шумо, эй мўъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст[118], ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ў қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ў ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ў бо парҳезгорон аст!
197. Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Яъне, шаввол, зулқаъда, ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа. Пас ҳар киро ҳаҷ воҷиб гардид, дар он моҳҳо, ин фаризаро адо кунад, пас бояд дар вақти ҳаҷҷимоъ[120] накунад ва фисқе аз ў сар назанад ва хусумат накунад. Ва берун омаданаш аз тоъати Аллоҳ ҳаром ва бо ҳам муноқиша карданаш ба ғазаб ва кароҳият меанҷомад. Ҳар кори неке анҷом медиҳед, Аллоҳ аз он огоҳ аст. Ҳар якеро бар амалаш ҷазои кофӣ медиҳад. Ва барои нафси хеш тўша кунед,[121] ки беҳтарини тўшаҳо парҳезгорист. Эй соҳибхирадмандон, аз Ман битарсед!
[120] Мурод аз ин ҳамбистарӣ кардан бо зан аст. [121]Яъне, аз таъому шароб барои сафари ҳаҷ ва тўшае барои охират аз амалҳои солеҳ
198. Агар ба ҳангоми ҳаҷ талаб кунед рўзиеро аз Парвардигоратон бо фоида бурдан аз савдо дар айёми ҳаҷ, гунаҳгор нашудаед ва чун баъди ғуруби офтоб аз Арафот[122] бозгаштаед, Аллоҳро дар Машъарулҳаром[123] бо тасбеҳу такбир ва дуъо ёд кунед, ки шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармуд, ҳароина пеш аз ин аз он гумроҳон будед, ҳақро намедонистед.[124]
[122](Маконест, ки рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа ҳоҷиён дар он ҷо меистанд) [123]Муздалифа [124] Тафсири Саъдӣ 1\92 ва Тафсири Бағавӣ 1\228 ва ибни Касир 1\549
199. Сипас аз он ҷое, (аз Арафот) ки оммаи мардум аз замони Иброҳим то имрўз аз он боз мегарданд, бозгардед. Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳед, то гуноҳатонро биёмўрзад. Ба дурустӣ, ки Ў омўрзандаи меҳрубон аст!
201. Ва баъзе аз мардум (гурўҳи мўъминон) мегўянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё тандурустӣ, ризқ, илми нафъовар, зани солеҳа ва амали шоиста ва ғайра аз умури дину дунё ва дар охират ҷаннататро бидеҳ ва аз азоби дўзахат моро нигоҳ дор». [125]
[125]Дар “Саҳеҳ”- и Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки бештари дуъои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин буд. Ин дуъо ҳамаи хайри дунёву охиратро дарбар мегирад..Тафсири Саъдӣ 1\92
204. Баъзе аз мардум, (аз мунофиқон) касе ҳаст, ки сухани ў робита ба зиндагии ин дунёро дорад на охиратро, туро, эй Муҳаммад, дар тааҷҷуб меорад ва ў бо қасами худ баён медорад. Бар он чи дар дилаш аз муҳаббати ислом ва Аллоҳ ҳаст, гувоҳ меорад. Балки ҷуръат карда бо сухани дурўғ ба Аллоҳ гувоҳии бар ҳақ медиҳад, ҳол он ки ў аз сахттарин душманони ислом ва мусалмонон аст.[128]
205. Ва чун аз пеши ту, эй Муҳаммад, бозгардад, дар замин бишитобад, фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоёнро нобуд созад ва Аллоҳ табоҳкориро дўст надорад!
