Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Firo taajikeewo - kuuja mayroof * - Tippudi firooji ɗii


Firo maanaaji Simoore: Simoore Qaaf   Aaya:

Сураи Қоф

قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ
1. Қоф.[2644] Аллоҳ қасам ёд мекунад: Савганд ба ин Қуръони арҷманд!
[2644] Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
Faccirooji aarabeeji:
بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ
2. Балки дар таъаҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае ба сӯяшон омад ва он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки онҳоро аз азоби Аллоҳ бим мекард ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст.[2645]
[2645] Тафсири Саъдӣ 1\803
Faccirooji aarabeeji:
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ
3. Оё замоне, ки мурдему хок шудем, бори дигар ба зиндагӣ бармегардем? Чунин бозгашт аз ақл дур аст!»
Faccirooji aarabeeji:
قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ
4. Ҳақиқатан Мо медонем, ки замин чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад ва нобуд месозад . Ва китобе, ки ба номи Лавҳи Мафҳуз ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда, назди мост.
Faccirooji aarabeeji:
بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ
5. На! Балкион мушрикон сухани ростеро (яъне, Қуръон), кибар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас, дар кори парешонунобасомон афтоданд[2646].
[2646] Дар ҳеч гуфторашон устувор набуданд, гоҳе мегуфтанд: шоир аст, ё девона аст, ё соҳир аст.
Faccirooji aarabeeji:
أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ
6. Оё ин мункирони рӯзи баъс дар ғафлатанд: ба ин осмон, бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бе сутун бино кардаем ва онро бо ситораҳо оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест?[2647]
[2647] Тафсири Табарӣ 22\322
Faccirooji aarabeeji:
وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ
7. Ва заминро паҳн кардем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем, то устувору қарор гирад ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем.
Faccirooji aarabeeji:
تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ
8. Дар офариниши осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз нишонаҳои бузург, барои раҳнамоӣ ва панд додани ҳар бандаи тавбакунанда муқаррар доштем[2648].
[2648] Тафсири Саъдӣ 1\804
Faccirooji aarabeeji:
وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ
9. Ва аз осмон обе пурбаракат фиристодем. Пас, бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем.
Faccirooji aarabeeji:
وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ
10. Ва дарахтҳои хурмои баланд, ки хӯшаҳои барҳамчида доранд.
Faccirooji aarabeeji:
رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ
11. Ҳама ин чизҳоро рӯёнидем , то ризқи бандагон бошад ва ба он об сарзамини хушку бегиёҳи мурдаро зинда кардем. Баромадан (зинда шудан) аз гӯр низ чунин аст.
Faccirooji aarabeeji:
كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ
12. Пеш аз он мушрикони Қурайш қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас[2649] ва Самуд паёмбаронро дурӯғ шуморида буданд.
[2649] Соҳибони чоҳ аз қавми Шуъайб алайҳиссалом.
Faccirooji aarabeeji:
وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ
13. Ва ҳамчунин қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут.
Faccirooji aarabeeji:
وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ
14. Ва асҳоби Айка[2650] ва қавми Туббаъ[2651] ҳамагӣ паёмбаронро дурӯғгӯ шумурданд. Пас, сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд.[2652]
[2650] Соҳибони боғ аз қавми Шуъайб алайҳиссалом.
[2651] Қавми Туббаъ бутпараст буданд, Туббаъ худ марди солеҳ буд
[2652] Тафсири Табарӣ 22\338
Faccirooji aarabeeji:
أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ
15. Оё аз офариниши нахустин оҷизу нотавон шуда будем дар ҳоле ки чизе набуданд ? Балки, онҳо дар офариниши нав (яъне, баъд аз марг зинда шудан дар рӯзи қиёмат) дар шак ҳастанд.[2653]
[2653] Тафсири Саъдӣ 1\804
Faccirooji aarabeeji:
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ
