Check out the new design

আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ * - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-বাক্বাৰাহ   আয়াত:
وَإِذۡ نَجَّيۡنَٰكُم مِّنۡ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ يَسُومُونَكُمۡ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبۡنَآءَكُمۡ وَيَسۡتَحۡيُونَ نِسَآءَكُمۡۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَآءٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَظِيمٞ
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки шуморо аз чанголи фиръавниён наҷот додем. [Онон] Бадтарин азобро бар саратон меоварданд: Писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузурге аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо буд
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَإِذۡ فَرَقۡنَا بِكُمُ ٱلۡبَحۡرَ فَأَنجَيۡنَٰكُمۡ وَأَغۡرَقۡنَآ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро, дар ҳоле ки [ба азоби онҳо бо чашми худ] менигаристед, ғарқ сохтем
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَإِذۡ وَٰعَدۡنَا مُوسَىٰٓ أَرۡبَعِينَ لَيۡلَةٗ ثُمَّ ٱتَّخَذۡتُمُ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَنتُمۡ ظَٰلِمُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки [барои нузули Таврот] чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда гузоридем, он гоҳ шумо баъд аз ӯ гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки [нисбат ба хештан] ситамгор будед
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
ثُمَّ عَفَوۡنَا عَنكُم مِّنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Сипас шуморо баъд аз он [гуноҳ] бахшидем; бошад, ки сипосгузорӣ кунед
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَإِذۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡفُرۡقَانَ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки ба Мӯсо китоби [Таврот] – ро, ки ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст, ато кардем; бошад, ки ҳидоят шавед
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِنَّكُمۡ ظَلَمۡتُمۡ أَنفُسَكُم بِٱتِّخَاذِكُمُ ٱلۡعِجۡلَ فَتُوبُوٓاْ إِلَىٰ بَارِئِكُمۡ فَٱقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ عِندَ بَارِئِكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Эй қавми ман, шумо бо интихоби гӯсола [барои парастиш] ба худ ситам кардаед, пас, ба сӯйи Офаридгори худ бозгардед ва тавба кунед ва [хатокорони] худро бикушед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст". Он гоҳ Аллоҳ таоло тавбаи шуморо пазируфт. Ба ростӣ, ки Ӯ тавбапазиру меҳрубон аст
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَإِذۡ قُلۡتُمۡ يَٰمُوسَىٰ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ فَأَخَذَتۡكُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки Аллоҳро ошкоро бубинем". Пас, соиқа [оташак] шуморо дар ҳоле гирифт, ки [азоби худро бо чашми хеш] менигаристед
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
ثُمَّ بَعَثۡنَٰكُم مِّنۢ بَعۡدِ مَوۡتِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Сипас шуморо пас аз маргатон барангехтем, бошад, ки сипосгузорӣ кунед
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَظَلَّلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡغَمَامَ وَأَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰۖ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Ва абрро бар шумо соябон қарор додем ва манну салво [шаҳду бедона] бароятон фурӯ фиристодем [ва гуфтем]: "Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред" [вале куфр варзидед]. Онон [бо носипосиву нофармонӣ] ба мо ситам накарданд, балки ба худ ситам раво доштанд
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
 
অৰ্থানুবাদ ছুৰা: আল-বাক্বাৰাহ
ছুৰাৰ তালিকা পৃষ্ঠা নং
 
আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

অনুবাদ কৰিছে جمعية الدعوة بالربوة আৰু جمعية خدمة المحتوى الإسلامي باللغاتৰ সহযোগত মৰ্কজ ৰুৱাদুত তাৰ্জামাৰ অনুবাদক গোষ্ঠীয়ে।

বন্ধ