Check out the new design

Traduction des sens du Noble Coran - La traduction tadjike - Khawja Mîrov Khawja Mîr * - Lexique des traductions


Traduction des sens Sourate: Fâtir   Verset:
وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡبَحۡرَانِ هَٰذَا عَذۡبٞ فُرَاتٞ سَآئِغٞ شَرَابُهُۥ وَهَٰذَا مِلۡحٌ أُجَاجٞۖ وَمِن كُلّٖ تَأۡكُلُونَ لَحۡمٗا طَرِيّٗا وَتَسۡتَخۡرِجُونَ حِلۡيَةٗ تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ فِيهِ مَوَاخِرَ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
12. Ин ду баҳр баробар нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳарду гӯшти (моҳӣ)тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани хеш (аз дурру марҷон) берун мекашед ва мебинӣ киштиҳоро барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва ғанимат, ки обро мешикофанд ва пеш мараванд, то шумо аз фазли Аллоҳ ризқу рӯзӣ талабед ва бошад, ки сипосгузор бошед![2134]
[2134] Тафсири Бағавӣ 6\417
Les exégèses en arabe:
يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ لَهُ ٱلۡمُلۡكُۚ وَٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ مَا يَمۡلِكُونَ مِن قِطۡمِيرٍ
13. Аллоҳ аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар яке то замоне муайян дар ҳаракатанд. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ маъбуди хеш мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.
Les exégèses en arabe:
إِن تَدۡعُوهُمۡ لَا يَسۡمَعُواْ دُعَآءَكُمۡ وَلَوۡ سَمِعُواْ مَا ٱسۡتَجَابُواْ لَكُمۡۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكۡفُرُونَ بِشِرۡكِكُمۡۚ وَلَا يُنَبِّئُكَ مِثۡلُ خَبِيرٖ
14. Эй мардум, агар он маъбудони ботилро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, ҷавобатон намегӯянд ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор мекунанд ва ҳеҷ кас монанди Аллоҳ туро огоҳу бохабар насозад!
Les exégèses en arabe:
۞ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ أَنتُمُ ٱلۡفُقَرَآءُ إِلَى ٱللَّهِۖ وَٱللَّهُ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ
15. Эй мардум, шумо дар ҳамаи чиз ба Аллоҳ мӯҳтоҷед. Ӯ аз ҳамаи махлуқоташ бениёз аст ва дар зот ва номҳояш ситоиш карда шудааст.
Les exégèses en arabe:
إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَأۡتِ بِخَلۡقٖ جَدِيدٖ
16. Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуми дигареро меоварад, ҷойгузини шумо месозад, ки ӯро бо ягонагӣ парастиш мекунанд[2135].
[2135] Тафсири Табарӣ 20\454
Les exégèses en arabe:
وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٖ
17. Ва ин кор бар Аллоҳ душвор нест.
Les exégèses en arabe:
وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ وَإِن تَدۡعُ مُثۡقَلَةٌ إِلَىٰ حِمۡلِهَا لَا يُحۡمَلۡ مِنۡهُ شَيۡءٞ وَلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبَىٰٓۗ إِنَّمَا تُنذِرُ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَۚ وَمَن تَزَكَّىٰ فَإِنَّمَا يَتَزَكَّىٰ لِنَفۡسِهِۦۚ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلۡمَصِيرُ
18. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар шахси гаронборе касеро барои бардоштани бори гуноҳи худ талаб кунад, чизе аз он бори гуноҳ бардошта намешавад, ҳарчанд аз хешованди наздики ӯ бошад. Ҳароина, ту фақат касонеро метарсонӣ, ки Парвардигорашонро нодида метарсанд ва намози фарзшударо дар вақташ мегузоранд. Ҳар кӣ аз ширк пок шавад ва тақво пеша кунад, албатта, барои худ пок шудааст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст ва ҳар якеро мувофиқи кирдорашон ҷазои муносиб хоҳад дод.[2136]
[2136] Тафсири Табарӣ 20\456
Les exégèses en arabe:
 
Traduction des sens Sourate: Fâtir
Lexique des sourates Numéro de la page
 
Traduction des sens du Noble Coran - La traduction tadjike - Khawja Mîrov Khawja Mîr - Lexique des traductions

Traduit par Khûjah Mîrov Khûjah Mîr. Développement achevé sous la supervision du Centre Rouwwâd At-Tarjamah (Les Pionniers de la Traduction). La traduction originale peut-être consultée en vue de donner une opinion, une évaluation et dans le cadre du développement continu.

Fermeture