206. Ва чун ба он мунофиқи фасодкор гўянд, ки аз Аллоҳ битарс ва аз азоби Ў ҳазар кун, дар рўи замин фасод макун. Насиҳатро қабул намекунад, балки ўро кибр ва одати ҷоҳилият ба гуноҳ мебарад. Пас ҷаҳаннам ўро басандааст; ва ҳамоно он бад ҷоест![129]
207. Баъзе аз мардум барои ҷӯстани хушнудии Аллоҳ ҷони хешро дар роҳи Ў ва баҷо овардани тоъаташ фидо мекунанд. Аллоҳ бар ин бандагон меҳрубон аст ва бо зудӣ ва бо мўҳлат бандагони мўъминашро дар раҳматаш қарор медиҳад ва беҳтарин мукофотро ба онҳо ато мекунад![130]
208. Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад, ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ў амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ў душмани ошкори шумост, пас аз ў ҳазар кунед![131]
[131] Тафсири Бағавӣ 1\240 ва Тафсири ибни Касир 1\566
212. Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мўъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рўзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мўъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дўзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рўзӣ медиҳад![136]
215. Эй Муҳаммад, саҳобагон аз ту мепурсанд, ки аз кадом навъи молҳояшон нафақа кунанд? Ба онҳо бигў: Нафақа кунед аз моли поки ҳалоли худ. Аввал нафақаи худ барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Аллоҳ ба он огоҳ аст».
217. Мушрикон туро, эй Паёмбар, аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигў: Ҷанг кардан дар он моҳ [140] гуноҳи бузурге аст. Аммо кофир шуданатон ба Аллоҳ ва ба Расули Ў ва динаш ва боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани Паёмбар ва муҳоҷирон аз он ҷо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузургтар аст ва ширк оварданатон аз қатл бузургтар аст. Онҳо ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо касе онҳоро, итоъат кард ва аз дини худ бозгашт ва кофир бимирад, амалҳояш дар дунё ва охират нобуд шуда, ҷовидона дар ҷаҳаннам боқӣ бимонад!
[140]Яъне, хун рехтан ва манъ карданатон мардумро ба даромадани ислом бо азобу шиканҷаҳо. Тафсири Саъдӣ 1\97
218. Касоне, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва Расули Ў ва ба дастури Ў амал карданд ва онон, ки диёри худро тарк кардаанд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намуданд, ба раҳмати Аллоҳ умедворанд ва Аллоҳ омӯрзандааст бандагони мўъминашро ва ба онҳо меҳрубон аст![141]
219. Эй Паёмбар, туро мусалмонон аз шароб ва хариду фурўши он ва аз ҳар чизе ки хўрданӣ ё нўшокии масткунанда аст ва ақлро мепўшонад ва аз ҳукми қимор мепурсанд. Бигў: Дар онҳо зарар ва фасоди бисёрест; (дар дин, дунё, ақл ва молҳо) ва дар он фоидаҳоест барои мардум, аз ҷиҳати касб кардани молҳо ва ғайраҳо. Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст, зеро аз зикри Аллоҳ ва намоз боз медорад ва душманию бадбиниро байни мардум воқеъ мекунад ва молро нобуд месозад. Ва аз ту мепурсанд: Чӣ қадар нафақа кунанд? Бигў: Он чи ки аз ҳоҷати зарурӣ зиёд аст. Аллоҳ оёт ва шариъати худро инчунин барои шумо равшан баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.[142]
220. Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигў: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣдар хўрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст!
222. Ва туро аз ҳайзи занон[143] мепурсанд. Ба онҳо бигў эй Паёмбар: ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ бигиред ва ба онҳо наздик машавед то хунашон боз истад. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Аллоҳ фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед[144]. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки ҳамеша аз гуноҳонашон тавба мекунанд, дўст дорад ва касонеро дўст медорад, ки худро аз гуноҳон дур ва пок мегардонанд!
[143]Ва он хунест, ки аз раҳми занон табиатан дар вақтҳои махсус равон мешавад. [144]Яъне аз пеш на аз пушт.
227. Ва агар қасди талоқ карданд, бо баҳонаи қасам хўрдан ва тарки ҷимоъ карданашон Аллоҳ ба суханонашон шунаво ва ба мақсадҳояшон доност ва онҳоро бар ин кирдорашон ҷазо медиҳад!
