Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Оят: (78) Сура: Ғофир сураси
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلٗا مِّن قَبۡلِكَ مِنۡهُم مَّن قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّن لَّمۡ نَقۡصُصۡ عَلَيۡكَۗ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَن يَأۡتِيَ بِـَٔايَةٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ فَإِذَا جَآءَ أَمۡرُ ٱللَّهِ قُضِيَ بِٱلۡحَقِّ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ
78. пеш аз ту эй Расул бисёр паёмбароне ба сӯи қавмашон фиристодаем, то онҳоро даъват намоянд ва бар озори онҳо сабру тоқат кунанд. Аз онҳо достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем. Ва ҳама паёмбарон амр шуда буданд, ки ваҳйи илоҳиро ба қавмашон бирасонанд. Ва ҳеҷ паёмбареро насазад, ки мӯъҷизае биёварад, магар ба фармони Аллоҳ. Ва чун фармони Аллоҳ барои азоби такзибкунандагон даррасад, миёни паёмбарон ва дурӯғбаровардагонашон барҳақ доварӣ гардад ва онон, ки бар ботил будаанд, он ҷо зиён хоҳанд дид.[2363]
[2363] Тафсири Саъдӣ 1\743
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Оят: (78) Сура: Ғофир сураси
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. - Таржималар мундарижаси

Қуръон Карим маъноларининг тожикча таржимаси, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. Уни Рувводут таржама маркази томонидан тузатилган. Доимий ривожлантириш, баҳолаш ва фикру мулоҳаза билдириш учун асил таржимага мурожаат қилиш мумкин.

Ёпиш