ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير * - فهرس التراجم


ترجمة معاني سورة: الشمس   آية:

سورة الشمس - Сураи Шамс (Офтоб)

وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
التفاسير العربية:
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا
2. ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд
التفاسير العربية:
وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا
3. ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
التفاسير العربية:
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا
4. ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад
التفاسير العربية:
وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا
5. ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард
التفاسير العربية:
وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا
6. ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард
التفاسير العربية:
وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا
7. ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид,
التفاسير العربية:
فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا
8. сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро[3103] ба ӯ илҳом кард.
[3103] Роҳи баду некро
التفاسير العربية:
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا
9Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт.
التفاسير العربية:
وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا
10. Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд.
التفاسير العربية:
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ
11. Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд.
التفاسير العربية:
إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا
12. Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур.
التفاسير العربية:
فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا
13. Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш бознадоред.
التفاسير العربية:
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا
14. Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт.
التفاسير العربية:
وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا
15. Ва Ӯ таъолобаъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати корионҳо наметарсад.
التفاسير العربية:
 
ترجمة معاني سورة: الشمس
فهرس السور رقم الصفحة
 
ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير - فهرس التراجم

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

إغلاق