Check out the new design

ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر * - لیست ترجمه ها


ترجمهٔ معانی سوره: ص   آیه:
وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا بَٰطِلٗاۚ ذَٰلِكَ ظَنُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنَ ٱلنَّارِ
27.Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон , ки рӯзи қиёмат аз азоби оташ бархурдор мешаванд.
تفسیرهای عربی:
أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَٱلۡمُفۡسِدِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلۡمُتَّقِينَ كَٱلۡفُجَّارِ
28. Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад.[2248]
[2248] Тафсири Саъдӣ 1\712
تفسیرهای عربی:
كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ مُبَٰرَكٞ لِّيَدَّبَّرُوٓاْ ءَايَٰتِهِۦ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
29. Китобе аст пурбаракат, ки онро бар ту эй Расул нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва ба роҳнамоии он амал намоянд ва хирадмандон бояд аз он панд гиранд.
تفسیرهای عربی:
وَوَهَبۡنَا لِدَاوُۥدَ سُلَيۡمَٰنَۚ نِعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ
30. Мо Сулаймонро бар Довуд бахшидем. Чӣ бандаи некӯе буд ва албатта ӯ бисёр ба тоъат ва хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд.
تفسیرهای عربی:
إِذۡ عُرِضَ عَلَيۡهِ بِٱلۡعَشِيِّ ٱلصَّٰفِنَٰتُ ٱلۡجِيَادُ
31. Ба ёд биёвар он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезрав, ба ӯ нишон дода шуд.
تفسیرهای عربی:
فَقَالَ إِنِّيٓ أَحۡبَبۡتُ حُبَّ ٱلۡخَيۡرِ عَن ذِكۡرِ رَبِّي حَتَّىٰ تَوَارَتۡ بِٱلۡحِجَابِ
32. Пас гуфт Сулаймон: «ҳароина,ман чунон шефтаи меҳри аспон шудам, ки аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо шуд),
تفسیرهای عربی:
رُدُّوهَا عَلَيَّۖ فَطَفِقَ مَسۡحَۢا بِٱلسُّوقِ وَٱلۡأَعۡنَاقِ
33. он аспони нишондодаро назди ман бозгардонед ». Пас, шурӯъ ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои онҳо кард.[2249].
[2249] Тафсири Табарӣ 21/196
تفسیرهای عربی:
وَلَقَدۡ فَتَنَّا سُلَيۡمَٰنَ وَأَلۡقَيۡنَا عَلَىٰ كُرۡسِيِّهِۦ جَسَدٗا ثُمَّ أَنَابَ
34. Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯҷасадеро[2250] афкандем сипас ӯ рӯй ба Аллоҳ овард ва тавба кард.
[2250] Он ҷасад писарбачаи норасе буд, ки яке аз ҳамсаронаш ба дунё оварда буд. Ин дар он замоне буд, ки ӯ қасам хӯрда буд, ки ба ҳама ҳамсарони худ наздик шавад ва онҳо ҳар якеашон ҷанговаре таваллуд кунанд, то дар роҳи Аллоҳ биҷанганд, вале “иншо Аллоҳ” нагуфт. Магар онҳо якеашон писарбачаи норасое таваллуд кард.
تفسیرهای عربی:
قَالَ رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَهَبۡ لِي مُلۡكٗا لَّا يَنۢبَغِي لِأَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ
35. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро махсус мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳароина, ту бисёр бахшояндаӣ».
تفسیرهای عربی:
فَسَخَّرۡنَا لَهُ ٱلرِّيحَ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦ رُخَآءً حَيۡثُ أَصَابَ
36. Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо, ки мехост, ба фармони ӯ мерафт.
تفسیرهای عربی:
وَٱلشَّيَٰطِينَ كُلَّ بَنَّآءٖ وَغَوَّاصٖ
37. Ва низ шайтонҳоро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғавос[2251] роми ӯ кардем.
[2251] Яъне фурӯраванда буданд ба қаъри дарёву баҳрҳо барои берун овардани дурру марҷон
تفسیرهای عربی:
وَءَاخَرِينَ مُقَرَّنِينَ فِي ٱلۡأَصۡفَادِ
38. Ва низ гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.
تفسیرهای عربی:
هَٰذَا عَطَآؤُنَا فَٱمۡنُنۡ أَوۡ أَمۡسِكۡ بِغَيۡرِ حِسَابٖ
39.Ин мулк ва фармонравоии азим, атои беҳисоби Мост, ба ҳар кас хоҳӣонро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор , ки туро дар ин бора ҳисобу китоб карда намешавад.
تفسیرهای عربی:
وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلۡفَىٰ وَحُسۡنَ مَـَٔابٖ
40. Бегумон барои Сулаймон назди Мо дар охират наздикӣ ва бозгашти некӯст.
تفسیرهای عربی:
وَٱذۡكُرۡ عَبۡدَنَآ أَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بِنُصۡبٖ وَعَذَابٍ
41. Ва эй Расул аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳароина, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст.
تفسیرهای عربی:
ٱرۡكُضۡ بِرِجۡلِكَۖ هَٰذَا مُغۡتَسَلُۢ بَارِدٞ وَشَرَابٞ
42. Пас ба ӯ гуфтем: Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шифо, то ба он шустушӯй кунӣ ва сард аст барои нӯшидан[2252].
[2252] Аюб алайҳиссалом шустушуй кард ва нӯшид, дар ҳол аз тамоми дардҳои зоҳириву ботинӣ шифо ёфт. Тафсири Ибни Касир 7\74
تفسیرهای عربی:
 
ترجمهٔ معانی سوره: ص
فهرست سوره ها شماره صفحه
 
ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر - لیست ترجمه ها

مترجم: خوجه میروف خوجه میر. تحت نظارت مرکز ترجمه‌ى رواد توسعه‌ى يافته است، و ترجمه‌ى اصلى آن برای ارائه‌ى راى، ارزیابی و توسعه‌ى مستمر در دسترس می‌باشد.

بستن