16. Ва ҳароина, Мо одамиро офаридаем ва медонем он чиро ки нафсаш ба ӯ васваса мекунад, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем.
Faccirooji aarabeeji:
إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ
17. Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Пас фариштае, ки аз ҷониби рост аст амалҳои хубро менависад ва дигаре аз ҷониби чап аст, амалҳои бадро менависад.[2654]
[2654] Тафсири Бағавӣ 7\358
Faccirooji aarabeeji:
مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ
18.Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.
Faccirooji aarabeeji:
وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ
19.Ваба ростӣ, ки беҳушии сахтии марг фаро расид. Эй инсон, ин ҳамон марг аст он чӣ аз он мегурехтӣ.
Faccirooji aarabeeji:
وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ
20.ва дар сур бори дуввум дамида мешавад. Ин ҳамон рӯз аст, рӯзи ваъдаи азоб аст, ки Аллоҳ ба кофирон бим карда буд![2655]
[2655]Тафсири Бағавӣ 7\360
Faccirooji aarabeeji:
وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ
21. Ҳар касе дар рӯзи маҳшар меояд ва ҳамроҳ бо ӯ фариштае ронандааст, ки ӯро ба сӯи маҳшар меронад ва фариштае, гувоҳидиҳандааст ва барои кори неку бадаш гувоҳӣ медиҳад.[2656]
[2656]Тафсири ибни Касир 7\401
Faccirooji aarabeeji:
لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞ
22. Эй инсон , ба дурустӣ, ту аз ин рӯзи сахт ғофил будӣ. Мо парда аз дидаи ту бардоштем, ғафлат аз ту дур шуд ва имрӯз аз он чи мебинӣ , чашмонат тезбин шудааст.[2657]
[2657]Тафсири Бағавӣ 7\360
Faccirooji aarabeeji:
وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ
23. Ва ҳамроҳаш фариштаи нависандаи амалҳои ӯ гӯяд: «Ин девони амали ӯ аст он чӣ ман омода кардаам».[2658]
[2658]Тафсири ибни Касир 7\402
Faccirooji aarabeeji:
أَلۡقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٖ
24. Аллоҳ барои ҳар ду фаришта яке ронанда ва дигаре гувоҳидиҳанда, мефармояд: Ҳар носипоси саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед;
Faccirooji aarabeeji:
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٖ مُّرِيبٍ
25. он: ҳар боздорандаи хайр, таҷовузкори шакковардаеро,
Faccirooji aarabeeji:
ٱلَّذِي جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلۡقِيَاهُ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ
26.он касе, ки бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигаре қарор додааст. Пас, ӯро ба азоби сахти дӯзах бияндозед!
Faccirooji aarabeeji:
۞ قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطۡغَيۡتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٖ
27. Ҳамнишини ӯ (шайтоне, ки дар дунё бо ӯ буд), бигӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ сахт дар гумроҳӣ буд».
Faccirooji aarabeeji:
قَالَ لَا تَخۡتَصِمُواْ لَدَيَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ إِلَيۡكُم بِٱلۡوَعِيدِ
28. Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Назди Ман имрӯз, ки рӯзи ҷазо аст , муҷодала макунед. Ман пеш аз ин дар дунё бо шумо ҳушдор фиристонда будам.
Faccirooji aarabeeji:
مَا يُبَدَّلُ ٱلۡقَوۡلُ لَدَيَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ
29.Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва касеро бо гуноҳи касе азоб намекунам. Ва Ман ба бандагон ситам намекунам, магар баъд аз он, ки ҳуҷҷат барояшон равшан шавад[2659]».
[2659]Тафсири ибни Касир 7\403
Faccirooji aarabeeji:
يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ
30. Ба ёд ор эй Расул, рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Дӯзах мегӯяд: «Ҳеҷ зиёдатӣ аз ин ҳаст?» Пас Аллоҳ қадами худро бар рӯи ҷаҳаннам мегузорад, он гоҳ ҷаҳанам фушурда мегардад ва мегӯяд бас аст, бас аст.[2660]
[2660] Тафсири Саъдӣ 1\806
Faccirooji aarabeeji:
وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ غَيۡرَ بَعِيدٍ
31. Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд ва аз онон дур нахоҳад буд, тавре ки неъматҳои шодӣ ва хурсандие, ки дар он ҳаст, мушоҳида мегардад.[2661]
[2661] Тафсири Саъдӣ 1\806
Faccirooji aarabeeji:
هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٖ
32. Барояшон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунандаи аз гуноҳон парҳезгоре, ки бо фарзҳову тоъатҳои Парвардигораш муҳофизат дорад, ваъда дода мешуд.
