Check out the new design

Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Сура: Жосия   Оят:
أَفَرَءَيۡتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ وَأَضَلَّهُ ٱللَّهُ عَلَىٰ عِلۡمٖ وَخَتَمَ عَلَىٰ سَمۡعِهِۦ وَقَلۡبِهِۦ وَجَعَلَ عَلَىٰ بَصَرِهِۦ غِشَٰوَةٗ فَمَن يَهۡدِيهِ مِنۢ بَعۡدِ ٱللَّهِۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
23. Оё дидаи касеро, ки ҳавову ҳавасашро чун маъбуди худ гирифт ва Аллоҳ бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳаққу ботил, гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод то панду мавъизаеро нашунавад ва ҳидоятро дарк накунад ва бар дидагонаш парда афканд, то роҳи дурустро набинад? Агар Аллоҳ тавфиқу ҳидоят ба роҳи ҳақ накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? (Эй мардум!) чаро панд намегиред, то ҳақиқати ҳолро бидонед?[2549]
[2549] Тафсири Бағавӣ 7\245. Дар ин оят огоҳӣ аст барои мӯъминон, ки бо хоҳиши ҳаво ва ҳаваси худ амал накунанд.
Арабча тафсирлар:
وَقَالُواْ مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنۡيَا نَمُوتُ وَنَحۡيَا وَمَا يُهۡلِكُنَآ إِلَّا ٱلدَّهۡرُۚ وَمَا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِنۡ هُمۡ إِلَّا يَظُنُّونَ
24. Ва мушрикон гуфтанд: «Ба ҷуз ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ ҳаёте нест. Гурӯҳе аз мо мемирем ва гурӯҳе зинда мешавем. Ва моро ҷуз даҳр, (яъне гузари рӯзҳову шабҳо ва гузашти умр) ҳалок намекунад». Онон ба ин суханҳояшон донише надоранд, балки танҳо гумон меварзанд ва тахмин мезананд[2550].
[2550]Тафсири Саъдӣ 1\777
Арабча тафсирлар:
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ مَّا كَانَ حُجَّتَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱئۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
25. Ва чун оёти равшангари Мо ба ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар ту эй Муҳаммад ва пайравонат рост мегӯед, падарони моро, пас аз маргашон зинда кунед».
Арабча тафсирлар:
قُلِ ٱللَّهُ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يَجۡمَعُكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
26. Бигӯ эй Расул барои ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс: «Аллоҳест, ки шуморо дар дунё зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, аз ин рӯ дар зинда шудани баъд аз марг шак мекунанд![2551]»
[2551]Тафсири ибни Касир 7\270
Арабча тафсирлар:
وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَخۡسَرُ ٱلۡمُبۡطِلُونَ
27.Аз они Аллоҳ аст фармонравоии ҳафт осмону замин ва касе дар мулк ва офариниш ва сазовори парастиш бо Ӯ шарик нест. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, мурдаҳо аз қабрҳояшон барои ҳисобу китоб бархезанд ва аҳли ботил (кофирон) зиён хоҳанд кард.[2552]
[2552] Тафсири Табарӣ 22\81
Арабча тафсирлар:
وَتَرَىٰ كُلَّ أُمَّةٖ جَاثِيَةٗۚ كُلُّ أُمَّةٖ تُدۡعَىٰٓ إِلَىٰ كِتَٰبِهَا ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
28. Эй Расул, рӯзи қиёмат ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Ва барояшон гуфта шавад: Дар чунин рӯзе дар баробари ҳар аъмоле, ки аз неку бад кардед, подош мебинед.[2553]
[2553] Тафсири Саъдӣ 1\778
Арабча тафсирлар:
هَٰذَا كِتَٰبُنَا يَنطِقُ عَلَيۡكُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّا كُنَّا نَسۡتَنسِخُ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
29. Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд[2554], ҳароина, Мо аз фариштагони худ хоста будем, ки тамоми корҳоеро, ки дар дунё мекардаед, бе зиёдатӣ ва камбудӣ бинависанд.[2555]
[2554] Яъне, бар амалҳои шумо ба ҳақ ва ростӣ, бе ҳеҷ каму зиёдатӣ гувоҳӣ медиҳад
[2555] Тафсири Табарӣ 22\84
Арабча тафсирлар:
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَيُدۡخِلُهُمۡ رَبُّهُمۡ فِي رَحۡمَتِهِۦۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡمُبِينُ
30. Аммо касоне, ки дар дунё имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон ононро дар ҷавори раҳмати Хеш дар биҳишт дохил мекунад ва ин комёбии ошкор аст.[2556]
[2556] Тафсири Табарӣ 22\85
Арабча тафсирлар:
وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَفَلَمۡ تَكُنۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَٱسۡتَكۡبَرۡتُمۡ وَكُنتُمۡ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ
31. Ва аммо, касоне, ки кофир мешаванд, ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта мешавад, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуми гунаҳкоре будед ва ба савобу иқоб имон намеовардед?[2557]
[2557] Тафсири Табарӣ 22\86
Арабча тафсирлар:
وَإِذَا قِيلَ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَٱلسَّاعَةُ لَا رَيۡبَ فِيهَا قُلۡتُم مَّا نَدۡرِي مَا ٱلسَّاعَةُ إِن نَّظُنُّ إِلَّا ظَنّٗا وَمَا نَحۡنُ بِمُسۡتَيۡقِنِينَ
32. Чун гуфта мешуд, ки ҳароина, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва дар вуқуъи қиёмат шакке нест, ки ҳатман омаданист, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем (яъне, мо қиёматро хаёли маҳз мепиндорем) ва аз воқеъ шудани он ба бовари нарасидаем».
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Жосия
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима - Таржималар мундарижаси

Хўжа Миров Хўжа Мир томонидан таржима қилинган. Рувводут таржама маркази назорати остида ривожлантирилган, аслий таржима билан танишиш, фикр билдириш, баҳолаш ва доимий ривожлантириш мақсадида мавжуд.

Ёпиш