Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja * - Translations’ Index


Translation of the meanings Ayah: (23) Surah: Nūh
وَقَالُواْ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدّٗا وَلَا سُوَاعٗا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسۡرٗا
23. Ва гуфтанд: «Парастиши маъбудони худро, ба ҷои Аллоҳи ягонае, ки Нӯҳ ба сӯи он даъват мекунад, тарк накунед. Ва парастиши Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед![3008]»
[3008] Ин номи бутҳояшон буд, ки ба ҷои Аллоҳи ягона онҳоро парастиш мекарданд. Дар ҳақиқат номҳои мардони солеҳашон буд, пас ҳар вақте ки ин мардон фавтиданд, шайтон ба қавмҳои онҳо ваҳй кард, ки сурат ва ҳайкалҳои онҳоро бикашанд. Ва ҳар вақте ки ба суратҳо менигаранд, дар тоъат тезӣ мекунанд. Пас чун он қавм фавтиданд ва муддате гузашт ва қавми дигаре ба ҷои онҳо омад, шайтон ба онҳо васваса карда гуфт, ки гузаштагонатон сурат ва ҳайкалҳоро ибодат мекарданд ва бо воситаи онҳо таввасул меҷӯстанд ба даргоҳи Аллоҳ , Тафсири Саъдӣ 1/ 889 . Ин аст ҳикмат аз ҳаром будани ҳайкалҳо ва ҳаром аст биное афрохтан бар болои қабрҳо, зеро бо гузашти замон метавонад ибодатгоҳе шавад барои нодонон.
Arabic explanations of the Qur’an:
 
Translation of the meanings Ayah: (23) Surah: Nūh
Surahs’ Index Page Number
 
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja - Translations’ Index

Translation of the Quran meanings into Tajik by Khawja Mirov Khawja. Corrected by supervision of Rowwad Translation Center. The original translation is available for suggestions, continuous evaluation and development.

close