230. Пас агар боз занро талоқ дод, (яъне талоқи сеюм) дигар бар ў ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марди дигаре дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад ва на ба нияти ҳалол кардани зан барои шавҳари аввалааш), ва ҳар гоҳ он марди дигар занро талоқ диҳад, ё шавҳари зан бимирад ва иддааш ба охир расад, пас бар ў гуноҳе нест, ки бар шавҳари аввалааш ба никоҳи нав бозгардад, агар медонанд, ки ҳудуди Аллоҳро риоят мекунанд, бозгашташонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд ва онҳоро барои мардуме, ки аҳком ва ҳудуди Ўро медонанд, баён медорад.
231. Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ наздик шуданд, пас ё онҳоро ба хубӣ нигоҳ доред ва ё ба хубӣ раҳо кунед ва ҳаргиз онҳоро барои озор ва зиён расондан нигоҳ надоред, то аз ҳад таҷовуз кунед ва ҳар касе чунин кунад, бар худ ситам кардааст. Ва оёт ва фармудаҳои Аллоҳро ба тамасхур ва бозӣ нагиред, зеро дар ин коратон аз ҳалол гузашта вориди ҳаром мешавед. Ва неъматҳои Аллоҳро шукр кунед ва он чи аз Китоб ва Суннат барои шумо нозил кардааст ва шуморо ба он панд медиҳад, ба ёд оваред ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар чизе доност.
232. Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ расиданд, онҳоро аз ин, ки ба шавҳарони (қаблии) худ издивоҷ кунанд манъ накунед. Яъне шавҳараш хост бо ў издивоҷ кунад[150] ва зан ҳам мувофиқат кунад, барои сарпарасти зан аз тарафи падар ва ғайра ҷоиз нест, ки ба сабаби хашмгин будан бар шавҳар занро аз издивоҷ бо ў манъ кунанд. Ин ҳамон чизе аст, ки ҳар кас аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рўзи охират имон дошта бошад, ба он панд дода мешавад. Он бароятон поктар ва беҳтар аст. Ва Аллоҳ медонад дар чи ҳаст некбахтии шумо ва шумо онро намедонед.
234. Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки занон чор моҳ ва даҳ рўз интизор бикашанд ва бояд аз хонаи шавҳарашон берун наоянд ва худро зиннат надиҳанд ва ба шавҳар набароянд ва чун иддаи худро ба поён расонданд бар шумо гуноҳе нест -эй сарпарастони занҳо- дар он чи ки онҳо мувофиқи шариъат дар бораи худ анҷом диҳанд (яъне ба шавҳар баромадан). Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.[151]
239. Ва агар аз душманонатон тарсидед, пас дар ин сурат пиёда ё дар ҳоле ки бар асп ва соири савораҳо ҳастед, намоз бихонед.[154] Пас, ҳар вақте ки тарс аз шумо дур шуд, намозро бо оромиш хонед. Ва Аллоҳро дар он ёд кунед ва онро аз ҳайати аслиаш кам накунед ва шукри Ўро ба ҷо оред, бинобар он чизҳое, ки шуморо таълим дод аз ибодатҳо ва аҳком, ки шумо намедонистед.
240. Ва касоне аз шумо мемиранд ва занонеро бар ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки ворисони шавҳар онҳоро то як сол кумак кунанд ва онҳоро аз хона берун накунанд ва агар худашон берун рафтанд, пас дар он чи онҳо ба таври шоиста дар бораи худ анҷом медиҳанд, гуноҳе бар шумо нест,[155] Аллоҳ азизу ҳаким аст.
[155]Бисёре аз муфассирин бар ин боваранд, ки ин ояти карима ба ояте, ки пеш аз он омадааст, мансух шудааст. Бинобар гуфтаи Аллоҳ : (Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки (занон) чор моҳ ва даҳ рўз интизор бикашанд. Тафсири Саъдӣ 1\106
242. Ҳамчунин Аллоҳ аҳкоми худро дар бораи фарзандон ва занон равшан баён медорад. Ҳадаф аз баёни он барои бандагон ин аст, ки онро бифаҳманд ва дар он бияндешанд ва ба он амал намоянд.
