3. Бо ин Қуръон, ки ба ту эй Расул ваҳй кардаем, беҳтарин қиссаҳоро ҳикоят мекунем ва туро бар онҳо хабардор месозем, ки ту пеш аз ин аз аҳволи қавмҳои гузашта аз бехабарон будӣ.
6. Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ !»[1125]
8. Он гоҳ, ки бародаронаш гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як гӯруҳи нерӯмандем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест[1126]»
[1126]Яъне, падарамон иштибоҳ мекунад бар ин ки ду нафарро бар даҳ нафар тарҷеҳ медиҳад. Тафсири Табарӣ 15\563
9. «Юсуфро бикушед ё дар сарзамини номаълуме биандозед, то таваҷҷӯҳи падар хоси шумо гардад ва аз он пас аз гуноҳатон пушаймонӣ карда, тавба мекунед мардуме шоиста ба шумор меоед, зеро, ки Аллоҳ тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд».[1127]
24. Ва ба таҳқиқ он зан қасдиӯ кард. Ва агар бурҳони[1136] Парвардигорашро намедид, ӯ низ қасди он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз ӯ дур созем. чункиЮсуф аз бандагони покиза ва ихтиёркардаи Мо буд!
33. Гуфт Юсуф паноҳҷуёна аз шарри занон: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон маҳбубтар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям.
34. Пас, Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Аллоҳ ба дуъои Юсуф ва дуъои ҳар як дуъокунанда шунаво аст ва ба он чи ки Юсуф ва ҷамиъи бандагонаш ба он эҳтиёҷ доранд ва барояшон шоиста аст, доност![1142]
36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ.[1145]
45. Ва яке[1149] аз он ду ҷавони дар зиндон буда, ки аз қатл наҷот ёфта буд ва пас аз муддате хоҳиши Юсуф ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди Юсуф бифиристед».[1150]
47. Юсуф ба пурсандаи хоби подшоҳ гуфт: Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият кишт кунед ва ҳар чӣ ки медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, боқимондаро бо хӯша анбор кунед, то замоне бисёр истад ва зуд вайрон нашавад.[1152]
52. Зани Азиз гуфт: Ин ҳама барои он аст, ки то бидонад Азиз, ки ман ғоибона хиёнати ӯ накардаам ва аз ман кори зиште содир нашудааст ва ҳамоно, Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.[1156]
54. Ва подшоҳ гуфт: «Юсуфро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ».
59. Ва Юсуф[1160] чун борҳояшонро як шутур бор аз таъом ва ғалла муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
[1160][1160] Юсуф кори худ номаълум карда онҳоро битарсонид ва гуфт шумо ҷосусонед! Гуфтанд: мо аз замини Канъонем. Ёздаҳ бародар, аз зодагони паёмбарон Иброҳиму Исҳоқу Яъқубем. Юсуф гуфт: агар ёздаҳ бародаред, чаро даҳ нафар омадед? Пас аз онҳо талаб кард, ки бародарашонро низ биёранд, то аз баҳри вай ҳам як хирвор гандум бидиҳад. Тафсири Бағавӣ 4\255
67. Ва гуфт падарашон: «Эй писарони ман, чун ба Миср расидед, аз як дарвоза дохил нашавед, аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед, то захми чашм нарасад бар шумо. Ва наметавонам чизеро ки Аллоҳ бар шумо муқаррар кардааст аз шумо дур кунам ва ҳеҷ фармоне ҷуз фармони Аллоҳ нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккал кунанд».[1165]
72. Гуфтанд: « Зарфи подшоҳро, ки бо он паймона мекард[1169], гум кардаем. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро мукофотест як бори шутур ва гуфт нидокунанда ман ба ин ваъда зоминам».[1170]
77. Гуфтанд (бародаронаш): «Мумкин аст агар ӯ дуздӣ кунад, чунки бародараш (яъне Юсуф) низ пеш аз ин дуздӣ кардааст». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳоре накард ва гуфт дар дили худ): «Шумо мақоми бадтаре доред ва Аллоҳ ба он чи ки баён мекунед, донотар аст!»[1174]
84. Яъқуб рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй вой бар андӯҳи ман, бар дурӣ аз Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мебурд.
102. Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар (бародарони Юсуф) гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва найранг[1190] месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!
[1190] Яъне Юсуфро бо роҳи найранг ба саҳро бурда ва ӯро дар чоҳ меандозанд. Тафсири Бағавӣ 4/ 282
105. Чӣ бисёр нишонаҳое[1192] аст, ки далолат мекунанд ҳама ба ягонагии Аллоҳ дар осмонҳову замин, ки аз канори он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанду ва панду ибрате намегиранд!
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Njeñtudi wiɗto ngoo:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".