Check out the new design

Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir * - Translations’ Index


Translation of the meanings Surah: Al-Anbiyā’   Ayah:
لَا يَسۡمَعُونَ حَسِيسَهَاۖ وَهُمۡ فِي مَا ٱشۡتَهَتۡ أَنفُسُهُمۡ خَٰلِدُونَ
102. Инҳо ҳатто садои оташи дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ ки дилхоҳашон аст, муҳайёст, ва дар он ҷо ҷовидонанд.
Arabic explanations of the Qur’an:
لَا يَحۡزُنُهُمُ ٱلۡفَزَعُ ٱلۡأَكۡبَرُ وَتَتَلَقَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ هَٰذَا يَوۡمُكُمُ ٱلَّذِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ
103. Рӯзи қиёмат он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд башорат диҳанд , ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо савобҳои бисёр ваъда дода буданд.
Arabic explanations of the Qur’an:
يَوۡمَ نَطۡوِي ٱلسَّمَآءَ كَطَيِّ ٱلسِّجِلِّ لِلۡكُتُبِۚ كَمَا بَدَأۡنَآ أَوَّلَ خَلۡقٖ نُّعِيدُهُۥۚ وَعۡدًا عَلَيۡنَآۚ إِنَّا كُنَّا فَٰعِلِينَ
104. Рӯзе, ки осмонро чун саҳифаи навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, онро аз сар бозгардонем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост, албатта Мо чунон хоҳем кард.
Arabic explanations of the Qur’an:
وَلَقَدۡ كَتَبۡنَا فِي ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعۡدِ ٱلذِّكۡرِ أَنَّ ٱلۡأَرۡضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ ٱلصَّٰلِحُونَ
105. Ва ба ростӣ дар Забур (китобҳои нозил шуда) навиштаем пас аз он ки дар Лавҳи Маҳфуз навишта шуд, ки ҳамоно заминро бандагони солиҳи ман ба ирс мебаранд
Arabic explanations of the Qur’an:
إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَٰغٗا لِّقَوۡمٍ عَٰبِدِينَ
106. Ва дар ин китоб таблиғест (далели кофӣ) барои ибодаткунандагон!
Arabic explanations of the Qur’an:
وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ
107. Ва нафиристодем туро эй Расул ҷуз он, ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем. Пас касе имон овард ба ту некбахт гашт ва наҷот ёфт ва касе ки имон наовард ноумед гашт ва зиён дид.[1676]
[1676] Тафсири Табарӣ 18\552
Arabic explanations of the Qur’an:
قُلۡ إِنَّمَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ
108. Бигӯ: «Ҳамоно ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо ки сазовори ибодат аст Аллоҳи яктост, оё ба он таслим мешавед?» Пас таслим шавед ва дар ибодаташ сар фурӯ оред.[1677]
[1677] Тафсири Саъдӣ 1\532
Arabic explanations of the Qur’an:
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُلۡ ءَاذَنتُكُمۡ عَلَىٰ سَوَآءٖۖ وَإِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٞ مَّا تُوعَدُونَ
109. Пас агар онҳо аз Ислом рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ баробар бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ба азобе ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.
Arabic explanations of the Qur’an:
إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا تَكۡتُمُونَ
110. Ҳамоно Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред ва ба он муҳосаба карда мешавед.
Arabic explanations of the Qur’an:
وَإِنۡ أَدۡرِي لَعَلَّهُۥ فِتۡنَةٞ لَّكُمۡ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ
111. Ва намедонам шояд ин таъхири азоб озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то муддате бошад, ки куфратон зиёд гардад ва ба азоби бузург дучор гардед.[1678]
[1678]Тафсири Саъдӣ 1\532
Arabic explanations of the Qur’an:
قَٰلَ رَبِّ ٱحۡكُم بِٱلۡحَقِّۗ وَرَبُّنَا ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ
112. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Эй Парвардигори ман, байни ман ва байни касе, ки маро дурӯғ баровард ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо Аллоҳи меҳрубон аст, ки аз Ӯ мадад пурсида мешавад дар баробари он чи шумо баён мекунед».[1679]
[1679]Тафсири Табарӣ 18\554
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Surah: Al-Anbiyā’
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir - Translations’ Index

Translated by Khoja Mirov Khoja Mir. Developed under the supervision of the Rowwad Translation Center. The original translation is available for the purpose of expressing an opinion, evaluation, and continuous development.

close