Translation of the meaning of the noble Quran - Tajik translation * - Translations


Translation of the meaning of Sura: Ar-Room
Aya:
 

Ar-Room

الٓمٓ
1. Алиф, Аом, Мим.(1)
1. Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
Arabic short Tafasir:
غُلِبَتِ ٱلرُّومُ
2. Румиён шикаст хӯрданд, аз дасти форсиён,
Arabic short Tafasir:
فِيٓ أَدۡنَى ٱلۡأَرۡضِ وَهُم مِّنۢ بَعۡدِ غَلَبِهِمۡ سَيَغۡلِبُونَ
3. дар наздиктарин сарзамин,(1) вале онҳо баъд аз шикасташон ба зудӣ ғолиб хоҳанд шуд,
1. Яъне, наздиктар ба сарзамини арабҳо, ки он Шом аст.
Arabic short Tafasir:
فِي بِضۡعِ سِنِينَۗ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡرُ مِن قَبۡلُ وَمِنۢ بَعۡدُۚ وَيَوۡمَئِذٖ يَفۡرَحُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ
4. дар муддати чанд соле(1). Пеш аз ин пирӯзӣ ва пас аз ин пирӯзӣ фармон аз они Аллоҳ аст. Ва он рӯз, ки румиён ғолиб шаванд, муъминон шодмон мешаванд
1. Яъне, аз се то даҳ сол аст. Тафсири Саъдӣ 1/ 636
Arabic short Tafasir:
بِنَصۡرِ ٱللَّهِۚ يَنصُرُ مَن يَشَآءُۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
5. ба сабаби ёрии Аллоҳ. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, ва ҳар касро, ки бихоҳад хор мекунад ва Ӯ пирӯзманд аст, мағлуб намешавад ва меҳрубон аст ба бандагони мӯъмини худ!
Arabic short Tafasir:

وَعۡدَ ٱللَّهِۖ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
6. Аллоҳ ба мӯъминон пирӯзии румиён бар форсиёнро ваъдаи қатъӣ додааст ва Аллоҳ ваъдашро хилоф намекунад, вале бисёрии мардумон (кофирони Макка) намедонанд, ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст.
Arabic short Tafasir:
يَعۡلَمُونَ ظَٰهِرٗا مِّنَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ عَنِ ٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ غَٰفِلُونَ
7.       Онҳо фақат ба зоҳири зиндагии дунё ва ороиши он огоҳанд ва аз умури охират бехабаранд.
Arabic short Tafasir:
أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۗ مَّا خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ بِلِقَآيِٕ رَبِّهِمۡ لَكَٰفِرُونَ
8.       Оё касоне, ки ба дидори Аллоҳ имон надоранд ва паёмбаронашро бовар надоранд, дар худашон андеша накардаанд, ки Аллоҳ осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва то замони муайяне, наофаридааст? Ва ҳароина, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.
Arabic short Tafasir:
أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَأَثَارُواْ ٱلۡأَرۡضَ وَعَمَرُوهَآ أَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
9.       Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд(1), чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд(2) ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд, онро обод сохтаанд, вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд.(3)
1. Монанди Оду Самуд, ки фиристодагони Аллоҳро дуруғ бароварданд. 2. Аз кофирони Макка. 3. Тафсири Бағавӣ 6\263
Arabic short Tafasir:
ثُمَّ كَانَ عَٰقِبَةَ ٱلَّذِينَ أَسَـٰٓـُٔواْ ٱلسُّوٓأَىٰٓ أَن كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَكَانُواْ بِهَا يَسۡتَهۡزِءُونَ
10.   Сипас оқибати он касоне(1), ки корҳои бад карданд, бадтар шуд. Зеро инҳо оёти Аллоҳро дурӯғ бароварданд ва онро ба масхара мегирифтанд.
1. Ситамгорон ва кофирон.
Arabic short Tafasir:
ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
11.   Аллоҳ офариниши мавҷудотро оғоз мекунад, сипас онро дубора бар мегардонад, он гоҳ ҳама халқ ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас некӯкоронро ба сабаби некӯкориашон ва бадкоронро дар баробари бадкориашон ҷазои муносиб медиҳад.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\306
Arabic short Tafasir:
وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُبۡلِسُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
12.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон он рӯз, барои наҷот ёфтанашон аз азоб ҳайратзадаву ноумед бимонанд.
Arabic short Tafasir:
وَلَمۡ يَكُن لَّهُم مِّن شُرَكَآئِهِمۡ شُفَعَـٰٓؤُاْ وَكَانُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ كَٰفِرِينَ
13.   Ва барои он мушрикон аз маъбудонашон, ки онҳоро дар дунё ба ҷои Аллоҳ ибодат кардаанд, ҳеҷ шафоаткунандае нахоҳад буд ва худ нисбат ба маъбудонашон бовар надоранд, балки дар ин вақт маъбудонашон аз онҳо безорӣ меҷӯянд ва онҳо низ аз маъбудонашон безорӣ меҷӯянд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\638
Arabic short Tafasir:
وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَتَفَرَّقُونَ
14.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аҳли имон ва аҳли куфр аз якдигар ҷудо шаванд.
Arabic short Tafasir:
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَهُمۡ فِي رَوۡضَةٖ يُحۡبَرُونَ
15.   Аммо онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас, онҳо дар боғҳои ҷаннат дар шодӣ ва сархушӣ мавриди икром ва инъом қарор мегиранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\81
Arabic short Tafasir:

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآيِٕ ٱلۡأٓخِرَةِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ
16.   Ва аммо касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро, ки паёмбарон барояшон оварда буданд ва дидори охиратро(1) дурӯғ баровардаанд ва инкор кардаанд, пас ба сабаби имон наёварданашон дар дунё он гурӯҳ дар азоби доимӣ ҳозир сохта мешаванд.(2)
1. Яъне, зинда шудани пас аз марг. 2. Тафсири Табарӣ 20\83
Arabic short Tafasir:
فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ حِينَ تُمۡسُونَ وَحِينَ تُصۡبِحُونَ
17.   Пас, эй мӯъминон, ҳангоми шому субҳ Аллоҳро ба покӣ(1) ёд кунед.
1. Яъне, аз ҳар айбу нуқсон ва он чи сазовори шаъни Вай нест, ба покӣ ёд кунед, монанди шарик овардан ва ҳамсару фарзанд ба Ӯ нисбат додан.
Arabic short Tafasir:
وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَعَشِيّٗا وَحِينَ تُظۡهِرُونَ
18.   Ва сипосу ситоиш Ӯрост дар осмонҳову замин, ҳангоми аср ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз(1) мерасед.
1. Яъне, вақти пшин.
Arabic short Tafasir:
يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَيُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ وَكَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ
19.   Аллоҳ таоло зиндаро аз мурда берун меорад (ба монанди берун овардани инсон аз нутфа ва берун овардани чӯҷа аз тухм) ва мурдаро аз зинда (ба монанди берун овардани нутфа аз инсон ва берун овардани тухм аз чӯҷа.) Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз қабрҳо барои ҳисобу китоб берун карда мешавед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\85
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ إِذَآ أَنتُم بَشَرٞ تَنتَشِرُونَ
20.   Ва яке аз нишонаҳои бузург ва камоли қудрати Аллоҳ ин аст, ки падари шумо Одам (алайҳиссаломро) аз хок биёфарид, то он гоҳ инсонҳои зиёде шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\87
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
21.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии Ӯ ва камоли қудраташ он аст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин офариниш ибратҳоест далолаткунанда бар қудрати Аллоҳ ва ягонагии Ӯ барои мардуме, ки меандешанд.
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفُ أَلۡسِنَتِكُمۡ وَأَلۡوَٰنِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡعَٰلِمِينَ
22.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон аст. Бешак, дар ин амр низ барои донишварон ибратҳоест.
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ مَنَامُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱبۡتِغَآؤُكُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ
23.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қударати Ӯ хобидани шумост дар шабу рӯз барои истироҳат ва талаби ризқу рӯзии шумо аз фазли Ӯст. Албатта, дар ин амр ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\266
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَيُحۡيِۦ بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
24.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки барқро барои тарсонидан ва умедвор сохтан(1) ба шумо нишон медиҳад. Ва аз осмон борон мефиристад, пас замини мурдаро бо он зинда месозад. Албатта, дар ин ибратҳоест далолаткунанда бар камоли қудрат ва ҳикмат ва эҳсони Ӯ барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.(2)
1. Яъне, тарс аз соиқаҳо ва умед ба борон. Тафсири Саъдӣ 1/ 639 2. Тафсири Саъдӣ 1\639
Arabic short Tafasir:

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن تَقُومَ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ بِأَمۡرِهِۦۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمۡ دَعۡوَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ إِذَآ أَنتُمۡ تَخۡرُجُونَ
25.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпоянд. Пас, на ба ҷунбиш дароянд ва на осмон бар замин афтад. Сипас Аллоҳ таоло шуморо аз замин бо нидое фаро мехонад ва шумо, ногаҳон, ба шитоб аз замин берун меоед.
Arabic short Tafasir:
وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ
26.   Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст; аз фариштагон, инсон, ҷин, ҳайвон, наботот ва ҷимодот ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.
Arabic short Tafasir:
وَهُوَ ٱلَّذِي يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهۡوَنُ عَلَيۡهِۚ وَلَهُ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
27.   Ва Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онҳоро пас аз марг зинда бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ба болотарин масал дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову биност ва Ӯ тавоност, ки ҳаргиз мағлуб намешавад ва дар гуфтору корҳояш ва тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\268
Arabic short Tafasir:
ضَرَبَ لَكُم مَّثَلٗا مِّنۡ أَنفُسِكُمۡۖ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِي مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ فَأَنتُمۡ فِيهِ سَوَآءٞ تَخَافُونَهُمۡ كَخِيفَتِكُمۡ أَنفُسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
28.   Аллоҳ бароятон эй мушрикон, аз худатон масале задааст: Оё бандагонатон (ғуломонатон) дар он чӣ ба шумо ризқу рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то шумо дар он баробар бошед, ҳамон гуна, ки шумо аз шарикони озоди худ бим доред, аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\640
Arabic short Tafasir:
بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ فَمَن يَهۡدِي مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ
29.   Балки, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ ба падаронашон пайравӣ кардаанд ва онҳоро дар ҷаҳлу гумроҳӣ ҳамшарикӣ намудаанд. Онҳоро, ки Аллоҳ гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\269
Arabic short Tafasir:
فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
30.   Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати(1) илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест(2). Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо.(3)
1. Яъне, хилқат ва сиришт. 2. Яъне, дигаргуни дар дини Аллоҳ нест. Тафсири Табарӣ 20/ 99 3. Тафсири Табарӣ 20\99
Arabic short Tafasir:
۞مُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
31.   Ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва ихлосу амал бозгардед ва аз Ӯ битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва намозро бо аркон, воҷибот ва шартҳояш барпо доред ва аз гурӯҳи мушрикон мабошед, ки барои Ӯ шарик меоваранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\100
Arabic short Tafasir:
مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ
32.   Мабошед аз касоне,(1) ки динашонро пароканда сохта ва гӯруҳ гӯруҳ шуданд, ҳар гӯруҳе ба он чӣ ки назди худ доранд, хурсанданд ва мепиндоранд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон ноҳақ.(2)
1. Яъне, монанди яҳуду насоро ва бидъаткорон ва касоне, ки ҳавову ҳаваси худро пайравӣ намуда динашонро тағйир доданд, баъзе аз онро қабул карданд ва баъзеро тарк намуданд. 2. Тафсири Бағавӣ 6\271
Arabic short Tafasir:

وَإِذَا مَسَّ ٱلنَّاسَ ضُرّٞ دَعَوۡاْ رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَآ أَذَاقَهُم مِّنۡهُ رَحۡمَةً إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ
33.   Ва ҳар замоне ба мардум ранҷ ва зиёне бирасад, бо ихлос Парвардигорашонро дуову илтиҷо кунанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Сипас чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, онгоҳ гурӯҳе аз онон бори дигар ба Парвардигорашон ширк меоваранд.
Arabic short Tafasir:
لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
34.   Оқибат неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, дар дунё андаке аз фарохдастӣ ва васеъгии ризқ баҳраманд шавед. Эй мушрикон, ба зудӣ хоҳед донист, чи азобе шуморо дар охират интизор аст!(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\101
Arabic short Tafasir:
أَمۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٗا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُواْ بِهِۦ يُشۡرِكُونَ
35.   Оё бурҳон ва далеле бар онҳо нозил кардем, пас он далел аз чизе, ки бо Аллоҳ шарик месозанд, сухан мегӯяд?!
Arabic short Tafasir:
وَإِذَآ أَذَقۡنَا ٱلنَّاسَ رَحۡمَةٗ فَرِحُواْ بِهَاۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ إِذَا هُمۡ يَقۡنَطُونَ
36.   Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд бо сармастӣ ва гарданкашӣ ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе, ё камбағалӣ, ё қаҳтӣ, ё беморй бар онҳо расад, ногоҳ онон маъюс ва ноумед мегарданд!(1)
1. Яъне, беморӣ, камбағалӣ ва сахтӣ. Тафсири Саъдӣ 1/642
Arabic short Tafasir:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
37.   Оё надидаанд, ки Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, барои имтиҳон кардан фаровон мекунад ва барои ҳар касе, ки бихоҳад барои озмоиш кардан танг ва кам мегардонад? Албатта, дар ин фаровонӣ ва тангии неъмат ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!
Arabic short Tafasir:
فَـَٔاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
38.    Пас эй мӯъмин, ҳаққи хешовандон(1), мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Аллоҳро меҷӯянд ва инҳоанд, ки аз азоб наҷотёфтагонанд.
1. Ҳаққи хешовандон: некӯӣ кардан бо онҳо ба василаи хайр ва садақа ва пайванди раҳм ва ҳаққи мискин ва мусофир; садақа кардан ва кӯмак карадан аст.
Arabic short Tafasir:
وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبٗا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةٖ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ
39.    Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне, ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\84
Arabic short Tafasir:
ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ ثُمَّ رَزَقَكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۖ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَفۡعَلُ مِن ذَٰلِكُم مِّن شَيۡءٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
40.    Аллоҳ Зотест, ки шуморо биёфарид, сипас ризқ дод, сипас мемиронад, сипас дубора зинда мекунад. Оё касонеро, ки шарики Аллоҳ месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд анҷом дод? Аллоҳ таоло пок аст ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, болотар аст.
Arabic short Tafasir:
ظَهَرَ ٱلۡفَسَادُ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ بِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِي ٱلنَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعۡضَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
41.   Ба сабаби аъмоли мардум фасод(1) дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онҳо ҷазои баъзе аз корҳояшонро, ки дар Дунё карда буданд, бичашонад, шояд ки онҳо аз гуноҳонашон тавба карда бозгарданд.
1. Яъне, қаҳтиву хушксолӣ ва бемориҳои сирояткунанда. Тафсири Саъдӣ 1/ 641
Arabic short Tafasir:

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلُۚ كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّشۡرِكِينَ
42.  Эй Паёмбар, ба дуруғбаровардагони рисолатат бигӯ: «Дар замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред, ки оқибати кори пешиниён, (монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд) ки аксари онҳо аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст».(1)
1. Яъне, ба мақсади панд ва ибрат. Тафсири Саъдӣ 1/ 642
Arabic short Tafasir:
فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ ٱلۡقَيِّمِ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۖ يَوۡمَئِذٖ يَصَّدَّعُونَ
43.   Пас, ба дини дурусту пойдор, ки ҳамоно Ислом аст, рӯй бигардон бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва пеш аз он ки рӯзи қиёмат фаро расад, ки радкарданашро ҳеҷ кас натавонад. Дар он рӯз мардум ба гӯруҳҳо тақсим мешаванд, то аъмоли хешро бубинанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\643
Arabic short Tafasir:
مَن كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهُۥۖ وَمَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِأَنفُسِهِمۡ يَمۡهَدُونَ
44.   Касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, пас, барои худ подоши некӯ(1) омода кардаанд,
1. Яъне, барои худашон биҳиштро ба корҳои шоиста омода месозанд.
Arabic short Tafasir:
لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ
45.   то касонеро, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ подош диҳад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ кофиронро дӯст намедорад!
Arabic short Tafasir:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن يُرۡسِلَ ٱلرِّيَاحَ مُبَشِّرَٰتٖ وَلِيُذِيقَكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَلِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
46.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии қудрати Ӯ он аст, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо, ки ҳамоно борон, фаровонӣ, сарсабзй аст, бирасонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Бошад, ки шукр гӯед ва Ӯро ба ягонагӣ парастиш кунед!(1)
1. Яъне, бодҳои хайру раҳматро, ки башоратовари боронанд. Тафсири Бағавӣ 6\256
Arabic short Tafasir:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَٱنتَقَمۡنَا مِنَ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْۖ وَكَانَ حَقًّا عَلَيۡنَا نَصۡرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
47.   Ба ба ростӣ, эй Расул, пеш аз ту паёмбаронеро ба сӯи қавмашон ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем. Онҳо бо мӯъҷизаҳо ва далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Пас, Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ҳалокашон сохтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд. Инчунин мекунем бо такзибкунандагони ту(1), модоме, ки бар дурӯғашон пойдор бошанд ва имон наоранд.(2)
1. Яъне, касоне, ки рисолати туро дуруғ мебароранд. 2. Тафсири Табарӣ 20\113
Arabic short Tafasir:
ٱللَّهُ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابٗا فَيَبۡسُطُهُۥ فِي ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ يَشَآءُ وَيَجۡعَلُهُۥ كِسَفٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦۖ فَإِذَآ أَصَابَ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ إِذَا هُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ
48.   Аллоҳ Зотест, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунонки хоҳад бар осмон паҳну парешон кунад ва онро порча - порча кунад, пас бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, онҳо, шодмон шаванд.
Arabic short Tafasir:
وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلِ أَن يُنَزَّلَ عَلَيۡهِم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمُبۡلِسِينَ
49.   Ва агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед буданд.
Arabic short Tafasir:
فَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ ءَاثَٰرِ رَحۡمَتِ ٱللَّهِ كَيۡفَ يُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
50.   Пас, эй назаркунанда ба осори раҳмати Аллоҳ, бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад?! Дар ҳақиқат, Аллоҳ, бешак, зиндакунандаи мурдагон аст ва ба ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад.
Arabic short Tafasir:

وَلَئِنۡ أَرۡسَلۡنَا رِيحٗا فَرَأَوۡهُ مُصۡفَرّٗا لَّظَلُّواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ يَكۡفُرُونَ
51.   Ва агар боде бифиристем, ки офатзо, гарму сӯзон бошад ва киштзорҳоро зиён расонад, пас он киштзорҳоро зардшуда бубинанд, қатьан, пас, аз он ҳама носипос мешаванд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\644
Arabic short Tafasir:
فَإِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ
52.   Ба таҳқиқ, ту эй Расул, наметавонӣ суханатро ба дили мурдагон бишунавонӣ ва наметавонӣ сухани ҳақро ба карон(1) бишнавонӣ, ҳангоме ки рӯй бармегардонанд ва мераванд. Пас аз имон наёвардани мушрикон ғамгин мабош, зеро онҳо монанди карон ва мурдагон намешунаванд ва пайхас ҳам намекунанд, агарчанде ҳозир бошанд, пас чӣ гуна аст ҳоли касоне, ки аз ту рӯй бармегардонанд ва назди ту ҳозир нестанд?
1. Яъне, кар аз шунидани ҳақ.
Arabic short Tafasir:
وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِ ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ
53.   Ту эй Расул, ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд, пас, онҳо фармонбардоранд.
Arabic short Tafasir:
۞ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن ضَعۡفٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ ضَعۡفٖ قُوَّةٗ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٖ ضَعۡفٗا وَشَيۡبَةٗۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡقَدِيرُ
54.   Аллоҳ Зотест, ки шуморо аз нотавонӣ (яъне, аз нутфа) биёфарид ва пас аз нотавонӣ нерӯманд сохт, ки он ҷавонӣ аст, он гоҳ пас аз нерӯмандӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ ба халқаш донову бар ҳама чиз тавоност!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\644
Arabic short Tafasir:
وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُقۡسِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ مَا لَبِثُواْ غَيۡرَ سَاعَةٖۚ كَذَٰلِكَ كَانُواْ يُؤۡفَكُونَ
55.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз лаҳзае дар дунё(1) наистодаанд. Инчунин аз ҳақиқат ва роҳи ҳақ баргардонида мешаванд. Яъне, онҳо аз фаҳмидани ҳақиқат ва паймудани роҳи дуруст боздошта мешаванд, чи тавре ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд.(2)
1. Кофирон савганди дурӯғ хӯрданд, чунон ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд ва ҳақиқатро инкор мекарданд.Тафсири Бағавӣ 6/ 278 2. Тафсири Саъдӣ 1\645
Arabic short Tafasir:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَٱلۡإِيمَٰنَ لَقَدۡ لَبِثۡتُمۡ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡبَعۡثِۖ فَهَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡبَعۡثِ وَلَٰكِنَّكُمۡ كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
56.   Онон, ки донишу имон дода шудаанд; аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон гӯянд: Ҳамоно шумо эй кофирон бар мувофиқи китоби Аллоҳ(1) то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст, вале шумо намедонистаед ҳақ будани ин рӯзро.(2)
1. Яъне, ба муҷиби илми Аллоҳ. 2. Тафсири Бағавӣ 6\278
Arabic short Tafasir:
فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَعۡذِرَتُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ
57.   Пас, он рӯз касоне, ки ситам карданд, узрхоҳиашон ба ҳолашон фоидае надиҳад ва ба онҳо мӯҳлати тавба дода нахоҳад шуд, балки ба сабаби бадиҳо ва гуноҳонашон азоб дода мешаванд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\119
Arabic short Tafasir:
وَلَقَدۡ ضَرَبۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖۚ وَلَئِن جِئۡتَهُم بِـَٔايَةٖ لَّيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا مُبۡطِلُونَ
58.   Ва ҳамоно Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар хуна масал овардаем. Ва эй Расул, чун ояте барояшон биёварӣ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ту мекунад, кофирон ҳатман хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\120
Arabic short Tafasir:
كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ
59.   Инчунин Аллоҳ ба дилҳои касоне, ки намедонанд ҳақиқати он чиро, ки ба сӯяшон овардӣ; аз ибратҳо, оёт ва равшаниҳо, мӯҳр мениҳад!
Arabic short Tafasir:
فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ وَلَا يَسۡتَخِفَّنَّكَ ٱلَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ
60.   Пас, сабр кун, эй Расул, аз озори қавмат, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, ки туро бар онҳо пирӯз мегардонад. Ва ҳаргиз касоне, ки ба рӯзи охират имони яқин надоранд, туро хашмгин ва сабуксор накунанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\328
Arabic short Tafasir:

 
Translation of the meaning of Sura: Ar-Room
Sura list Page number
 
Translation of the meaning of the noble Quran - Tajik translation - Translations

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Close