246. Оё аз қиссаи бузургони бани Исроил, пас аз Мўсо хабар наёфтӣ, он гоҳ, ки ба паёмбари худашон гуфтанд: “Барои мо подшоҳе барпо кун, то дар роҳи Аллоҳ бо душманон ҷанг кунем”. Паёмбарашон гуфт: “Шояд агар ҷангидан бар шумо фарз гардад, ҷанг накунед, зеро ки ман пай мебарам аз тарс ва гурехтани шумо дар ҷанг”. Гуфтанд: “Чаро дар роҳи Аллоҳ ҷанг накунем, дар ҳоле ки аз сарзамин ва фарзандонамон берун ронда шудаем?”. Пас вақте ҷанг бар онҳо фарз шуд, тарсида аз ҷанг гурехтанд ва рўй бартофтанд, магар андаке аз онҳо дар ҷанг устувор истод ва Аллоҳ ба ситамкорони аҳдшикан доност.[158]
247. Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: “Ҳамоно Аллоҳ бинобар дархостатон Толутро ба подшоҳии шумо фиристодааст, то дар ҷанг шуморо дар муқобили душманатон роҳнамоӣ кунад”. Гуфтанд: “Чи гуна ў фармонравоии мо бошад, дар ҳоле ки мо аз ў ба подшоҳӣ сазовортарем ва ба ў моли фаровоне дода нашудааст?”. Паёмбарашон гуфт: “Ҳамон Аллоҳ ўро бар шумо бартарӣ дода ва дар ҷисму дониш бар шумо бартарӣ бахшидааст ва Ў дар корҳои бандагонаш доност ва подшоҳии худро ба ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазлу неъмат ва ба ҳамаи корҳо доност ва аз Ў чизе пинҳон намемонад”.
249. Ва ҳангоме ки Толут бо лашкаронаш аз шаҳр берун омад, гуфт: “Ҳамоно Аллоҳ шуморо бо ҷўе озмоиш мекунад, пас ҳар кас аз он ҷўй бинўшад аз ман нест ва ў осӣ аст, дар ҷиҳод ҳамроҳи ман тоқат карда наметавонад ва ҳар кас аз он нанўшад, аз ман аст, зеро ў фармонбардори амри ман ва лаёқат ба ҷиҳод шуда метавонад, магар касе, ки кафе аз он бо дасти худ бардорад, иҷозат дода мешавад”. Пас, вақте ки ба он ҷўй расиданд, бесабрӣ карда ҳама об нўшиданд, магар каме аз онҳо бар ташнагӣ ва гармӣ сабр карданд ва ба нўшидани як каф об кифоят карданд. Ин ҳангом осиён аз ҷиҳод ақибнишинӣ карданд. Ва он гоҳ ки Толут ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳи ў аз ҷўй гузаштанд, ва гуфтанд: “Имрўз моро ба муқобили Ҷолут ва лашкарҳои ў тавоноие нест аз сабаби бисёрии лашкари душман”. Касоне, ки бовар доштанд, Аллоҳро мулоқот хоҳанд кард ва ба бародаронашон мегуфтанд: “Чи басо гурўҳи андаке ба изни Аллоҳ бар гурўҳи зиёде ғолиб шавад ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст”.[160]
251. Пас ба хости Аллоҳ онҳоро шикаст доданд ва Довуд (алайҳиссалом) Ҷолут сарвари золимонро бикушт ва Аллоҳ ба Довуд (алайҳиссалом) подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ў биёмухт. Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардум яъне, аҳли маъсият ва ширкро ба сабаби баъзе дигар яъне, аҳли тоъат ва имон дафъ намекард, замин фасод мешуд, вале Аллоҳ бар мўъминон лутф намуда ва бар асоси дину шариъате, ки барои онон таъин кардааст, аз онҳо ва аз динашон дифоъ менамояд.[161]
253. Баъзе аз ин паёмбарони гиромиқадрро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Аллоҳ бо баъзе сухан[162] гуфт ба монанди Мўсо ва Муҳаммад алайҳиссалом. Ва Аллоҳ баъзеро ба дараҷоте олӣ боло кард. Ба монанди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки рисолати вай барои ҳамаи мардум ва хотами паёмбарон аст ва умматашро бар тамоми умматҳои гузашта бузург гардонд ва ғайра. Ва ба Исо писари Марям мўъҷизаҳо додем.[163] Ва Аллоҳ ўро ба василаи Руҳулқуддус, яъне руҳи имон ёрӣ намуд. Ва агар Аллоҳ мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки ҳуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар ҷанг намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд. Пас баъзе мўъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Аллоҳ мехост, бо ҳамдигар ҷанг намекарданд. Аммо Аллоҳ он чӣ бихоҳад анҷом медиҳад.[164]
254. Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рўзе фаро расад, ки на дар он хариду фурўше бошад ва на дўстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рузӣ (закоти фарзшуда) додаем, садақа кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.[165]
255. Маъбуди ба ҳаққе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, танҳо Ў сазовори ибодат аст, зиндаву пойдор аст. Пинак ва хоб Ўро фаро намегирад, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ўст, кист, ки назди Ў шафоъат кунад, магар бо изни Ў? Гузашта ва ояндаи эшонро медонад ва аз илми Ў огоҳ намеёбанд ва ба дониши Ў иҳота пайдо нахоҳанд кард, магар он миқдор, ки Ў бихоҳад, Курсии[166], Ў осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва нигоҳдории онҳо барои Ў гарон нест ва Ў баландмартабаи Бузургвор аст.[167]
[166] Яъне, мавзеъи ду қадами Парвардигор аст ва чи гуна будани онро ҳеҷ кас надонад ба ҷуз худи Ў [167]Ин оят бузургтарин оятест дар Қуръон ва онро Оятулкурсӣ меноманд . Тафсири Саъдӣ 1\ 110
258. Эй Расул, оё аз ҳоли касе, ки Аллоҳ ба ў подшоҳӣ бахшида буд ва бо Иброҳим дар мавриди тавҳид ва рубубияти Парвардигораш муҷодала кард, хабар дорӣ? Чун аз Иброҳим суол кард, Парвардигори ту кист? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: Парвардигори ман зоте аст, ки танҳо Ӯ меофарад ва тадбир менамояд ва зинда гардонидан ва миронидан танҳо аз они Ўст. Гуфт: “Ман низ зинда мегардонам ва мемиронам[171] Иброҳим гуфт: “Аллоҳ хуршедро аз машриқ бар меоварад ва оё метавонӣ ту онро аз мағриб бароварӣ”. Пас касе, ки куфр варзида буд ҳайрон шуд ва ҳуҷҷаташ барбод рафт. Аллоҳ қавми ситамкорро ба роҳи ҳақ ҳидоят намекунад.
[171] Яъне, мақсадаш ин буд, ки ман ҳар касро бихоҳам бикушам, мекушам ва ҳар касро бихоҳам зинда нигоҳ медорам.Тафсири Саъдӣ 1\ 111
259. Ё дидӣ ки монанди он кас, ки ба деҳе расид, деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурў рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Аллоҳ ин мурдагонро зинда кунад?» Аллоҳ ўро ба муддати сад сол миронд ва харашро ҳам ҳамроҳи ў миронд ва хўрок ва нўшиданиро низ ба ҳамроҳ дошт, ки Аллоҳ хўрок ва нўшидании ўро ба ҳамон ҳолат дар ин муддати тулонӣ нигоҳ дошт. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «Чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт; Як рўз ё нисфе аз як рўз дар ин ҳолат мондаам ва ин бар ҳасби гумони ў буд. Аллоҳ фармуд: Балки сад сол дар ин ҳолат мондаӣ. Ва фармуд ўро ба хӯрокуу обат бингар, ки то ин муддат тағйир наёфтааст ва ба харат бингар, ки тикка-тикка шуда ва пўсидааст ва устухонҳояш рехта ҷудо шудаанд.[172] Мо мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем ва бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гўшт бар он мепўшонем». Чун қудрати Аллоҳ бар ў ошкор шуд, иқрор карда гуфт: «Медонам, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
260. Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт: «Оё ҳанўз имон наёвардаӣ?» Гуфт; Оре, эй Парвардигор! Ман имон дорам, ки ту бар ҳар чизе тавоно ҳастӣ ва мурдагонро зинда мегардонӣ ва бандагонро сазо ва ҷазо медиҳӣ, аммо мехоҳам дилам ором гирад ва ба ҳақиқати маҳз бирасам. Гуфт; «Чаҳор парранда бигир ва онҳоро бикуш ва тикка-тикка кун ва бо якдигар биёмез ва ҳар порае аз онҳоро бар кўҳе бинеҳ.Пас онҳоро фарёд кун! Албатта шитобон назди ту меоянд. Ва Иброҳим ҳар паррандаеро ба номаш садо зад ва паррандагон бо шитоб ба сўи ў омаданд. Ва бидон, ки Аллоҳ азиз аст, Ўро чизе ғолиб омада наметавонад ва дар гуфтор, афъол, шариъат ва қазову қадараш бо ҳикмат аст».
