Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr * - Lexique des traductions


Traduction des sens Verset: (2) Sourate: AL-MÂÏDAH
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحِلُّواْ شَعَٰٓئِرَ ٱللَّهِ وَلَا ٱلشَّهۡرَ ٱلۡحَرَامَ وَلَا ٱلۡهَدۡيَ وَلَا ٱلۡقَلَٰٓئِدَ وَلَآ ءَآمِّينَ ٱلۡبَيۡتَ ٱلۡحَرَامَ يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّهِمۡ وَرِضۡوَٰنٗاۚ وَإِذَا حَلَلۡتُمۡ فَٱصۡطَادُواْۚ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ أَن صَدُّوكُمۡ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ أَن تَعۡتَدُواْۘ وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
2. Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром[432] ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор[433] ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рўзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред. Ва дар некўкорӣ[434] ва тақво[435] ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад.[436]
[432]Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа.Ҷумҳури уламо бар ин бовар ҳастанд, ки манъшудани ҷанг дар моҳҳои ҳаром бо ояти 5- уми сураи Тавба мансух гардидааст,
[433]Яъне қурбоние, ки дар гарданашон занҷир ё гарданбанд ё чизи дигаре овехта шудааст, то маълум шавад, ки ин мол махсус барои қурбонӣ аст
[434] Яъне, номест, дарбаргирандаи тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Парвардигор онҳоро дўст медорад ва меписандад.
[435] Ва “Тақво” дар инҷо номе аст, ки дарбаргирандаи тарки тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Аллоҳ ва расулаш онҳоро дўст намедоранд.
[436] Тафсири Саъдӣ 1/ 218 /219
Les exégèses en arabe:
 
Traduction des sens Verset: (2) Sourate: AL-MÂÏDAH
Lexique des sourates Numéro de la page
 
Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr - Lexique des traductions

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Fermeture