Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr * - Lexique des traductions


Traduction des sens Verset: (8) Sourate: AL-MOUJÂDALAH
أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نُهُواْ عَنِ ٱلنَّجۡوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ وَيَتَنَٰجَوۡنَ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِۖ وَإِذَا جَآءُوكَ حَيَّوۡكَ بِمَا لَمۡ يُحَيِّكَ بِهِ ٱللَّهُ وَيَقُولُونَ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ لَوۡلَا يُعَذِّبُنَا ٱللَّهُ بِمَا نَقُولُۚ حَسۡبُهُمۡ جَهَنَّمُ يَصۡلَوۡنَهَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
8. Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво[2839], ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст[2840] ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Ҷаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест![2841]
[2839] Яъне, роз, сухани махфӣ; суханони бадеро, ки дар миёни ҳам ба саргӯшӣ ва розгӯӣ пардохта ва бо чашму абрӯ ишора намуда ва ба ғайбат ва озор додани мӯъминон саъю кӯшиш мекунанд
[2840] Яъне, мегуфтанд: Ассому алайка яъне, марг бар ту.
[2841] Тафсири Бағавӣ 8/ 55
Les exégèses en arabe:
 
Traduction des sens Verset: (8) Sourate: AL-MOUJÂDALAH
Lexique des sourates Numéro de la page
 
Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr - Lexique des traductions

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Fermeture