262. Онҳое, ки молҳои худро дар роҳи Аллоҳ ва дар дигар навъҳои хайр сарф мекунанд, пас аз хайри кардаашон бар касе миннат намекунанд ва неъматҳоро барнамешуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор намедиҳанд. Дар назди Парвардигорашон барояшон савоби бузургест. Ва дар охират бар онҳо тарс нест ва он чӣ аз дунё фавташон шуд, ғам нахоҳанд хўрд.
263. Гуфтори некў ва бахшиш аз зулме, ки ба сухан ё ба феъл аст, аз садақаҳое, ки аз паи он озурда кардан бошад, беҳтар аст ва Аллоҳ аз садақаҳои бандагонаш бе ниёзу бурдбор аст, ки онҳоро тез ба азоб намегирад.
264. Эй касоне, ки имон овардед! Садақоти худро бо миннат ниҳодан ва озор расондан ботил накунед, ҳамчунин касе, ки молашро ба мақсади худнамоӣ ба мардум нафақа мекунад, то ки мардум ўро мадҳу сано гўянд ва ба Аллоҳ ва рўзи охират имон надорад, пас ў мисли санги соф ва бузургест, ки бар рўи он хоке аст ва борони сахт бар он борида ва он хокро аз рўи санг шуста бурд. Риёкорон низ аз он чӣ ба даст оварданд, дар назди Аллоҳ бар нафақаи кардаи худ чизеро аз савоб намеёбанд ва фоидае нагирифтанд. Аллоҳ кофиронро ба сўи ҳақ ҳидоят намекунад.[174]
265. Ва мисли касоне ки моли худро барои талаби ризои Аллоҳ, бинобар устувории эътиқоди худ нафақа мекунанд, монанди боғе аст, ки дар теппае қарор дорад ва бар он борони сахте биборад ва ду баробар мева диҳад ва агар борони сахт бар он наборад, борони сабуке (шабнам) кифоят кунад. [175] Ва Аллоҳ бар он чи мекунед ба зоҳир ва ботини шумо биност. Ва ҳар якро ба дараҷаи ихлосаш подош медиҳад.
266. Оё касе аз шумо дўст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад ва зери он ҷўйборҳо оби ширин равон бошад ва ўро дар он боғ аз ҳар гуна меваҳо бошад ва дар ҳоле, ки пирӣ ўро фаро гирад ва наметавонад ин гуна боғдорӣ кунад ва фарзандони заъиф ва нотавон дорад, наметавонанд ўро ёрӣ кунанд. Ногаҳон гирдбоде, ки оташе дар он аст, бар он бивазад ва боғ бисўзад? [176] Инчунин Аллоҳ оётро барои шумо баён мекунад, то биандешед.
267. Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рўёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипўшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст.
270. Ва он чи аз мол ё ғайри он, кам ё бисёр дода шудед ва онро барои ризоияти Аллоҳ нафақа кунед ва ё назреро, ки ба гардан бигиред, Аллоҳ онро медонад ва бинобар ниятҳоятон ба шумо савоб медиҳад ва касе, ки ҳаққи Аллоҳро манъ мекунад, вай ситамкор аст ва ситамкоронро мададгоре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро халос гардонанд.
