Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Оят: (160) Сура: Аъроф сураси
وَقَطَّعۡنَٰهُمُ ٱثۡنَتَيۡ عَشۡرَةَ أَسۡبَاطًا أُمَمٗاۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ إِذِ ٱسۡتَسۡقَىٰهُ قَوۡمُهُۥٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡحَجَرَۖ فَٱنۢبَجَسَتۡ مِنۡهُ ٱثۡنَتَا عَشۡرَةَ عَيۡنٗاۖ قَدۡ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٖ مَّشۡرَبَهُمۡۚ وَظَلَّلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡغَمَٰمَ وَأَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰۖ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
160. Бани Исроилро ба дувоздаҳ сибт (қабила ва шоха) тақсим кардем, ки сабаби пайдоиши насли ҳар қабила марде аз фарзандони Яъқуб буд. Ва чун қавми Мусо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан, пас бар санг зад, ки аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои обхӯриши хешро бишинохт. Ва абрро барояшон соябон сохтем ва барояшон «манна ва салво[745]»нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Аммо ононро малол шуд аз бардавом фуруд омадани он неъматҳо, пас носипосӣ карданд. Ва онон ба мо ситам накарданд, вақте ки шукри неъматро ба ҷо наоварданд, балки ба худашон ситам мекарданд ва худро дар азоб қарор доданд. Ва ин дар вақти дар биёбон монданашон буд.[746]
[745] “Манна”; навъе аз ҳалво, яъне таъомест, ки маззаи он асалмонанд аст ва “салво”; гӯшти паррандае, ки аз беҳтарин навъҳои паррандагон аст (ва ба қавле бедона аст)
[746] Тафсири Саъдӣ 1\ 306
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Оят: (160) Сура: Аъроф сураси
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. - Таржималар мундарижаси

Қуръон Карим маъноларининг тожикча таржимаси, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. Уни Рувводут таржама маркази томонидан тузатилган. Доимий ривожлантириш, баҳолаш ва фикру мулоҳаза билдириш учун асил таржимага мурожаат қилиш мумкин.

Ёпиш