Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja * - Translations’ Index


Translation of the meanings Ayah: (43) Surah: An-Nisā’
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡرَبُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنتُمۡ سُكَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَعۡلَمُواْ مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّىٰ تَغۡتَسِلُواْۚ وَإِن كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوۡ جَآءَ أَحَدٞ مِّنكُم مِّنَ ٱلۡغَآئِطِ أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَلَمۡ تَجِدُواْ مَآءٗ فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدٗا طَيِّبٗا فَٱمۡسَحُواْ بِوُجُوهِكُمۡ وَأَيۡدِيكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا
43. Эй касоне, ки имон овардед! Дар ҳоле ки маст ҳастед, дар намоз наистед, то вақте ки бидонед чи мегўед ва дар ҳоле, ки ҷунуб ҳастед, дар намоз наистед ва ба маконҳое (масҷидҳое), ки намоз гузорида мешавад, наздик машавед, магар касоне аз шумо, ки мехоҳанд аз яке аз дарҳои масҷид ворид шуда ва аз дари дигаре хориҷ шаванд, (яъне, роҳгузар бошед), то вақте ки таҳорат баргиред ва агар бемор бошед ё дар мусофират будед ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон омезиш кардед ва об наёфтед, таяммум кунед[341], пас рўй ва дастҳоятонро масҳ кунед. (Аллоҳ таяммумро барои бемор ба таври мутлақ, хоҳ об вуҷуд дошта бошад ё на, ҷоиз қарор дод. Иллати ҷоиз будани таямум барои дардманд беморӣ аст, ки аз истифодаи об, бемориаш бештар мешавад. Таяммумро дар сафар низ ҷоиз қарор додааст, зеро гумон меравад, ки дар сафар об ёфт нашавад. Ва ҳамчунин ҳар гоҳ инсон ба сабаби қазои ҳоҷат ё омезиш бо занон нопок шуд, агар обро наёфт, барояш ҷоиз аст таяммум кунад, хоҳ дар сафар бошад ё на, ҳамон тавр ки умуми оят бар ин матлаб далолат мекунад)[342]. Ҳамоно Аллоҳ авфкунанда ва омӯрзанда аст.
[341] Таяммум бо ҳар он чи ки аз сатҳи замин боло бошад ва ғубор дошта бошад ё на, хоҳ хок бошад, ё дарахт ё санг ё гиёҳ ба шарте, ки пок бошад, анҷом мешавад
[342] Тафсири Саъдӣ 1\179
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Ayah: (43) Surah: An-Nisā’
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja - Translations’ Index

Translation of the Quran meanings into Tajik by Khawja Mirov Khawja. Corrected by supervision of Rowwad Translation Center. The original translation is available for suggestions, continuous evaluation and development.

close