271. Агар садақаҳоро ошкор кунед, кори хубе аст ва агар онҳоро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон (бенавоён, мискинон) бидиҳед, бароятон беҳтараст, зеро садақа ба сурати пинҳонӣ бар қуввати ихлос далолат менамояд ва Аллоҳ гуноҳонатонро мепўшонад ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед огоҳ аст ва аз аҳволи шумо чизе бар Ў пинҳон намемонад ва ҳар якро мувофиқ ба амалаш ҷазое хоҳад дод.[178]
272. Ҳидоят ёфтани онҳо (яъне кофирон) бар ўҳдаи ту эй Муҳаммад лозим нест, балки Аллоҳ ҳар касеро, ки хоҳад, ба сўи динаш ҳидоят менамояд ва ҳар он чи нафақа кунед кам ё беш, хоҳ барои кофир бошад ё барои мусалмон, савоби он барои худатон бозгардандааст. Ва мўъминон нафақа намекунанд, магар барои талаби ризоияти Аллоҳ. Ва ҳар чи хуб ва неке, ки нафақа кунед, савоби он ба шумо пурра боз гардонда мешавад ва аз савоби шумо чизе кам карда намешавад.[179]
275. Касоне, ки рибо (суд) мехўранд аз қабр барнамехезанд, магар монанди касе, ки шайтон ўро дучори девонагӣ кардааст, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: “Хариду фурўш айнан монанди рибо аст” Аллоҳ онҳоро дурўғ баровард ва баён кард, Ў хариду фурўшро ҳалол намуда ва риборо ҳаром кардааст. Зеро дар хариду фурўш барои ҳар фард ва ҷамоъат манфиатест ва дар рибо зиён ва ҳалокӣ аст. Пас касе, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ў расид ва аз рибохўрӣ даст кашид ва тавба кард он чи дар гузашта ба даст овардааст, аз они ў мебошад ва кори ў бо Аллоҳ аст. Ва ҳар кас, ки бо рибохўрӣ бозгардад, пас онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд.
277. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некў кардаанд ва намозро, чунон ки Аллоҳ ва Расул фармудаанд, барпо доштаанд ва закоти молашонро додаанд, барояшон савоби бузургест дар назди Парвардигорашон. Ва онҳо дар охират бим надоранд ва дар дунё бар он чизе аз насибаи дунёии онҳо фавт шуд, ғамгин намешаванд!
279. Ва агар аз муомилаи рибоӣ даст накашидед, пас шумо ба мубориза бо Аллоҳ ва паёмбараш бархостаед[181]. Ва агар тавба кардед аз рибо, пас асли молҳоятон аз они шумо аст ва шумо ситам намекунед шахсеро, ки қарз додаед, то ки зиёда аз қарзатон бигиред ва бар шумо ситам карда намешавад аз тарафи қарзгирифташуда ба гирифтани асли молатон.[182]
[181]Ва ин баёнгари авҷи зиштӣ ва қабоҳати бади рибо аст, ки ба ҷанги бо Аллоҳ ва паёмбараш фаро хондааст. [182] Тафсири Табарӣ 6\28
280. Ва агар қарздор, ки тангдаст буд ва наметавонист талабро бипардозад бар талабгор воҷиб аст, ки ўро то замони ҳусули фарохӣ муҳлат бидиҳад ва бар қарздор воҷиб аст, ҳар гоҳ тавонист, қарзро бипардозад ва агар талабгор тамоми қарз ё қисми онро ба шахси қарздор бубахшад, барояшон беҳтараст, агар бузургии инро медонистанд.
281. Ва аз рўзе битарсед эй мардум, ки он рўз рўзи қиёмат аст ва дар он рўз ба сўи Аллоҳ бозгардонда мешавед, сипас ҳар кас аз он чи касб кардааст, ба сурати комил дарёфт мекунад, агар нек бошад, нек аст ва бад бошад, бад аст ва бар онҳо ситам намешавад. [183]
[183]Дар ин оят ишоратест бояд мўъмин худро дур гирад аз он чи ки Аллоҳ онро ҳаром гардондааст аз касбҳои рибоӣ ва намозро барпо дорад ва закотро адо намояд ва амалҳои шоиста кунад.
