Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr * - Lexique des traductions


Traduction des sens Verset: (4) Sourate: AL-MOUMTAHANAH
قَدۡ كَانَتۡ لَكُمۡ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ فِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ إِذۡ قَالُواْ لِقَوۡمِهِمۡ إِنَّا بُرَءَٰٓؤُاْ مِنكُمۡ وَمِمَّا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ كَفَرۡنَا بِكُمۡ وَبَدَا بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةُ وَٱلۡبَغۡضَآءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَحۡدَهُۥٓ إِلَّا قَوۡلَ إِبۡرَٰهِيمَ لِأَبِيهِ لَأَسۡتَغۡفِرَنَّ لَكَ وَمَآ أَمۡلِكُ لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۖ رَّبَّنَا عَلَيۡكَ تَوَكَّلۡنَا وَإِلَيۡكَ أَنَبۡنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ
4. Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ аз мӯъминон буданд, сармашқи некӯест. Онгоҳ ба қавмашон гуфтанд: "Ҳароина, мо аз шумо безор ва дур ҳастем ва аз он чи ғайри Аллоҳ мепарстед аз ширку бутҳоятон ба шумо кофир ва мункир шудаем ва миёни мо ва миёни шумо ба таври ҳамеша душманӣ ва кина падид омад, модоме, ки бар куфри худ пойдоред, то ба вақте ки фақат ба Аллоҳ имон оваред," магар дар ин сухани Иброҳим[2874] ба падараш, (Озар гуфт,) ки ҳатман барои ту омӯрзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ барои ту ихтиёри чизеро надорам: Парвардигоро! Бар Ту таваккал кардаем ва ба Ту рӯй овардаем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Туст[2875].
[2874]Яъне, омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш барои мӯъминон сармашқи некӯ нест ва ба ин сухани вай иқтидо кардан дуруст нест, зеро омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш бинобар ваъдае буд, ки ӯ ба падараш дода буд, (аммо чун барои Иброҳим равшан шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз вай безорӣҷуст). Сураи Тавба ояти 114
[2875] Тафсири Саъдӣ 1\854
Les exégèses en arabe:
 
Traduction des sens Verset: (4) Sourate: AL-MOUMTAHANAH
Lexique des sourates Numéro de la page
 
Traduction des sens du Noble Coran - Traduction en tadjik - Khawja Mirov Khawja Mîr - Lexique des traductions

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Fermeture