Faccirooji aarabeeji:
مَّنۡ خَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِ وَجَآءَ بِقَلۡبٖ مُّنِيبٍ
33. Ҳамон касе, ки дар пинҳонӣ аз Аллоҳи меҳрубон битарсад ва бо дили тавбакор пеш ояд.[2662]
[2662] Тафсири Табарӣ 22\363
Faccirooji aarabeeji:
ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٖۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُلُودِ
34. Барои ин мӯъминон гӯянд: «Ба саломат дохили биҳишт шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».
Faccirooji aarabeeji:
لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيدٞ
35. Дар он ҷо барои он мӯъминон ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва афзун бар он назди Мо неъматҳои дигаре вуҷуд дорад ва он нигаристан ба дидори Парвардигор аст.
Faccirooji aarabeeji:
وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَشَدُّ مِنۡهُم بَطۡشٗا فَنَقَّبُواْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ هَلۡ مِن مَّحِيصٍ
36. Ва пеш аз он мушрикон чӣ мардумеро, ки нерӯмандтар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардем. Оё аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе ҳаст?
Faccirooji aarabeeji:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ
37. Ҳароина, дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш фаро медоранд, андарз ва пандест.
Faccirooji aarabeeji:
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٖ
38. Албатта Мо осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, аз ҳар гуна махлуқот дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ва мондагӣ ба Мо нарасид. Ин қудрати бузург далолат бар он мекунад, ки Аллоҳ таъоло бар зинда кардани мурдагон низ тавоност.[2663]
[2663]Тафсири ибни Касир 7\409
Faccirooji aarabeeji:
فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ ٱلۡغُرُوبِ
39. Пас бар он чи мегӯянд сабр кун эй Паёмбар, зеро Аллоҳ ба гуфтаҳояшон назар дорад ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он Парвардигоратро бо ситоиш тасбеҳ гӯй.
Faccirooji aarabeeji:
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَأَدۡبَٰرَ ٱلسُّجُودِ
40. Ва низ дар қисмате аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй.[2664]
[2664]Тафсири Табарӣ 22\376
Faccirooji aarabeeji:
وَٱسۡتَمِعۡ يَوۡمَ يُنَادِ ٱلۡمُنَادِ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ
41. Ва эй Расул бишнав! Рӯзе, ки фаришта аз макони наздике дар сур нидо медиҳад.
Faccirooji aarabeeji:
يَوۡمَ يَسۡمَعُونَ ٱلصَّيۡحَةَ بِٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُرُوجِ
42. Рӯзе, ки он овози сахтро[2665] ба ҳақ мешунаванд ва дар он ҳеҷ шакке нест , он рӯзи берун шудан аз гӯр аст.
[2665]Фарёди растохез
Faccirooji aarabeeji:
إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَإِلَيۡنَا ٱلۡمَصِيرُ
43. Ҳароина, Мо зинда мекунем халқро ва дар дунё мемиронем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ба сӯйи Мост.
Faccirooji aarabeeji:
يَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلۡأَرۡضُ عَنۡهُمۡ سِرَاعٗاۚ ذَٰلِكَ حَشۡرٌ عَلَيۡنَا يَسِيرٞ
44. Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин гирдоварӣ барои Мо осон аст.[2666]
[2666]Тафсири Табарӣ 22\383
Faccirooji aarabeeji:
نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِجَبَّارٖۖ فَذَكِّرۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ
45. Мо ба он чӣ мегӯянд, ин мушрикон аз сухани бардурӯғ бофтан ба Аллоҳ ва оёти Ӯ донотарем ва ту ба онҳо маъмур (маҷбуркунанда) нестӣ. Ба ростӣ, ки ту расонандаи паёми илоҳӣ ҳастӣ. Пас, ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ! Ва он касе, ки аз Мо наметарсад, панд барояш таъсир намебахшад.[2667]
[2667]Тафсири Саъдӣ 1\807
Faccirooji aarabeeji:
 
Firo maanaaji Simoore: Simoore Qaaf
Tippudi cimooje Tonngoode hello ngoo
 
Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Firo taajikeewo - kuuja mayroof - Tippudi firooji ɗii

Firo maanaaji al-quraan fayde e ɗemngal tannji, firi ɗum ko kuuja miirof kuuja miir. Ngo feewnitaama e njiimaandi hentorde kanngameeji firo, ina newnaa ƴellitaade e firo asliiwo ngo, ngam hollirde yiyannde e horde e ƴellito duumiingo.

Uddude