282. Эй он касоне, ки имон овардаед! Агар ба ҳамдигар то муддати муайяне қарзе додед, онро бинависед барои ҳифзи мол ва дафъи низоъ ва бояд, ки онро нависандаи боинсоф бинависад. Ва ҳеҷ нависандае набояд ба хотири хешовандӣ ё ба хотири душманӣ аз навиштани он, он гуна ки Аллоҳ ба ў омўхтааст, даст кашад, пас бояд бинависад ва касе, ки ҳақ бар ўст (яъне қарзгиранда) имло кунад ва котиб аз Парвардигораш битарсад ва чизе аз он кам накунад, пас агар қарзгиранда шахси беақл ва нодон ё нотавон буд ё наметавонист имло кунад, бояд сарпарасти ў ба адлу инсоф имло кунад ва ду гувоҳ аз мардони мусалмони болиғу оқил аз аҳли адолат бигиред ва агар ду мард набуд, пас як мард ва ду зан аз гувоҳоне, ки меписандед, (сабабаш ин аст, ки) то агар яке аз он ду зан фаромўш кард дигаре бо ў ёдоварӣ кунад. Ва ҳар гоҳе гувоҳон барои гувоҳӣ додан даъват шаванд, набояд рад кунанд ва аз навиштани қарз тибқи ваъдааш хоҳ кам бошад, ё зиёд хаста нашавед. Ин навиштан боинсофтарин ҳукм аст назди Аллоҳ ва дурусттарин роҳ барои гувоҳӣ додан ва қарибтар аз он аст, ки дучори шак нашавед, магар ин ки савдои нақдӣ бошад, ки дар миёни худ даст ба даст мекунед, пас дар ин сурат бар шумо гуноҳе нест, ки онро нанависед.[184] Ва чун хариду фурўш кардед, бояд гувоҳ бигиред барои дафъи низоъ ва набояд нависанда ва шоҳид зиён бубинанд ва агар чунин коре кунед, аз фармони Аллоҳ сарпечӣ кардааед. Ва аз Аллоҳ битарсед ва Аллоҳ некии дунё ва охиратро ба шумо меомўзад ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност. [185]
[184] Гоҳе масъалаи китобати қарз бар ҳасби шароит воҷиб ва гоҳе мустаҳаб мешавад, ба ҳар ҳол навиштан авло аст, зеро инсон ба фаромўшӣ наздик аст [185]Аллоҳи мутаъол бандагонашро дар ин оят ба ҳифзи ҳуқуқи якдигар роҳнамоӣ кардааст. Тафсири Саъдӣ 1\118
284. Он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ аст. Ва агар он чиро дар дил доред, ошкор кунед ё онро пинҳон намоед, Аллоҳ шуморо бар он ҳисоб мекунад. Пас ҳар касро, ки бихоҳад, меомўрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад азоб медиҳад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.[187]
[187]Аллоҳ бо фазлу раҳмати худ бандагонашро икром намудааст ва он чи дар дилҳо нигоҳ медоранд, то онро анҷом надиҳанд ё ба забон наёваранд, ба ҳисоб намегирад.
285. Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ў нозил шуд имон овард ва мўъминон низ; ҳама ба Аллоҳ (ки Ў Парвардигор ва сазовори ибодат ва Ўро номҳо ва сифатҳоест, ки лоиқ ба зот ва бузургии Ў ҳастанд ) ва Фариштагон ва китобҳо ва паёмбаронаш имон оварданд ва гуфтанд: байни ҳеҷ як паёмбарони Ў фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем каломатро ва итоъат кардем амратро. Парвардигоро! Омўрзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи туст.
Қуръон Карим маъноларининг тожикча таржимаси, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. Уни Рувводут таржама маркази томонидан тузатилган. Доимий ривожлантириш, баҳолаш ва фикру мулоҳаза билдириш учун асил таржимага мурожаат қилиш мумкин.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Излов натижалари:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".