Check out the new design

ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر * - لیست ترجمه ها


ترجمهٔ معانی سوره: احقاف   آیه:
۞ وَٱذۡكُرۡ أَخَا عَادٍ إِذۡ أَنذَرَ قَوۡمَهُۥ بِٱلۡأَحۡقَافِ وَقَدۡ خَلَتِ ٱلنُّذُرُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦٓ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
21. Ва ба ёд биёвар эй Паёмбар, бародари қавми Одро,[2574] ки чун қавми худро дар Аҳқоф[2575] аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.[2576]
[2574] Яъне, паёмбари Аллоҳ Ҳуд (алайҳис салом)ро, бародари насабӣ на динӣ
[2575] Яъне, ҷануби ҷазираи Арабистон (регистонҳои Яман). Тафсири Саъдӣ 1/782
[2576] Тафсири Табарӣ 22\125
تفسیرهای عربی:
قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِتَأۡفِكَنَا عَنۡ ءَالِهَتِنَا فَأۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
22. Қавми Ҳуд гуфтанд: «Оё омадаӣ, бо дурӯғҳоят то моро аз парастиши маъбудонамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда медиҳӣ, аз азоби бузург ба миён биёвар».
تفسیرهای عربی:
قَالَ إِنَّمَا ٱلۡعِلۡمُ عِندَ ٱللَّهِ وَأُبَلِّغُكُم مَّآ أُرۡسِلۡتُ بِهِۦ وَلَٰكِنِّيٓ أَرَىٰكُمۡ قَوۡمٗا تَجۡهَلُونَ
23. Гуфт (Ҳуд алайҳиссалом): Ин ваъдаи омадани азобро танҳо Аллоҳ медонад ва ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ва он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуми нодон ҳастед, дар талаб кардани азоб ва нофармонӣ карданатон ба Аллоҳ.
تفسیرهای عربی:
فَلَمَّا رَأَوۡهُ عَارِضٗا مُّسۡتَقۡبِلَ أَوۡدِيَتِهِمۡ قَالُواْ هَٰذَا عَارِضٞ مُّمۡطِرُنَاۚ بَلۡ هُوَ مَا ٱسۡتَعۡجَلۡتُم بِهِۦۖ رِيحٞ فِيهَا عَذَابٌ أَلِيمٞ
24. Пас чун қавми Ҳуд азобро дар ҳайати абре диданд, ки рӯй оваранда ба сӯи водиҳояшон, гуфтанд: Ин абрест, ки борон меорад ба мо. Пас гуфт Ҳуд алайҳиссалом ба онон: Не, балки ин ҳамон азобе аст, ки ба шитоб талаб намудед омадани онро. Ин бодест, ки дар он уқубату азоби дарднок аст.
تفسیرهای عربی:
تُدَمِّرُ كُلَّ شَيۡءِۭ بِأَمۡرِ رَبِّهَا فَأَصۡبَحُواْ لَا يُرَىٰٓ إِلَّا مَسَٰكِنُهُمۡۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
25. Бо фармон ва хоҳиши Парвардигораш ҳама чизро нобуд мекунад. Пас чунон шуданд, ки ҷуз хонаҳояшон чизи дигаре дида намешуд. Мо ин тавр гунаҳгоронро (ба сабаби туғёнашон) ҷазо медиҳем.[2577]
[2577] Ба сабаби гуноҳҳояшон. Тафсири Бағавӣ 7/ 263
تفسیرهای عربی:
وَلَقَدۡ مَكَّنَّٰهُمۡ فِيمَآ إِن مَّكَّنَّٰكُمۡ فِيهِ وَجَعَلۡنَا لَهُمۡ سَمۡعٗا وَأَبۡصَٰرٗا وَأَفۡـِٔدَةٗ فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُمۡ سَمۡعُهُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُهُمۡ وَلَآ أَفۡـِٔدَتُهُم مِّن شَيۡءٍ إِذۡ كَانُواْ يَجۡحَدُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
26. Ва ҳамоно ба қавми Од дар дунё чунон тавоноию қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем эй куффори Қурайш. Барояшон гӯши, шунаво то бишунаванд ва чашмҳои бино то бубинанд ва дилҳо то дарк кунанд, қарор дода будем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоидае накард[2578], чунки оёти Аллоҳро инкор мекарданд ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фаро гирифт.
[2578] Яъне, ин неъматҳоро дар роҳи гуноҳ ва ғазаби Аллоҳ истифода бурданд.
تفسیرهای عربی:
وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَا مَا حَوۡلَكُم مِّنَ ٱلۡقُرَىٰ وَصَرَّفۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
27. Ба таҳқиқ, Мо ҳамаи деҳаҳоеро[2579], ки дар атрофи шумо (эй аҳли Макка) буданд, ҳалок кардем ва Мо оёти худро ба суратҳои гуногун баён доштем, бошад, ки онҳо аз куфри худ баргарданд.
[2579]Деҳаҳои қавми Од ва Самуд.
تفسیرهای عربی:
فَلَوۡلَا نَصَرَهُمُ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ قُرۡبَانًا ءَالِهَةَۢۖ بَلۡ ضَلُّواْ عَنۡهُمۡۚ وَذَٰلِكَ إِفۡكُهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
28. Пас, чаро касонеро, ки ба ғайри Аллоҳ (барои наздикӣ ба Аллоҳи ягона) маъбуд гирифта буданд, ёриашон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд?[2580] Ин дурӯғ ва бофтаҳои онҳо буд, (яъне, ақида доштанд, ки бутҳо моро ба Аллоҳ наздик месозанд)![2581]
[2580]Яъне, аз онҳо пушту бонӣ накарданд ва ёриашон накарданд. Тафсири Саъдӣ 1/ 783
[2581] Тафсири Табарӣ 22\133
تفسیرهای عربی:
 
ترجمهٔ معانی سوره: احقاف
فهرست سوره ها شماره صفحه
 
ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر - لیست ترجمه ها

مترجم: خوجه میروف خوجه میر. تحت نظارت مرکز ترجمه‌ى رواد توسعه‌ى يافته است، و ترجمه‌ى اصلى آن برای ارائه‌ى راى، ارزیابی و توسعه‌ى مستمر در دسترس می‌باشد.

بستن