Check out the new design

Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir * - Translations’ Index


Translation of the meanings Surah: Qāf   Ayah:

Қоф

قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ
1. Қоф.[2644] Аллоҳ қасам ёд мекунад: Савганд ба ин Қуръони арҷманд!
[2644] Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
Arabic explanations of the Qur’an:
بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ
2. Балки дар таъаҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае ба сӯяшон омад ва он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки онҳоро аз азоби Аллоҳ бим мекард ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст.[2645]
[2645] Тафсири Саъдӣ 1\803
Arabic explanations of the Qur’an:
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ
3. Оё замоне, ки мурдему хок шудем, бори дигар ба зиндагӣ бармегардем? Чунин бозгашт аз ақл дур аст!»
Arabic explanations of the Qur’an:
قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ
4. Ҳақиқатан Мо медонем, ки замин чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад ва нобуд месозад . Ва китобе, ки ба номи Лавҳи Мафҳуз ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда, назди мост.
Arabic explanations of the Qur’an:
بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ
5. На! Балкион мушрикон сухани ростеро (яъне, Қуръон), кибар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас, дар кори парешонунобасомон афтоданд[2646].
[2646] Дар ҳеч гуфторашон устувор набуданд, гоҳе мегуфтанд: шоир аст, ё девона аст, ё соҳир аст.
Arabic explanations of the Qur’an:
أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ
6. Оё ин мункирони рӯзи баъс дар ғафлатанд: ба ин осмон, бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бе сутун бино кардаем ва онро бо ситораҳо оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест?[2647]
[2647] Тафсири Табарӣ 22\322
Arabic explanations of the Qur’an:
وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ
7. Ва заминро паҳн кардем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем, то устувору қарор гирад ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем.
Arabic explanations of the Qur’an:
تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ
8. Дар офариниши осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз нишонаҳои бузург, барои раҳнамоӣ ва панд додани ҳар бандаи тавбакунанда муқаррар доштем[2648].
[2648] Тафсири Саъдӣ 1\804
Arabic explanations of the Qur’an:
وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ
9. Ва аз осмон обе пурбаракат фиристодем. Пас, бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем.
Arabic explanations of the Qur’an:
وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ
10. Ва дарахтҳои хурмои баланд, ки хӯшаҳои барҳамчида доранд.
Arabic explanations of the Qur’an:
رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ
11. Ҳама ин чизҳоро рӯёнидем , то ризқи бандагон бошад ва ба он об сарзамини хушку бегиёҳи мурдаро зинда кардем. Баромадан (зинда шудан) аз гӯр низ чунин аст.
Arabic explanations of the Qur’an:
كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ
12. Пеш аз он мушрикони Қурайш қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас[2649] ва Самуд паёмбаронро дурӯғ шуморида буданд.
[2649] Соҳибони чоҳ аз қавми Шуъайб алайҳиссалом.
Arabic explanations of the Qur’an:
وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ
13. Ва ҳамчунин қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут.
Arabic explanations of the Qur’an:
وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ
14. Ва асҳоби Айка[2650] ва қавми Туббаъ[2651] ҳамагӣ паёмбаронро дурӯғгӯ шумурданд. Пас, сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд.[2652]
[2650] Соҳибони боғ аз қавми Шуъайб алайҳиссалом.
[2651] Қавми Туббаъ бутпараст буданд, Туббаъ худ марди солеҳ буд
[2652] Тафсири Табарӣ 22\338
Arabic explanations of the Qur’an:
أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ
15. Оё аз офариниши нахустин оҷизу нотавон шуда будем дар ҳоле ки чизе набуданд ? Балки, онҳо дар офариниши нав (яъне, баъд аз марг зинда шудан дар рӯзи қиёмат) дар шак ҳастанд.[2653]
[2653] Тафсири Саъдӣ 1\804
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Surah: Qāf
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik translation - Khoja Mirov Khoja Mir - Translations’ Index

Translated by Khoja Mirov Khoja Mir. Developed under the supervision of the Rowwad Translation Center. The original translation is available for the purpose of expressing an opinion, evaluation, and continuous development.

close