Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja * - Translations’ Index


Translation of the meanings Ayah: (156) Surah: Āl-‘Imrān
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ إِذَا ضَرَبُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ كَانُواْ غُزّٗى لَّوۡ كَانُواْ عِندَنَا مَا مَاتُواْ وَمَا قُتِلُواْ لِيَجۡعَلَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ حَسۡرَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡۗ وَٱللَّهُ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
156. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, монанди он кофироне, ки ба Парвардигорашон боварӣ надоранд, мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар барои дарёфти ризқ ё ба ҷанг рафта буданд ва фавтиданд ё кушта шуданд, мегуфтанд: «Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Аллоҳ ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Аммо мўъминон ҳамоно медонанд, ки ин ҳама ба тақдири Аллоҳ аст, пас Аллоҳ дилҳояшонро ҳидоят мекунад ва мусибатҳоро барои онон сабук мекунад. Ва Аллоҳ аст, ки зинда мекунад касеро, ки барои ў ҳаёт муқаррар шуда бошад гарчанде мусофир ё муҷоҳид бошад ва мемиронад касеро, ки ҳаёташ ба охир расида бошад гарчанде дар хонааш бошад ва Ўст, ки ҳамаи корҳои шуморо мебинад![286]
[286] Тафсири Саъдӣ 1\153
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Ayah: (156) Surah: Āl-‘Imrān
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja - Translations’ Index

Translation of the Quran meanings into Tajik by Khawja Mirov Khawja. Corrected by supervision of Rowwad Translation Center. The original translation is available for suggestions, continuous evaluation and development.

close