Check out the new design

ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر * - لیست ترجمه ها


ترجمهٔ معانی سوره: توبه   آیه:
رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ
87. Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон[926] бошанд, ба сабаби нифоқашон бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд ва намефаҳманд чӣ барояшон шоиста аст.[927]
[926] Аз зану кӯдакон ва дардмандон
[927] Тафсири ибни Касир 4\197
تفسیرهای عربی:
لَٰكِنِ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ جَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
88. Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон!
تفسیرهای عربی:
أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
89. Аллоҳ барояшон биҳиштҳое омода кардааст, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ин аст наҷоти бузург!
تفسیرهای عربی:
وَجَآءَ ٱلۡمُعَذِّرُونَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ لِيُؤۡذَنَ لَهُمۡ وَقَعَدَ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥۚ سَيُصِيبُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
90. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва аз сустӣ ва нотавонии худ узр пурсиданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Аллоҳу паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азоби дардовар хоҳад расид, дар дунё ба қатл ва дар охират ба оташ.
تفسیرهای عربی:
لَّيۡسَ عَلَى ٱلضُّعَفَآءِ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرۡضَىٰ وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُواْ لِلَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ مَا عَلَى ٱلۡمُحۡسِنِينَ مِن سَبِيلٖۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
91. Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хешро намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Аллоҳу паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Аллоҳ некӯкоронро бахшояндааст ва бо онон меҳрубон аст!
تفسیرهای عربی:
وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ إِذَا مَآ أَتَوۡكَ لِتَحۡمِلَهُمۡ قُلۡتَ لَآ أَجِدُ مَآ أَحۡمِلُكُمۡ عَلَيۡهِ تَوَلَّواْ وَّأَعۡيُنُهُمۡ تَفِيضُ مِنَ ٱلدَّمۡعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُواْ مَا يُنفِقُونَ
92. Ва низ гуноҳе нест бар онон, ки назди ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, то барои набардашон саворӣ диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки саворие надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ чизе наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд.
تفسیرهای عربی:
۞ إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ وَهُمۡ أَغۡنِيَآءُۚ رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
93. Хашму азоби Аллоҳ бар касонест, ки дар ҳолати тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва онон мунофиқонанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Аллоҳ дар дилҳояшон мӯҳр гузоштааст ва оқибати бадашонро намедонанд, бо он чи ки аз гуноҳҳо касб кардаанд.[928]
[928] Тафсири Саъдӣ 1\347
تفسیرهای عربی:
 
ترجمهٔ معانی سوره: توبه
فهرست سوره ها شماره صفحه
 
ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر - لیست ترجمه ها

مترجم: خوجه میروف خوجه میر. تحت نظارت مرکز ترجمه‌ى رواد توسعه‌ى يافته است، و ترجمه‌ى اصلى آن برای ارائه‌ى راى، ارزیابی و توسعه‌ى مستمر در دسترس می‌باشد.

بستن