Check out the new design

আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ * - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-বাক্বাৰাহ   আয়াত:

Бақара

الٓمٓ
Алиф, лом, мим.[1]
[1] Зикр гардидани ҳуруфи муқаттаъа (ҳарфҳои ҷудошуда) дар оғози ин сура нишонае аз эъҷози Қуръон аст. Дар воқеъ, ин ҳуруф мушрикони Қурайшро ба чолишу мубориза даъват кард ва сарфи назар аз ин ки он ҳарфҳо барояшон ошно буд, онон тавони ибрози эътироз ба онро надоштанд. Инчунин бовуҷуди ин ки онон беҳтарин суханварони Араб буданд - аз овардани ояту сурае ҳаммонанди Қуръон оҷизу нотавон монданд, ки ин далолат бар Ваҳй ва муъҷиза будани Каломуллоҳ мекунад.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ
Ин китобест, ки ҳеҷ тардиде [шакку гумоне] дар [китоби илоҳӣ будани] он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ
Он касоне, ки [дар ниҳону ошкор] ба ғайб имон доранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, инфоқ [сарфу харҷ ва хайр] мекунанд.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ وَبِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ
Ва онҳое, ки ба он чи бар ту ва [бар паёмбарони] пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва бар рӯзи растохез яқин доранд.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
Онҳо аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидоят бархӯрдоранд ва ононад, ки растагоранд.
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
 
অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-বাক্বাৰাহ
ছুৰাৰ তালিকা পৃষ্ঠা নং
 
আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

অনুবাদ কৰিছে جمعية الدعوة بالربوة আৰু جمعية خدمة المحتوى الإسلامي باللغاتৰ সহযোগত মৰ্কজ ৰুৱাদুত তাৰ্জামাৰ অনুবাদক গোষ্ঠীয়ে।

বন্ধ