Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja * - Translations’ Index


Translation of the meanings Ayah: (6) Surah: Az-Zumar
خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ ثَمَٰنِيَةَ أَزۡوَٰجٖۚ يَخۡلُقُكُمۡ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ خَلۡقٗا مِّنۢ بَعۡدِ خَلۡقٖ فِي ظُلُمَٰتٖ ثَلَٰثٖۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ لَهُ ٱلۡمُلۡكُۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُصۡرَفُونَ
6. Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занашро Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала[2267]дар даруни торикиҳои сегона[2268] офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто,ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?[2269]
[2267] Дар марҳалаи аввал онро ба шакли нутфа, сипас ба хуни баста, сипас ба гӯштпора, сипас дар ӯ устухон меофаринад ва онгоҳ бар устухонҳо гӯшт мепӯшонад.
[2268]Торикии шикам, торикии раҳм ва торикии бачадон
[2269]Тафсири ибни Касир 7\87
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Ayah: (6) Surah: Az-Zumar
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja - Translations’ Index

Translation of the Quran meanings into Tajik by Khawja Mirov Khawja. Corrected by supervision of Rowwad Translation Center. The original translation is available for suggestions, continuous evaluation and development.

close